Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике дар Эквадор 30 кишварро бо садбарг таъмин мекунад


Садбаргҳои Эквадор харидори зиёд доранд.
Садбаргҳои Эквадор харидори зиёд доранд.

Ошиқон дар 30 кишвари дунё гули садбаргеро ба маҳбубаашон тақдим мекунанд, ки як соҳибкори тоҷик дар Эквадор парваридааст. Дар назари аввал Тоҷикистонро бо Эквадор чизе намепайвандад. Аз Тоҷикистон то ин кишвар дар қитъаи Амрико 14 ҳазору 883 километр масофа аст ва агар аз глобус ҳам онро касе ҷӯяд, бояд 180 дараҷа тоб диҳад.

Аммо Сайид Носеҳ Толибов, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ду сол пеш аз он ки Тоҷикистону Эквадор муносибатҳои дипломатиро бо ҳам барқарор кунанд, ба ин кишвар барои кору зиндагӣ кӯчид. Достони ҳиҷрати Толибов ба Эквадор ва оғози гулпарварии ӯ ба соли 2014 бармегардад.

Дар аввал бародари калонии ӯ ба Эквадор рафта, дар ин кишвар як хоҷагии хурди гулпарвариро асос гузошт. Аммо соли 2014 бар асари таркиши балони газ ба ҳалокат расид. Сайид Носеҳ Толибов бори нахуст ба хотири интиқоли ҷасади бародараш ба Эквадор рафт ва кори оғозкардаи ӯро дида, тасмим гирифт, дар он ҷо монад.

Сайид Носеҳ Толибов
Сайид Носеҳ Толибов

«Чизе, ки маро дар Эквадор медорад, иқлими гарми он аст. Чаҳор фаслаш мисли баҳор. Дувум ин худро инҷо роҳату озод ҳис мекунам, шаб ё рӯз берун меравӣ, касе ба ту кор надорад. Эҳсоси хатар нест. Тарсе, ки одамон дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон доранд, дар ин ҷо нест. Ягон гуноҳ накардаӣ ва аз ҳеҷ чиз наметарсӣ», -- иброз дошт ӯ рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Соҳибкори тоҷик мегӯяд, то соли 2010 дар Тоҷикистон бо номи “Зелёний билет” ширкат дошт, ки ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо машғул буд. Аммо ширкат пас аз чанд соли фаъолият камдаромад шуд ва моликон кори онро қатъ карданд.

Шаҳре, ки акнун Сайид Носеҳ Толибов зиндагӣ мекунад, Каямбе ном дорад, ҳамқофияи Душанбе. Муҳоҷирати ӯ аз омӯзиши забони испанӣ оғоз шуд ва ҳоло озодона бо ин забон гап мезанад. Дар оғоз хоҷагии садбаргпарварии ӯ ҳамагӣ 10 гектар буд ва ҳоло то 40 гектар доман паҳн карда, гулҳои он ба 30 кишвари дунё, аз ҷумла Қазоқистону Русия ҳам содир мешаванд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шароит барои сармоягузорӣ ва пешбурди тиҷорат дар Эквадор “мусоид аст”.

“Эквадор ба ширкатҳое, ки нав таъсис ёфтаанд, дар 5-6 соли аввали фаъолият кумак мекунад. Фишору тафтиш вуҷуд надорад ва ба соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ як хел нигоҳ мекунанд. Мувофиқи қонун амал карда, эъломияи андозро саривақт супоред, касе ба тафтиш намеояд. Ҳама чиз ба воситаи интернет сурат мегирад ва мо андозро ҳам тавассути интернет месупорем. Дар ду сол як дафъа метавонанд барои тафтиш оянд ва онро ҳам пешакӣ огоҳ мекунанд”, -- мегӯяд Толибов.

Айни замон дар хоҷагии гулпарварии ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳудуди 300 сокини Эквадор кор мекунанд. Маоши камтарин дар ин кишвар наздик ба 400 доллар аст ва Толибов мегӯяд, ҳар сол мизони он ба андозаи 10 доллар зиёдтар мешавад.

Ширкати “Irouse”-и ин соҳибкори тоҷик 8 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳам барои кор барои гулпарварӣ ҷалб кардааст. Тоҷикон дар Эквадор зиёд нестанд ва ба гуфтаи Толибов, ба ҷуз оилаи ӯ боз ду хонаводаи дигар дар ин кишвар ба сар мебаранд. Мегӯяд, ба фарқ аз тоҷикон диаспораи мусулмонон дар ин кишвар сершумортар аст.

“Эквадориҳо мардуми диндоранд, пайрави мазҳаби Католик ҳастанд. Дар ҷашнҳои исломӣ моро табрик мегӯянд. Фарзандонам дар мактабҳои маҳаллӣ мехонанд ва ба фарҳангу либоспӯшии онҳо низ эҳтиром мегузоранд, маҳдудияте нест” – нақл кард ӯ.

Соҳибкори тоҷик айни замон барои васеътар кардани масоҳати ҳоҷагӣ меандешад ва орзу дорад садбаргҳои парваридаи ӯ то ба Тоҷикистон ҳам омада расанд. Мегӯяд, иқлими Тоҷикистон барои парваридани навъи Эквадории садбаргҳо чандон мувофиқ нест.

“Масофа аз ин ҷо то ба Тоҷикистон хеле дур аст. Ҳисоб кардам агар гулҳоро ба Тоҷикистон фиристем, шояд нархаш гарон шавад. Ба Тоҷикистон бештар гулҳоро аз Узбекистон меоранд. Аммо бо ин вуҷуд коршарикеро меҷӯям ва орзу дорам, ки ақаллан дар як дӯкон дар Душанбе садбаргҳои мо ба фурӯш барояд ва бигзор аз ҷиҳати молӣ барои ман даромад ҳам наорад”, -- иброз дошт ӯ.

Садбаргҳои парваридаи Толибов 35-36 сент нарх доранд. Аммо дар дӯконҳои гулфурӯшии кишварҳои гуногун бо нархи ба маротиб гаронтар ба дасти муштариён мерасанд.

Соҳибкори тоҷик мегӯяд, бо он ки шефтаи боду ҳавои Эквадор аст, тиҷорати муваффақеро роҳбарӣ мекунад, дар посух ба суоли “Оё чизе ҳаст, ки ӯро нороҳат кунад?” гуфт: “Дурӣ аз Ватан! Дурӣ аз Ватан сахт мегузарад. Мо зодаи Тоҷикистонем, тоҷикем ва бо ин ифтихор дорем, ҳамеша дилтанги Ватанем, дилтанги хешу табор ҳастем. Бинобар ин ҳар ду сол кӯшиш мекунам Тоҷикистон ба рафта оям”.

Зодагони Тоҷикистон маъмулан бештар ба он кишварҳое сафар мекунанд, ки тоҷикони дигар дар он ҷо ҳастанд ва намунаи муваффақияти ҳамдиёрашонро дар он ҷо шунида ва ё дидаанд. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки онҳо имконияту зарфиятҳои кишвари мизбонро аз қабл омӯхта, огоҳона ба он ҷо сафар кунанд. Аммо намунаи Сайид Носеҳ Толибов аз маҷрои умумии муҳоҷирати тоҷикон ҷудо ва дар навъи худ камназир будааст.

XS
SM
MD
LG