Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ ду зина поин шуд


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки 26-уми сентябр дар сомонаи futsalworldranking.be нашр шудааст, ду зина поин шуд ва дар байни 110 кишвар бо 834 имтиёз дар ҷойгоҳи 74-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия бо 1847 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Испания бо 1782 имтиёз дар зинаи дувум ва Русия бо 1676 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Аргентина (1644 имтиёз), Эрон (1643 имтиёз), Португалия (1633 имтиёз), Қазоқистон (1549 имтиёз), Италия (1505 имтиёз), Парагвай (1466 имтиёз) ва Украина (1465 имтиёз) дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 17-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1643 имтиёз дар зинаи 5-ум) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 15-ум, 1378 имтиёз) ва Узбекистон севум (дар ҷаҳон 27-ум, 1199 имтиёз) мебошанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Арманистон (80-ум), Литва (88-ум) ва Эстония (103-юм) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (7-ум), Узбекистон (27-ум), Қирғизистон (43-юм) ва Туркманистон (67-ум) ҷойгир шудааст.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нави даста Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Узбекистон (25-уми октябр) рақобат мекунад.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Урумияи Эрон доир мегардад. Аз ҳар як гурӯҳи ин минтақа дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG