Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбар Турсон. "Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд"


Донишманди номвари тоҷик, файласуф, кайҳоншинос, фарҳангшинос ва рушангар Акбари Турсон, ки осори ноб ва мондагораш дар сатҳи ҷаҳонӣ шуҳратёр аст, 80-cола шуд. Мавзуъ ва кашфиёти илмии ӯ ба андозае амиқ, фарқкунанда ва нодир аст, ки таҳқиқ ва арзёбии он бузургвореро мисли худаш тақозо мекунад. Шояд беҳтар аз худи ӯ касе натавонистааст, онгуна ки дар эссеи зер вижагии корнома ва аслҳои зиндагияшро шарҳ дода бошад.

Акбар Турсон. "Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд"

Оғози сухан

Овардаанд, ки боре мухлисони шеър ба шоири машҳури рус Маяковскӣ се эрод гирифтаанд: ашъоратон «гарму ҷӯшон нест», «одамро ба ҳаяҷон намеоварад» ва «касро сироят намекунад». Шоир ҳозирҷавобӣ кардаст: «Ман на оташдон, на баҳр ва на вабо ҳастам»! На аз рӯйи тақлид, балки ба ҳурмати ростӣ мани файласуф ҳам якбора огоҳ мекунам: воқеан на каромотхони охирзамон (оракул), на мунаҷҷими толеъсанҷ (астролог) ва на ҷомеашиноси ояндадон (футуролог) ҳастам. Ва чун зотан аз маснади Ҷам нестам, Ҷоми Ҷаҳонбин низ надорам, то даъво карда тавонам, ки «ман ботини ҳар фарозу пастӣ донам». Ва ҳатто бо вуҷуди ин ки баъзан ман ҳам шаб то рӯз ахтар мешуморам, Ҳофизвор хитоб карда наметавонам: «Зи чашми ман бипурс аҳволи гардун!»

Хусусияти кори ақлонӣ ин будаст, ки ҳар қадар аз ҳоли гардун биандешӣ, ҳисси шакку шубҳаат ҳамон қадар меафзояд – на фақат ба гуфта ва пардохтайи дигарон, балки ба қудрати маънавию имкони воқеии худат низ. Чаро ки дар холигоҳи байни ду қутби рӯҳонию равоние, ки Ҳазрати Рӯдакӣ ҳамчун «қазойи Яздон» ва «Наҳси Кайвон» ишора кардаанд, андармон шуда ба худ мепечию бас. Рост, аввал мисли Хайём ифтихор мекунӣ, ки

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки маълумам нашуд.

Вале дар охири охирон иқрор мекунӣ, ки

Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,
Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд…

Саволҳоеро, ки Салимҷони Аюбзод аз мухлисони торнигорашон овардаанд ва зимнан худашон ҳам чанд пурсишро афзудаанд, ба ҳафт мавзӯъ ҷудо кардан салоҳ аст. Хулосайи баррасии ҳар яке аз ин мавзӯъҳоро маҷозан бо як мисраъ шеър баён мекунам, то ки хонандагони арҷманд аз рангу раванди андешаҳоям пешакӣ хабар дошта бошанд. Зеро, чунон ки бузургонамон некназарона фармудаанд, «мустамеъ (суханшунав) соҳибсуханро бар сари кор оварад».

(1) Нақши иҷтимоии «рӯшанфикрон»: «Шикоят аз замону шиква аз бахти нагун то кай?»

(2) Нақши дин дар ҷомеа: «Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост!»

(3) Вазъи кунунии забони тоҷикӣ: «Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!»

(4) Сабабу оқибатҳойи ҷанги ҳамватанӣ: «Моро чӣ гуна зебад, даъвии бегуноҳӣ?!»

(5) Худшиносии миллӣ: «Аламҳойи Самарқанду Бухороро намедонӣ!»

(6) Ташаккули давлати миллӣ ва идеалҳойи он: «Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?!»

(7) Ояндайи тоҷикон: «Пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?»

Мутаассифона, ба сабаби гирифториҳоям бо дигар корҳойи таъҷилӣ ба ин саволҳо худи ҳозир, чунон ки дилам мехоҳаду хонандагон ҳам мунтазиранд, муфассал ҷавоб дода наметавонам. Ният дорам, ки таҳлилу таркиби онҳоро айёми тирамоҳ рӯйи торнигори худам оҳиставу пайваста давом диҳам. То он вақт шояд таҳриру такмили мусаввадайи русии «Ҳумоюн ва Зулқарнайн» (фалсафайи таърихи тоҷикон) низ анҷом ёбад, ки баройи гуфтугӯйи доманадор дар боби масъалаҳойи мазкур маводи фарҳангшинохтӣ фароҳам хоҳад овард.

Ҳозир бошад, мавзуйи аввалро каму беш дида мебароям, ки ба сабаби тобишҳойи гуногун ва домани васеъ доштанаш баройи муҳокимайи масъалаҳойи боқимонда ҳам заминаю чорчӯби андеша фароҳам хоҳад овард. Бештарини саволҳо низ бевосита ё бавосита ба ин мавзӯъ дахл мекунанд.

I

Нақши иҷтимоии аҳли фазлу дониш бори нахуст дар Русияи садайи нуздаҳум мавриди андеша қарор гирифт ва аз ҳамон вақт ин ҷониб дар мадди назар мебошад. Дар ин бора чизҳойи гуфтанӣ ва ҳам шуниданӣ бисёранд. Бархе аз онҳоро ман дар рафти муколимаҳоям бо рӯзноманигори собиқадор Доройи Дӯст муфассал қаламӣ намудам, ки шояд моҳи оянда дар ягон рӯзнома ё ҳафтаномайи ҷумҳуриамон чоп шаванд. Бинобар ин гуфтаҳоямро такрор накарда фақат баъзе ҷиҳатҳойи масъаларо мушаххасу мухтасар шарҳ дода мегузарам.

Дар зодгоҳи мафҳуми интеллигентсия ба «меҳнати фикрӣ» машғул буданро аломати асосии ба ин тойифа тааллуқ доштан ҳисоб намекарданд. Баройи ба номи «интеллигент» муносиб шудан мебоист боз аз се сифати дигар бархурдор будан: эҳсоси ҳамдардӣ доштан ба мардуми хору зоршуда (масъулияти ахлоқӣ), манфиати худро ба мадди назар нагузошта аввал ғами халқу ватанро хӯрдан (масъулияти шаҳрвандӣ) ва ба унвони виҷдони ҷомеа ба рушди миллӣ куллан мусоидат кардан (масъулияти иҷтимойӣ). Шарти сейӯм, ки муҳимтарин ба шумор мерафт, ба муҳити иҷтимойӣ назари интиқодӣ доштан, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама сиёсати ҳокимони вақтро пайваста танқид карданро тақозо мекард.

Вақте ки масъаларо файласуфон таҳлил карда баромаданд, ба ду ҷиҳати муҳимми он эътибор доданд. Аввалан, дарёфтанд, ки шарту тақозоҳойи мазкура ба ҳадде, ки бояду шояд, равшан нестанд. (Масалан, “танқиди иҷтимойӣ” худаш чист ва он бояд ба чӣ тарзу тариқе анҷом пазирад?) Сониян, фаҳмиданд, ки ба гуфтору рафтори худи “интеллигентҳо”низ интиқодӣ муносибат кардан мебояд. Дар воқеъ, адиб, олим ё ҳунарманд, сарфи назар аз дараҷайи қудрати маънавиаш аз зоти фаришта нест. Ва чун фарде аз аҳли башар мебошад, пас, ӯ сириштаест аз ҷумла ҳусну кубҳи фарзандони Одам, ки зимнан ба рангу раванди эҷодиёташ беасар нест. Зуҳуроти ин ҳақиқати талху тундро мо, тоҷикон, дар арафайи ҷанги ҳамватанӣ ба таври аёнӣ дида ба дурустии вай ҳамаҷиҳата бовар кардем.

Аз ин мавқейи назар масъалайи «интеллигентсия ва ҷомеа» ханҷари дудама аст ва ҳар ду тарафашро баробар ба назар гирифтан мебояд: (1) муносибати аҳли фазлу дониш ба ҷомеае, ки узви ӯстанд; (2) муносибати сойири аъзойи ҷомеа ба эшон, хосса онҳое, ки худро ҷумлатан «рӯшанфикр» мехонанд.

Андар тарафи аввали масъала – худшиносии иҷтимоии аҳли фазлу дониш -банда борҳо фикр кардааму ҳанӯз ҳам фикр мекунам, вале дар борайи тарафи сонӣ – назари ҷомеа ба фозилону донишмандон, мушаххасан гӯям, муносибати табақаҳойи гуногуни мардум ба одамони дипломдор (бештар дорандагони маълумоти олӣ), фақат пас аз як воқеайи ногаҳонӣ ба андеша фурӯ рафтам.

…Дар ёдкарди суннатии шодравон Ҷалолхони Икромӣ Рӯзи Ҳафт буд. Баъди анҷоми боздид аз хонаводайи нависанда лаб-лаби рудхонайи Ҳисор ба манзил бармегаштам. Чун дар роҳ хондан маро аз бачагиам одат шудаст, ин дафъа ҳам китобхонон қадам мезадам. Азбаски фикрам парешон буду дилам ноосуда аз навиштайи файласуфи рус Николай Бердяев, ки аз ҷумлайи рӯҳшиносони маъруфи садайи гузашта буд, мадади равонӣ меҷустам. Аз пешам мошине чанг карда гузашт, аз китоб сар набардоштам. Банохост аз қафоям овози омирона баланд шуд: «Биист!» Вақте ки гашта нигоҳ кардам, «Жигули»-и кабудрангеро дидам. Гумон кардам, мошинсаворон шояд мусофироне бошанд, ки касеро суроғ доранд. Хостам бигӯям, ки ман аз ин маҳалла нестам ва сокинонашро намешиносам. Ҳамин замон мошин пас гашта омад ва қариб монда буд, ки маро зада партояд. Вақте ки «Жигули» дар наздам истод, аз он ду мард берун омад; яке автомат дошт. Боз садойи омирона баланд шуд: «Ку, ин ҷо биё!» овози ҳамон автоматбадаст будаст. Беихтиёр дар ҷоям истодам ва ба рӯяш нигаристам: сару либосаш низомӣ набуд, вале чашмони хунбор дошт, аз даҳонаш бӯйи арақу тарёк меомад. Ҳамин дам мили автоматро ба сӯям гардонда гуфт:

– Туро шинохтам, ту директори Институти шарқшиносӣ…
– Ҳоло ки не…
– Аҳмият надорад! Ҳамроҳи оппозитсия будӣ.
– Ман-ку дар сангару минбарҳо набудам – на дар минбари «Шаҳидон» ва на дар минбари «Озодӣ»!
– Дар яке аз газетаҳояи оппозитсия мақолаат чоп шуда буд, бо расмат.
– Оё дар ёдатон ҳаст, ки он ҷо ман чиҳо навишта будам?
– Ту мара дапрос накун, фаҳмидӣ?! Баройи бо ту саволу ҷавоб карда шиштан вақт надорам! Мақолаатро нахонда бошам ҳам, хуб медонам, ки оппозитсия чиҳо мегуфт. Чӣ навиштанат муҳим нест, дар куҷо чоп кунонданат муҳим, фахмидӣ?!.. Аҷоиботи дунёро бин, – ба ҳамроҳаш рӯ оварда мегуфт «боевик»-и гумном – акнун ҳама меҷанганду ин бошад, дар хилват боз китоб мехонад… Охир, аз дасти ҳамин барин китобхонҳо ҷумҳурӣ вайрон шуд!

Ва бо нӯги автоматаш ба ман ишора карда фармон дод:

– Хуш, домуллойи калон, чуноне ки шефи растохезчиён мегуфт, лутфан, ба лаби канал фуро, ба фарқи сарат як очирид диҳам, мурдаатро об гирифта барад!..

Баройи қисса кардани давоми воқеа ҳавсалае надорам, аслан ба ин ҳоҷат ҳам нест: толеам омад карду дили ҳамон марди бесилоҳ, ки дар паҳлуйи «боевик» то ин вақт хомӯш меистод, нарм шуда маро аз марг наҷот дод. (Ин бори аввал набуд, ки бо марг рӯ ба рӯ шуда будам. Аз ин пеш – дар замони Ҳукумати Муросойи Миллӣ – шабҳангом, вақте ки аз меҳмонӣ пойпиёда ба хона бармегаштам, ба дасти посдорони ситоди мулло Абдуғаффор афтода бо як азоб ҷон ба саломат бурда будам. Ҳангоме, ки маро кофту ков мекарданд, аз пулдонам хушбахтона тақвимчайи даврайи интихобот баромад, ки дар пушташ акси Давлати Худоназарро дошт. Чун зимнан гуфтам, ки ӯро шахсан мешиносам, баъди машварат бо «штабашон» маро ҷавоб доданд.)

Ҳар чӣ ҳам буд ё шуд, гузашту рафт; кохи кӯҳнаро бод додан намехоҳам. Ва агар акнун аз рӯйдодҳойи онвақта шаммае ҳикоя карда бошам, муродам на душманҷӯйисту на дӯстнавозӣ; тааммули «гуноҳест», ки бар асоси он як сарбози ҷанги бародаркуш (яқин медорам, ки ӯ маълумоти олӣ дошт) маро ба паррондан ҳукм карда буд: «Аз дасти китобхонҳо ҷумҳурӣ вайрон шуд!» Аввалан, ба унвони хулосайи як сарбози ҷанги бародаркуш ва, сониян, ҳамчун бовар ё пиндоште, ки ҳолӣ ҳам дар зеҳни як қисми мардум буда гоҳу бегоҳ ба мадди назар мебарояд. Гузашта аз ин, зодгоҳи ин ҳукми қотеъ фақат муҳити ҷангзада нест; он як навъ падидайи рӯҳонию равонӣ низ мебошад, ки дар мағоки шуури иҷтимоию фарҳангӣ решаҳо дорад.

Воқеъияти оғози солҳойи навадӯми садайи гузашта ин аст, ки дар ҷунбишҳойи иҷтимоию сиёсӣ ва маданию мазҳабӣ як гурӯҳи начандон калони «китобхонҳо» ё, ба қавли худашон, рӯшанфикрон фаъолона ширкат варзиданд. Гурӯҳи мазкурро ба ҳамайи аҳли фазлу дониш баробар кардан нашояд. Вақте ки Александр Солженитсин ба танқиди нигилистонайи СССР аз ҳад зиёд саргарм шуда «интеллигентсияи советӣ»-ро таҳқиромезона «таҳсилзадагони шӯравӣ» (советская образованщина) лақаб монда саросар бадном намуд, яқинан дидаю дониста аз таркиби мураккаби аҳли адабу ҳунар ва илму маорифи шӯравӣ сарфи назар карда буд.

Ман ба қатори таҳсилзадагони Солженитсин гуфтагӣ фақат ҳамон дастпарварони маорифи камунистиро мансуб медонам, ки дар мактабу омӯзишгоҳҳо ва донишкадаю донишгоҳҳойи давлатӣ ҳарому ҳалол хонда, натиҷатан аз идеоли асили миллӣ, одоби волойи суннатӣ ва ҳатто имони содиқи камунистӣ маҳрум монда буданд. Онҳостанд, ки аввал (дар замони Шӯравӣ) ҳамчун пешоҳангони «корҳойи ҷамъиятӣ» худнамойӣ карда, сонӣ (дар аҳди Горбачёв) ба воситайи ҳизбҳову наҳзатҳо ва ба истилоҳ фронтҳойи халқӣ ба арсайи бозиҳойи ҳангоматалабонайи сиёсию кашмакашҳойи нопоки иҷтимойӣ баромада «Бозсозии» омиёнайи пешвойи охирзамони камунистонро ба Бозсӯзӣ табдил доданд. (Мазҳакайи таърихӣ инҷост, ки дар ниҳояти кор «рӯшанфикрон» ду даст дар бинӣ монданд! Ба эшон на қудрати сиёсӣ расид ва на қудрати иқтисодӣ: ба ҳар ҳол, номи ягонтояшонро дар радифи миллионеру олигархҳойи навбаромад вонахӯрдам! Гумон аст, ки дар байни соҳибони ҳавлиҳои дабдабаноке, ки дар Душанбеи «пасоинқилобӣ» қомат афрохтаанд, саркардаҳойи минбартозу сангарсози «Баҳманмоҳи Хунин» ҳам бошанд!)

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам айби ошро дар мош меҷӯянд.

Бародарро зи кин куштанд, лекин
«Хато рафт аз камон» гуфтанду рафтанд…

Дар мақолае, ки ба он «боевики» номбурда ишора карда буд, ман оддитарин тақозойи ахлоқро талқину таъкид мекардам, ки як ҳикмати халқиро ислоҳ намуда сохта будам: на ҳар чӣ зарур бошад, раво бошад! (Хулосайи умдаам дар худи сарлавҳа ифода ёфта буд: «Адл аз камоли ақл хезад!») Акнун бояд низ афзуд: фақат одоби волое, ки аз файзи дини пок ғанӣ шудаст, фарқи маънавии зарур ва раворо ба некӣ таъбир ва талқин намуда ӯро ба роҳи ҳақ (аз ҷумла дар қудратталошӣ низ) ҳидоят карда метавонад. Вале, чунон ки рафти рӯйдодҳойи минбаъда баръало нишон дод, дар сиёсат, хусусан сиёсатбозие, ки аз ғаразҳойи нопок саршор бувад, дастурҳойи ахлоқӣ ба кор намеоянд.

Бо вуҷуди ин, агар дар тақвими рӯйдодҳойи онвақта, чунон ки дар замони шӯравӣ ба мо талқин мекарданд, ба ҳиссиёт дода нашавем, яъне ба гузашта бо чашми ақли солиму собир бингарем, онгоҳ уфуқеро мебинем, ки чандон якрангу яксон нест. Баройи он ки дар уфуқи дар назар якрангу яксон чизеро ё ҷунбишеро пайхас карда тавонем, даставвал боястӣ донистан, ки “китобхон” кисту шахсоне, ки аз “китобхонҳо” домангиранд, худашон кистанд ё аз номи киҳо ва ба хотири чиҳо гап мезананд.

Дар воқеъ, ҳамон сарбоз ё афсари сохтаноми ҷанги шаҳрвандиамон, ки кӯча ба кӯча гашта “фундаменталистон” ва “демократҳо” –ро ном ба ном ёфта қир мекард ё саросар қир кардан мехост, аз номи кӣ ё ба коми кадом табақа ё қишри ҷомеа қасос мегирифт?! Решайи нафрату адоваташ ба ҳамқавмони дигарандешаш (аз ҷумла нисбат ба ман — охир, аз ҳавойи гапаш, маро мешинохт ва аз миёнҷигариҳоям низ хабар дошт!) аз кадом сарчашмайи заҳрогин об мехӯрд?

Садриддини Айнӣ дар радифи феълу хӯйи тоҷикона «одатхойи музминаамон»-ро (бо «бемории музмин» муқойиса кунед) номбар карда дар зимн бо дарду алам афзуда буданд, ки дар гузашта мо, тоҷикон «аввал шаҳр-шаҳр, қаря-қаря ва фирқа-фирқа шуда якдигарро задем, якдигарро куштем, хонайи якдигарро тороҷ ва яғмо кардем, ирзу номуси якдигарро барбод додем… Боз ҳушёр нашудем, боз ба хонахаробии якдигар кӯшидем». Чунин одати ҳадгузариҳойи точиконаро пешаҳдони Айнӣ – аз Абулқосими Фирдавсӣ гирифта то Аҳмади Дониш – нағз медонистанд, вагарна хуни ҷигар шуда зарурати риоя кардани андозаро ба муосирону ворисонашон гаштаю баргашта талқину таъкид намекарданд.

Инқилобиюни навбаромад дар мактаби марксизм-ленинизм ба камол расида буданд, ки аз ҷиҳати ҷангҷӯйӣ ва оштинопазирӣ ҳамто надошт. Ва метавон тассаввур кард, ки дар муҳити носолими ин ҷаҳонбинии размсозу размсӯз маҳз кадом унсурҳойи менталитети суннатиамон аз нав ҷон гирифтанд. Чунончӣ, бар асари ҳамон идеологияи ҷангталабу ҷангташна аст, ки «муросо» маъниву маслаки сирф манфӣ пайдо намуд. Дар истилоҳоти сиёсии даврони Шӯравӣ «мусовочӣ» (муросокор) ҳаммаънойи «соглашатель» ва «оппортунист» қабул шуд, ки дар радифи «хойин» қарор дошт. Ба ҳар ҳол дар қатори шахсоне, ки ба унвони «душмани халқ» террор ё ҳабс ва ё бардарға шуданд, «муросокорон» ҳам бисёр буданд.

