Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати футболбозони тоҷик дар бозӣ бо мунтахаби Ҷопон эълон шуд


Ситоди мураббиён бо раҳбарии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили тими миллии Ҷопон омодагӣ мегиранд, эълон кард.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Ба дастаи мунтахаб чаҳор легионер – ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон) ва Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон) – даъват шудаанд.

Нимҳимоятгари 29-сола Фатҳулло Фатҳуллоев, ки дар бошгоҳи футболи «Бухоро»-и Узбекистон бозӣ мекунад, дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили тимҳои миллии Мянмар (14-уми ноябр, Янгон) ва Қирғизистон (19-уми ноябр, Бишкек) ширкат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки кумитаи ахлоқи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пештар Фатҳулло Фатҳуллоевро, ки дар бозии даври охирини мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 муқобили мунтахаби Филиппин (1:2) корти сурх гирифта буд, аз ҳаққи ширкат дар се бозии расмӣ маҳрум кардааст. Фатҳуллоев дар ду бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Қирғизистон (1:0) ва Муғулистон (1:0) иштирок надошт.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар омодагиро ба бозӣ муқобили мунтахаби Ҷопон рӯзи якшанбеи 6-уми октябр дар Душанбе шуруъ мекунад.

Бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи сешанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:15 шуруъ мешавад. Нархи билет барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Ҷопон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарсе аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду аз «Кӯктош»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "F" дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “F”

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

2-0

6

2

Ҷопон

1

1

0

0

2-0

3

3

Муғулистон

2

1

0

1

1-1

3

4

Қирғизистон

1

0

0

1

0-1

0

5

Мянмар

2

0

0

2

0-3

0

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Ҷопон – Муғулистон

Қирғизистон – Мянмар

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Ҷопон

Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Ҷопон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG