Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як имтиёз то роҳхати наврасони тоҷик ба қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии сеумаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби наврасони Непалро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Ин бозии даври чаҳоруми гурӯҳи “А” шоми ҷумъаи 20-уми сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад, доир гардид. Муҳаммадворис Сайдалиев се гол, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Хуршед Давлатзода ва Муҷовид Шовайсуддинов якголӣ ба самар расониданд.

Дар бозии дигари даври чаҳорум дар гурӯҳи “А”, ки шаби ҷумъа доир шуд, дастаи мизбон – Урдун – бозиро бо мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 9 имтиёз пешсаф аст. Дастаи Урдун, ки 7 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи дувум қарор дорад. Футболбозони навраси Кувайт бо 5 имтиёз зинаи севумро касб намудаанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозии охиринашро дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” имрӯз, 22-юми сентябр, бо мунтахаби Урдун баргузор мекунад. Ин бозӣ соати 22:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Бояд гуфт, ки барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан, мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Ҳамин тариқ, ба футболбозони навраси тоҷик барои дарёфти роҳхат ба қаҳрамонии Осиё як имтиёзи дигар зарур аст.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои наврасони зери 16-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Даври 2-юм
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Даври 3-юм
Тоҷикистон – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – ба дарвозаи худ (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 47 (5:0). Суннатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Меҳрубон Каримов, 74), Муҳаммадворис Саидалиев (Суннатулло Азизов, 60), Кабир Салимшоев (Шаҳриёр Норов, 77), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов.

18-уми сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 19 тамошогар.

Урдун – Шри-Ланка – 7:0

Даври 4-ум

Непал – Тоҷикистон – 0:7

Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Саидалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Хуршед Давлатзода, 50), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ (Муҷовид Шовайсуддинов, 53), Ҳукмиддин Шомуродов (Саидҷон Сафаров, 63).

20–уми сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 127 тамошогар.

Урдун – Кувайт – 1:1​

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

3

0

0

24-0

9

2

Урдун

3

2

1

0

15-1

7

3

Кувайт

4

1

2

1

4-11

5

4

Непал

3

0

1

2

1-15

1

5

Шри-Ланка

3

0

0

3

0-17

0

Даври 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри-Ланка – Непал
22:00. Тоҷикистон – Урдун

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG