Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври понздаҳуми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми чоршанбеи 18-уми сентябр ба поён расид. Аз чаҳор бозӣ дар дутоаш мизбонон ва дар яктоаш меҳмонон пирӯз шуданд, як дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Дар бозии марказии даври понздаҳум "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ "Кӯктош"-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Зимнан, дар ин бозӣ "Кӯктош" бо раҳбарии сармураббии нави даста Ҳикматулло Шарипов, ки дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз намуд, ба майдон омад.

Фузайлов бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод. Шарипов аз ин пеш сармураббии дастаи "Душанбе-83" буд, ки дар лигаи аввали футболи Тоҷикистон иштирок менамояд.

Дар даври гузашта "Истиқлол"-и Душанбе бозиро дар меҳмонӣ бо "Хатлон"-и Бохтар бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

ССКА "Помир"-и Душанбе баъди силсилаи пирӯзиҳо дар меҳмонӣ аз "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

"Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар майдони худ "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври понздаҳуми мусобиқот дар ҷадвал "Истиқлол" бо 39 имтиёз дар ҷойи аввал аст. "Хуҷанд" бо 23 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. "Регар-ТадАЗ” бо 22 имтиёз ҷойи севумро касб намудааст.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

"Хатлон" – "Истиқлол" – 2:2

"Истаравшан" – ССКА "Помир" – 1:0

"Кӯктош" – "Хуҷанд" – 2:3

"Регар-ТадАЗ" – "Панҷшер" – 6:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

"Истиқлол" (Душанбе)

15

12

3

0

43-11

39

2

"Хуҷанд" (Хуҷанд)

14

7

2

5

25-16

23

3

"Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)

15

6

4

5

28-23

22

4

"Кӯктош" (Рӯдакӣ)

15

5

4

6

22-22

19

5

"Хатлон" (Бохтар)

15

5

4

6

18-21

19

6

ССКА "Помир" (Душанбе)

15

5

3

7

15-21

18

7

"Истаравшан" (Истаравшан)

14

5

2

7

13-21

17

8

"Панҷшер" (Ҷалолиддини Балхӣ)

15

2

2

11

11-40

8

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG