Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори муҳоҷирон аз боздоштгоҳи номаълум дар Русия таҳқиқ мешавад


Мақомоти тоҷик мегӯянд, навореро таҳқиқ доранд, ки зоҳиран шароити сахти буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар як боздоштгоҳи Русияро намоиш медиҳад.

Дар як наворе, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, марде бо навор бардоштани ҳамроҳонаш иддао мекунад, ки дар боздоштгоҳи махсус дар Русия ҳастанд. Ӯ ҷойи хоб ва шароити зисти муҳоҷиронро нишон медиҳад ва аз раҳбарони Тоҷикистон кӯмак мепурсад.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангуи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили пайдо кардани боздоштгоҳ дар он аст, ки соҳиби навор аз он ном намебарад.

Дар навор дида мешавад, ки муҳоҷирон рӯйи фарши бетонӣ ва катҳо, ки рахти хоб надоранд, нишастаанд.

“Мутаасифона, макони сабти навор, номи шаҳрвандон дар навор гуфта намешавад. Дар навор нафаре бо забони тоҷикӣ шароити боздоштгоҳро нишон медиҳад ва кӯмак мепурсад, вале намегӯяд, ки ба кӣ ва дар куҷо кӯмак бояд шавад. Мо ҳоло аз роҳҳои худ талош дорем, ки боздоштгоҳро пайдо кунем ва ба шаҳрвандони кишвари худамон кӯмак расонем”,--гуфт Аҳмадӣ.

Ҳар ҳафта даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо баҳонаи надоштани санади корӣ дар Русия боздошт мешаванд. То анҷоми тафтиш онҳоро дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд ва баъдан, аз Русия ихроҷ мекунанд.

Дар панҷ соли ахир бештар аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудааст ва ҳоло ҳақи сафар ба ин кишварро надоранд.

XS
SM
MD
LG