Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азия-Плюс": Се марзбони тоҷик кушта шудаанд. Мақомот: Чизе гуфта наметавонем


Тибқи хабарҳои тасдиқношуда дар муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик кушта шудаанд. Қирғизистон аз марги як сарбозаш хабар дод. Муноқиша дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ҳаммарз бо Қирғизистон шаби 16-уми сентябр рух дод.

Мақомоти Қирғизистон баъди сар задани ҳодиса фавран аз марги як марзбонашон хабар дода, ҷониби Тоҷикистонро дар оташкушоӣ муттаҳам карданд. Аммо Хадамоти марзбонии Тоҷикистон баръакс Қирғизистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор кард ва аз ҳеч гуна талафоти ҷонӣ хабар надод.

Манобеи хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, дар ҳодисаи тирпарронии шаби гузашта се марзбони тоҷик кушта шудаанд. Хабаргузорӣ номи ҳалокшудагонро подполковник Рустам Убайдуллоев, сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов нашр кард. Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратӣ ин хабарро тасдиқ кард, вале мақомоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон онро тасдиқ ё рад накарданд. Сухангӯи ин ниҳод гуфт, "феълан дар ин бора ҳеҷ чиз гуфта наметавонам".

Ҳарчанд мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар бораи ҳалокати се марзбони тоҷик дар муноқишаи ахир расман иттилоъ намедиҳанд, аммо мақомот дар маҳалҳо мегӯянд, мунтазири овардани ҷасадҳо ҳастанд.

Илҳом Тағоев, котиби ҷамоати шаҳраки "Киров"-и ноҳияи Вахш рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо хабар додаанд, ки Рамазон Исмоилов, сокини ин ноҳия ва сарбози неруҳои марзбонӣ тир хӯрдааст ва ҷасадашро бояд ба деҳа оранд.

Исмоил Эшонқулов, раиси ҷамоати "Турсун Туйчиев" -и шаҳри Турсунзода ҳам гуфт, мунтазири овардани ҷасади Ғиёсидин Суванов, сарбози қушунҳои сарҳадӣ ҳастанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҷамоати Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор низ омодагиҳо барои дафни подполковник Рустам Убайдуллоев идома дорад.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҷасади се марзбон бояд соатҳои наздик ба наздиконашон супурда шавад.

Дар як навори ирсолкардаи корбарони Радиои Озодӣ ҳам дида мешавад, ки сарбозе бо либоси марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст. Аммо имкони озмоиши ҳақиқати ин навор аз тарафи муаллиф ё манобеи дигар дастрас нест.

Масъулони ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, хабари ҳалокати марзбонони тоҷикро онҳо низ шунидаанд, вале онро тасдиқ карда наметавонанд. Рушан нест, агар низомиёни тоҷик, тавре ки "Азия-Плюс" ному рутбаи ҳарбии онҳро мунташир кардааст, кушта шудаанд, ба кадом сабаб мақомоти Тоҷикистон ин хабарро шарҳ намедиҳанд.

Ба телефони Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ёрдамчии ӯ посух дода гуфт, Аҳмадзода "ба ҷойи ҳодиса омада мулоқот дорад". Талошҳои мо барои суҳбат бо Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва масъули гуфтушуниди масоили марзӣ бо Қирғизистон бенатиҷа буд. Ҷаноби Азим Иброҳим ба зангҳои мо посух надод.

Бо ин вазъ мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд, вале гуфтанд, тирандозӣ хотима ёфтааст ва ду тараф барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани муноқиша талош доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

"Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
XS
SM
MD
LG