Хулосайи калом, дар борайи нақши иҷтимоии «китобхонҳо» умуман ва «рӯшанфикрон» махсусан ба таври куллӣ ё умумӣ гап задан нашояд; онҳоро аввал аз рӯйи касбу кор, дараҷайи донишу малака, мавқеи шаҳрвандӣ, таваҷҷӯҳи сиёсӣ, нуфузи ахлоқӣ ва дигар меъёру маҳакҳо фирқа ба фирқа ташхису тасниф намудан ва сонӣ замону макон ва шарту шароити зуҳури амру амали ҳар якеро мушаххасан арзёбӣ кардан даркор аст.

Аҳли соҳибмаълумоти тоҷикро аз рӯйи муносибаташ ба ҷунбишҳойи иҷтимоию сиёсии охирҳойи даврайи Горбачёв ва аввалҳойи замони пасошӯравӣ шартан ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Гурӯҳи якум аксарияти мутлақи аҳли саводро дарбар мегирифт. Аъзойи ин гурӯҳ ба кори дастбастайи худашон, яъне касбу косибиашон машғул шуда, аз ин пеш ҳам дар «корҳойи ҷамъиятӣ” иштирок намекарданд. Ҳангоми марафони гирдиҳамойиҳо ва ҳарбу зарби мансабталошиҳо онҳо худро ба канор гирифта ба истилоҳ бетарафии сиёсиро ихтиёр карданд. Аъзойи гурӯҳи дуввум, баръакс, аз оғоз ба сиёсат гаравида дар чорчӯби ҳизбу ҷунбишҳойи мардумӣ ба фаъолияти иҷтимойӣ пардохтанд. Гурӯҳи сеюм бошад, аз шахсоне иборат буд, ки ба ягон ҳизби сиёсӣ ё ҷунбиши иҷтимойӣ напайваста буданд, вале ҳангоми тезу тунд шудани вазъият дар ҷомеа ба саҳнайи сиёсат баромада баҳри ба мудоро ва муросо овардани тарафҳойи даргир камари ҳиммат ба миён бастанд.

Дар сафи ҳамон “рӯшанфикрон”, ки бо вуҷуди ақаллият будан ба маротиб фаъолтар буданд, шахсоне нуфуз доштанд, ки худро миллатгаро ва миллатпараст метарошиданд. Аммо ҷанги ҳамватанӣ возеҳу равшан нишон дод, ки миллатгароию миллатпарастиҳойи ватандӯстони навбаромад ягон заминайи устувори таърихӣ, идеологӣ ва сиёсӣ надоштааст, чӣ расад ба бунёди қавии иҷтимоию маънавӣ. Ҳатто маҳалгаройиҳояшон, бо истифода аз иборайи хоси як пири машҳурашон гӯям, “пуфакӣ” будаст!

Ҳақиқатан ҳам маҳалгаройии инқилобиюни ҳаваскор (бо вуҷуди солхӯрдатарин ҷузви менталитетамон будани худи маҳалгаройӣ) то дараҷайи регионализм камол наёфт, чунки мисли миллатгаройии тоҷикона роҳи рушди таърихиро миёнбур кардан хост ва дар натиҷа ба камоли сиёсӣ нарасида монд. Дар ҷумҳуриамон ҳанӯз ҳам элитаҳойи сиёсии ҳозиразамон ба воя нарасидаанд, ки манфиати ноҳияҳойи ҷудогонаро дар иртибот бо манофеъи давлатӣ баррасӣ намуда онро дар саҳнайи миллӣ ошкоро аз тариқи муросо (компромисс) ва тафовуқ (консенсус) ҳимоя карда тавонанд.

Аҷобати рӯзгори одамист, ки сарнавишти таърихии ҷомеаро басе гурӯҳе аз мардум (ғолибан аққалияти ҷоҳил!) ҳаллу фасл мекунаду аксарияти ғофил бошад, ба сони анҷуми Иқбол гуфтагӣ менигараду меравад. Аз ин дидгоҳ моро танҳо як чиз тасаллӣ дода метавонад, ки он ҳам бошад, қонуни гирдгардиши кайҳонист, ки бад-он Рӯдакӣ дар овони пириаш, ки ба хорию зорӣ гирифтор будаст, худаш худашро дилбардорӣ мекард. Фақат ҳаминаш ҳаст, ки қонуни бо мурури замон куҳна шудани нав ва фарсуда гаштани «ҳамон, ки хулқон буд», дар чунон фосилаҳойи дуру дарози таърихӣ амал мепазирад, ки умри чандин наслро дарбар мегирад…

Як вижагии инқилоби иҷтимойӣ табдили дуҷонибайи хосу ом бувад, яъне якеро ба зӯрӣ ҷойгузини дигар кардан аст. Ба қавли маҷозии Лоиқ гӯям, баъд аз инқилоб «райиси мӯҳтарам» ба «саиси муттаҳам» мубаддал мешавад ва… баръакс. Таърихи Шӯравӣ баръало нишон дод, ки оқибати дигаргуние чунин фасоди иҷтимоисту бас. Мутаассифона, чунон ки файласуфи олмонӣ Ҳегел огоҳ мекард, ҳатто халқҳойи мутамаддин аз гузашти рӯзгор сабақе намебардоранд. Шояд низ афзуд: на сабаби хушбахтии дигаронро меомӯзанд ва на иллати бадбахтии худашонро!

