Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, ки амалиёти Туркия дар шимоли Сурия ба зудӣ оғоз мешавад


Пас аз нашри баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Туркия дар мавриди сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Вашингтон барои гуфтугӯ бо Доналд Трамп дар мавриди Сурия, Кохи Сафед дар баёнияе гуфтааст, амалиёти артиши Туркия дар минтақаҳои шимолии Сурия "наздик аст".

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Туркия рӯзи якшанбе эълом карда буд, оқои Эрдуғон барои мулоқот бо Доналд Трамп ва гуфтугӯ дар мавриди ташкили "минтақаҳои амн" дар шимоли Сурия -- манотиқе ки макони ҳузури ниманизомиёни курди мавриди ҳимояти Амрикост, моҳи оянда роҳии Вашингтон мешавад.

Вашингтон ба ин изҳорот вокунише нишон надода буд. Баёнияи Кохи Сафед дар мавриди тамоси телефонӣ дар соатҳои ахири якшанбеи 6-уми октябр ба вақти Амрико, мунташир шуд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Доналд Трамп рӯзи якшанбеи 6-уми октябр телефонӣ гуфтугӯ карда буданд.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи сешанбеи гузашта ҳушдор дода буд, ки кишвараш дар шимол-шарқи Сурия даст ба амалиёти низомӣ хоҳад зад. Амрико дар баёнияе гуфтааст, "Туркия ба зудӣ амалиётеро, ки муддатҳост барномарезӣ кардааст, дар шимоли Сурия оғоз хоҳад кард".

Дар ин баёния омадааст, "нерӯҳои низомии Амрико аз ин амалиёт ҳимоят нахоҳад кард ва нақше низ дар он нахоҳад дошт ва нерӯҳои ИМА дар ҳоле, ки ба кори ДИИШ дар минтақаҳои таҳти назорати онҳо (дар Сурия) поён додаанд, дигар дар минтақаҳои атрофи он нахоҳанд буд".

Кохи Сафед айни ҳол таъйид кардааст, ки Туркия дар сурати амалиёт, ҳама зиндониёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро, ки тайи ду соли гузашта асир шудаанд, дар ихтиёр хоҳад гирифт.

Ҳукумати Амрико мегӯяд, ба Фаронса, Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ барои бозпасгирии зиндониёни ДИИШ, ки шаҳрвандони ин кишварҳо ҳастанд, фишор овардааст, аммо онҳо аз бозпасгирии ин афрод худдорӣ кардаанд. "Амрико онҳоро нигаҳ нахоҳад дошт. Коре ки мумкин аст солҳо давом кунад ва хароҷоти онро бояд андозсупорандагони амрикоӣ пардохт кунанд".

Дар баёнияе, ки дафтари раёсати ҷумҳури Туркия пас аз тамоси телефонии рӯзи якшанбе нашр кард, гуфта шудааст, ки оқои Эрдуғон нохушнудии худро аз муваффақ набудани Амрико дар амал ба тавофуқҳои суратгирифта дар мавриди эҷоди "минтақаҳои амн", баён кардааст.

Дар авоили моҳи август Туркия ва Амрико эълом карда буданд, ки барои эҷоди як маркази амалиётии муштарак дар Туркия ба ҳадафи ҳамоҳангӣ дар робита бо "минтақаи амн" дар шимоли Сурия, ба созиш расиданд.

Туркия созмони Воҳидҳои дифои мардумӣ дар шимоли Сурияро гурӯҳи "террористӣ" медонад ва хостори қатъи ҳимояти Амрико аз онҳо шудааст. Амрико аммо ин гурӯҳро, ки бахши асосии "Нерӯҳои демократии Сурия"-ро ташкил медиҳад ва нақши муҳиме дар ҷанг бо "Давлати исломӣ" дошт, гурӯҳи террористӣ намедонад ва аз он ҳимоят кардааст.

Анқара хостори ташкили минтақаи амн то 30 километри дохили қаламрави Сурия аст. Андозае, ки гуфта шуда буд Амрико мухолифи он мебошад.

Туркия бар иловаи масъалаи вобаста ба ҳузури низомиёни курд дар наздикии марзҳояш, ҳамчунин мизбони 3,6 миллион паноҳандаи суриягӣ низ ҳаст ва мехоҳад теъдоди 2 миллион тан аз онҳоро дар "минтақаҳои амн" дохили Сурия ҷобаҷо кунад.

XS
SM
MD
LG