Воқеан, дар даврайи бозсозии горбачёвимаоб бозсӯзони москвагӣ мо, музофотнишинонро, ба унвони «аксарияти сокит» наҳ мезаданд. Ин даъвойи таҳқиромез аз ду ҷиҳат ғалат буд. Аввалан, аз назари фарҳангшиносӣ (културология) сукут ба хомӯшӣ баробар нест: сукут ба зоҳир оромӣ намояд ҳам, дар ботин ба ҷунбиши рӯҳонию равоние тавъам аст, ки бо мурури замон амру амали матлубу муассирро падид оварда метавонад. Мақоли «ҷавоби аблаҳ сукут» ба маънию мароми хоси чунин вокуниши дарунӣ ишора дорад. Тоҷикон нигоҳро тарҷумони дил мехонанд. Бо як нигоҳи хомӯшона метавон чизҳоеро гуфт, ки дар баёни онҳо сухан оҷиз аст. Як файласуфи Чини Бостон барҳақ гуфта, ки «овози ҳарфи нагуфта аз гулдуроси барқ ё садойи нақора баландтар бувад».

Сониян, ҳатто дар айёме, ки «рӯшанфикрони» охирзамони шӯравӣ «даврайи рукуд» ном дода сиёҳ карданд, дар ҷумҳурии пасмондаамон Сотимхони Улуғзодаю Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъминшоҳи Қаноату Лоиқи Шералӣ, Бозори Собиру Гулрухсор, Маҳмуди Воҳиду Фаррухи Қосим барин озодандешон низ буданд, ки эҷодиёташон аксариятро ба ваҷд меоварду аққалиятро безобита мекард. Ду зани ҷасуру қавииродайи тоҷик Саъдинисо Ҳакимова ваБӯринисо Бердиева бо нозирони ҳизби ҳукмрон даст ба гиребон мешуданд: аввалӣ дар мавриди ҳифзи модару кӯдак, дуввӯмӣ дар тарғиби ҷашни Наврӯз. Ҷумъа Одина аз ақидайи интиқодии иҷтимойиаш дастнакашида аз шиддати азоби рӯҳонию равонӣ дар идорайи ҳафтаномайи «Маориф ва маданият» ҷон дод. Магар устод Шарифҷони Ҳусейзода бо он ҳама сукути зоҳирӣ хомӯш буданд? Дар дилу дидаашон исёни сӯфиёна барқ мезад!

Хулоса, дар Тоҷикистони карахти мо низ интеллигентсия ба маънии аслии таърихиаш он вақт ҳам буду ҳанӯз ҳам ҳаст!

Баройи он ки фикру хулосаҳоям боз ҳам мушаххастар шаванд, гапи боқимондаро дар чаҳорчӯби нақлу нақди қиёсии рӯзгори фарҳангию сиёсии ду шоири маъруфи халқу ҷумҳурӣ Лоиқи Шералӣ ва Бозори Собир мегӯям.

Ҳар ду ҳамнасл буданд, ҳар ду дар ҷунбишҳойи миллию мадании солҳойи 60-80-ӯм фаъолона ширкат варзиданд. Мо, муосирон, онҳоро ҳамчун рамзи бедории таърихию сиёсиамон мешинохтем. «Забони модарӣ», «Оли Сомон», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Кӯч мебандам» ва дигар манзумаҳойи ин ду сухансаройи зодсарв вирди забон буданд. Лекин минбаъд, хусусан ҳангоми бархӯрдҳойи солҳойи 90-ӯм, Лоиқ ва Бозор роҳҳойи гуногунро пеш гирифтанд…

Бозор ба наҳзати демократҳойи навбаромад пайваста дар ҷумла маъракаҳойи зиддиҳукуматӣ – аз гуруснанишинҳо гирифта то марафони гирдиҳамойиҳо – фаъолона иштирок кард. Лоиқ бошад, аз минбару сангарҳо дурӣ ҷуст, вале вақте ки хатари бархӯрди хунини майдонҳойи «Шаҳидон» ва «Озодӣ» пеш омад, то тавонист нирӯҳойи даргирро ба муросо оварданӣ шуд.

Охир, ҳар ду аз кори кардаашон пушаймон шуданд. Чӣ Лоиқ ва чӣ Бозор ба некӣ дарк намуданд, ки ба истилоҳ рӯшанфикрон сабабгори асосии фоҷиайи миллиамон набошанд ҳам, яке аз омилҳойи тазоҳуроте буданд, ки охир ба ҷанги ҳамватанӣ оварда расонд. Бозор на фақат парламони ҷумҳуриро тарк гуфт, балки аз сафи Ҳизби Демократ ҳам баромада ношукриҳойи таърихии ҳамҳизбони инқилобгарояшро мазаммату маҳкум кард. Лоиқ бошад, вақте бо чашми худ диду ба гӯши худ шунид, ки чорчӯби «Ҳукумати Муросойи Миллӣ», ки яке аз муассисонаш буд, ба арсайи муборизайи нопок баройи ба зӯрию бо зорӣ гирифтани қудрати сиёсӣ табдил ёфт, ба пеши ман омада қатъӣ гуфт: «Миёнҷигариҳоямон тамом шуд. Мақсади мо бархӯрди ду майдонро пешгирӣ кардан буд. Ун тарафаш ҳирсу ози мансабталошиҳост. Баройи ману ту миёни чанд мурда шаҳид будан чандон ифтихоре нест!». (Як рӯз пеш дар майдони назди идорайи Қозиёт инқилобиюни навхеста ӯро дар воқеъ ҳам «шаҳид» карданӣ буданд. Фақат бо ёрии ҷондори Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо мошин гурехта халос шудем!)

Сонитар Лоиқ шеъри ҳасратомезе навишта зимнан гуфт: «Равшангаромон ноаҳлу кӯранд». Бозор бо оҳанги аз ин ҳам сахттар навишта: «Эшон айни сияҳгӯшон пасмондайи шерону шербачаҳои ҳукуматро хӯрда-хӯрда одат кардаанд. Ба ҳамин ғараз гоҳе дум-думу гоҳе пеш-пеши роҳбарон давида қиғу чиғ мекунанд. Гӯё ки расулон бошанд, на сарқутхӯрон»!

Шоирони борикбини мо маҳз киҳоро дар назар доштанд? Албатта аҳли саводро. Лекин кадом қисм ё қишри онро? Зоҳиран, дар мадди назарашон аҳли қалам, боз мушаххастар гӯям, шоиру нависандагон буданд, ки онвақт фаъолтарин бахши ба истилоҳ “интеллигентсияи эҷодкор” ба шумор мерафтанд. Лоиқу Бозор миёни онҳо ҳам тафовут дида, фардҳоеро алоҳида ҷудо кардаанд, ки дар баробари “кори эҷодашон” вазифайи нӯкарони идеологию сиёсии режимро ба ӯҳда доштанд. Бозор дар шарҳи мушоҳидаҳояш афзуда, ки Ҳокимияти Шӯравӣ “аз подабону қассобу самоворчӣ интеллигент месохт”. Албатта ҳукмаш як навъ иғроқи шоирона буд. Чаро ки на худаш ва на Лоиқ аз ҷумлайи интеллигентсияи тазвирӣ буданд; ду тоҷикписари деҳотӣ қад-қади пайраҳайи баргузидаашон мустақилона роҳ паймуда, ба фарти зеҳну закойи худододе, ки доштанд, ду қуллайи силсилакӯҳи назми Аҷамро фатҳ карда тавонистанд.

Лекин дигар воқеияти даврайи Шӯравӣ низ бармалост: “Партия ва Ҳукумати ҷоноҷон” дар баробари дидаю дониста костани обрӯю эътибори иҷтимоии аҳли фазлу дониш (аз ҷумла бо роҳи қасдан наафзудани шуморайи онҳо дар сафи хизби камунист) адади ангуштшумори «интеллигентсияи эчодкор»-ро ба унвони муште, ки аслан намунайи хирвор набуд, аз рӯйи «баромади иҷтимойӣ» ва аз ҷиҳати «садоқати синфӣ» сарачин карда гирифта ва ба сойири оламиён муаррифӣ намуда эшонро баройи вусъат додани таблиготи идеологиаш (хусусан дар “Ҷаҳони Сейӯм”) ғаразмандона истифода бурд. Пас, чӣ ҷойи ҳайронист, ки баъзе шоирони аз тарафи давлат қадршуда, яъне унвони “хизматнишондода” гирифтагиҳо, хонанда надоштанду академикҳойи ордендору мукофотонидашударо (фаразан, дорандагони ҷойизайи Абӯалии Синоро) ҳамкасбонашон ҳамчун олим эътироф намекарданд!

Хулоса, мақсади Лоиқу Бозор наҳ задани тамоми “интеллигентсияи шӯравӣ” набуд. Зеро нағз медонистанд, ки аҳли фазлу дониши он давра ба ҷуз тақлидкорони сиёсию эҷодкорони сохтаном донишмандони асил, муҳандисони кордон ва муаллимони пуртаҷрибаро низ дарбар мегирифт, ки бо сиёсат умуман кордор набуданд, магар ин ки ҳангоми ба истилоҳ интихобот ба хотири иҷро кардани “қарзи шаҳрвандашон” ба депутатшавандайи пешакӣ ва боло баргузида “овоз медоданд”. Хусусан ки Лоиқу Бозор низ ба унвони аҳли қалам дар сафи худи ҳамон интелллигентсия ба камол расида ва аз тарафи давлат қадр ёфта буданд. Ва зимнан, агар ҳамовозиашонро бо ҳаёҳуйи ҳайкалшиканон ба назар нагирем, ба ҷомеайи шӯравӣ намакандешона шукр ҳам гуфтаанд.

Муносибатҳойи Лоиқ ва Бозор ба воқеаҳойи пасошӯравӣ низ яксон набуданд. Бозорро соли аввали истиқлол зиндонӣ карданд ва фақат дар натиҷайи далолату дахолати ташкилотҳойи байналхалқии ҳуқуқи башар раҳойӣ ёфт. Ин порайи рӯзгори сиёсии шоир ба ҷараёни эҳсосу афкори иҷтимоии минбаъдааш нақши равшан гузошт. Бозор фаъолияти диссидентиашро давом дода дар зимн ҳатто нисбат ба халқу ватанаш тамоман мавқейи интиқодиро ишғол кард. Чунончӣ, дар ашъори “пасоинқилобии” ӯ байтҳойи зерин ҳастанд:

Аз шаҳри ман ба ғайри сафедии пахтааш,
Дар ёди ман сафедии дигар намондааст.
Ҳар одамаш мусаввадайи одам асту бас,
Як одами сафед ба хотир намондааст…

Ин сатрҳойи манзумро ҳамчун ифодайи ҳисси бадбинӣ ё бадхоҳӣ нисбат ба тоҷику Тоҷикистон таъбир кардан нашояд ва набояд. Хусусан ки чунин мотиви лирикӣ дар ашъори Лоиқ ҳам вомехӯрад: «Дар ҳеҷ одам ояте з-одам намондааст». Лоиқ мисли Бозор ба беруни кишвар муҳоҷир нашуда бошад ҳам, дар муҳоҷирати дарунӣ буд:

Дар ин ватан чун беватан бечораам, бечораам,
Бо дарду доғи дилшикан дилхораам, дилхораам.
Оворагии сад ҷаҳон ин сон набошад дилгусил,
Ман андаруни хештан овораам, овораам.

Дар воқеъ, солҳойи ҷанги ҳамватанӣ, замоне, ки ситорасӯхтагони диёри хуршедиаш дар хирмани худсӯхтаашон дар ҳоли мурғи посӯхта буданд, худи ӯ “ду лаби дӯхта” дошт. Аммо, чунон ки маҷмӯайи ашъори охиринаш “Фарёди бефарёдрас”далели гӯёст, дар айёми сахтию тангӣ Лоиқ дар Ҳаҷлайи Оҷ пинҳон нашуда буд. Вай ба некӣ дарк мекард, ки дар ҷодайи ҳарбу зарби инсон баройи зиндадорию зиндагисозӣ, ки бозтобе аз разми ҳамешагии зишту зебо, ҳаққу ботил ва хайру шар мебошад, бурротарин шамшери шоири дилсӯзу худогогоҳ – теғи забон аст. Лоиқ дар охирҳойи умри ҷисман бебақою маънан ҷовидаш қуввати ҳамин силоҳро ҳунармандона кор фармуда бо ҷаҳолат ва хиёнат, нодидагию ғафлатзадагӣ, маҳалбозию бутсозӣ қаҳрамонсифатона ҷангид.

Бозори Собир ҳам ба ин асолату рисолати адабу ҳунари воло вафодор монд. Ӯ дар баробари Мӯъмини Қаноат ва Лоиқи Шералӣ аз сутунҳойи назми эҳёиест, ки солҳойи шастӯму ҳафтодӯм ҷунбиши фарҳангиро оғозида минбаъд қуввати маънавӣ бахшида буд. Ин худаш як хидмати назарраси иҷтимоию фарҳангист. Аз Бозор ашъори латифаш мемонад, на «симхорҳояш», ки соддалавҳона миёни тоҷикони ду тарафи ағба ва ё дар байни мардумони ҳамзабонони Варорӯду Эрону Афғонистон кашиданӣ шудаст. Дар ёди таърихии бародарони эрониамон низ ҳамон гуфтори манзуми «Меҳроби намози ман» нақш хоҳад баст, ки Бозор самимона суруда буд. Чунон ки худи ӯ боре иқрор кардааст, замоне мӯҳрайи меҳри Эронро дар бозуяш чунон сахт баста буд, ки «дигарбора ҳаргиз нашавад боз ӯ». Ва агар акнун Бозор ҳамон меҳрашро аз ёду хотираш зудуданӣ бошад, ба яқини комил ба амри муҳол даст мезанад! Чаро ки сайргоҳи меҳри ориёӣ (ё, ба истилоҳи илми ҳозира гӯям, менталитети ҳиндуурупойӣ) шуур нест; вай аз жарфи таҳтушшуури ҳар як тоҷику эронӣ нурпошӣ мекунад!

Ба қадри Лоиқ, чунон ки бояду шояд, расидем (дар даврони Шӯравӣ), вале аз ҳама муҳиммаш ӯро эҳтиёт накардем (замони пасошӯравӣ). Бароям муаммойи тамом аст, ки шоир вақти даргузашти худро аз дунё дар ғояти аниқӣ се сол пеш аз марги фоҷианокаш пешгӯйӣ карда буд:

Ало, эй қарни бисту як, аҷаб нест,
Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ..

Лоиқ дар ғояти рӯҳафтодагӣ «на танҳо дар дилам уммедҳойи инҷаҳонӣ мурд, накӯтар бингарам, дар пеши чашмам зиндагонӣ мурд» гуфтааст – якинан аз рӯзгоре дилаш монда буд, ки ба кавли худаш аввал ӯро тоҷи сари худ хонду сонӣ ба хоки тар биншонд! Ва аммо… ба ёд оварем рӯзгори ҳамдиёри Лоиқ устод Рӯдакиро, ки дар айёми пирӣ бо вуҷуди дар холигоҳи байни «қазойи Яздон» ва «нафси Кайвон» тахтакулоҳ шуданаш, ба нирӯйи фарҳодии тахайюл аз деҳайи сағираш ба Кайҳони Кабир роҳ кушода ба гирдгардиши ҷаҳон умед баста буд. Лоиқ ҳам аз пастии Қаряйи Боло ба қуллаҳойи барфпӯши Варзоб нигариста бар хилофи ҳосидонаш, ки мегуфтанд «ҳар фарозеро нишеб ояд», нек медонист, ки охир ҳар нишеберо фароз ояд.

Ва бо Буроқи каломи мухайял дар Коиноти тасаввуру тааммул сайр мекарду Ҳофизвор худро тасаллӣ медод: “сухан бигӯй, ки бар сафҳайи ҷаҳон ин нақш монад аз қаламат ёдгори умр ”…

XS
SM
MD
LG