Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор дар зодрӯзи Путин: Пас аз 13 сол аз марги Анна Политковская чӣ медонем?


13 лет назад была убита Анна Политковская
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

13 сол пеш, 7-уми октябри соли 2006 журналисти "Новая газета" Анна Политковская дар даруни лифти хонаи худ бо чаҳор зарби тир ва яке ҳам ба сараш кушта шуд.

Пулис дар ҷойи воқеа туфангчаи ПМ ва чаҳор найча ё гилзаи тир пайдо кард ва ҳам лулаи садохомушкунеро, ки ба мили туфангча пайваст буд. Кушторро фармоишӣ унвон карданд.

"Анна Политковскаяро онҳое куштанд, ки аз фошкориҳояш метарсиданд ва медонистанд, ки ӯро харида намешавад ва танҳо қатл метавонад, ӯро боздорад", – навишт он вақт шореҳи низомии "Новая газета" Вячеслав Измайлов дар соли 2006.

Шуҳрати Анна Политковская аз куҷост?

Политковская ҳомии ҳуқуқ ва журналист буд. Аз соли 1999 то лаҳзаи маргаш вай ба ҳайси хабарнигори махсус ва шореҳи "Новая газета" кор кард.

Политковская ҳангоми кораш дар минтақаи ҷангзада ҳангоми Ҷанги Дувуми Чечен шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Вай аз ҷиноятҳои артиши Русия, силоҳдорони чечен ва ҳукумати рӯ ба Кремлии Чеченистон менавишт.

Политковская соли 2002 дар гуфтушунид бо шӯришиёни чечен, ки дар театри Дубровкаи Маскав одамонро гаравгон гирифта буданд, иштирок кардааст. Вай ва ҳамкоронаш ба гаравгонҳо хӯроку об ва маводи дигари ғизоӣ бурданд, чизе, ки террористон иҷоза дода буданд.

Баъд аз хабардор шудан аз ҳодисаи Беслан (2002), Политковская ба ҷойи ҳодиса рафт, вале дар дохили ҳавопаймо заҳролуд шуд. Вай гуфта буд, ки ӯро заҳролуд карданд, то дар гуфтушунид бо террористон иштирок накунад.

Кӣ чӣ гуфт?

Политковская яке аз мунтақидони раҳбари ҳозираи Чеченистон Рамазон Қодиров ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин буд.

Идораи "Новая газета" эълон кард, то замоне ки нашрия вуҷуд дорад, қотилони Политковская "ором нахоҳанд хуфт". "Мо ҳеч гоҳ марги Аннаро қабул карда наметавонем. Мо қотилонро мекобем. Тахмин мезанем, ки онҳо дар куҷо ҳастанд", -- навиштаанд кормандони нашрия.

Назди хонаи Политковская, ҷое, ки журналистро куштанд
Назди хонаи Политковская, ҷое, ки журналистро куштанд

​Владимир Путин баъд аз се рӯзи қатли Политковская дар ин бора гап зад. Вай дар посух ба суоли он ки оё ҳукумати Русия дар ин фоҷиа даст дорад ё не, гуфт, "куштори Политковская дар муқоиса ба навиштаҳояш бештар ба Русия осеб расонд."

"Ӯ дар маҳфилҳои журналистӣ ва мудофеони ҳуқуқ машҳур буд, аммо ба ҳаёти сиёсии Русия таъсири камтарин дошт", -- гуфт Путин ва афзуд, "ин ҷиноят набояд бе ҷавоб монад".

Рамазон Қодиров он замон нахуствазири Чеченистон буд ва ҳодисаро "фоҷиаи бузург" ва "андуҳи ваҳшатнок" барои пайвандон, ҳамкорон ва наздикон донист. "Мехоҳам бигӯям, новобаста аз он ки навиштаҳои Политковская дар бораи Чеченистон на ҳамеша воқеъбинона ё холисона буд, ман ҳамчун инсон воқеан мутаассифам", -- гуфт Рамазон Қодиров.

Фарзияҳои куштор ва ҳукми шаш нафар

Нахуствазири вақти Чеченистон Рамазон Қодиров ҳангоми таҷлил аз 30-солагиаш. Як рӯз пеш аз қатли Анна Политковская. 6-уми октябри соли 2006
Нахуствазири вақти Чеченистон Рамазон Қодиров ҳангоми таҷлил аз 30-солагиаш. Як рӯз пеш аз қатли Анна Политковская. 6-уми октябри соли 2006

​Баъд аз марги Политковская дарҳол чанд фарзияи куштори ӯ ба миён омад. Баъзеҳо Рамазон Қодировро дар ин кор гумонбар донистанд. Политковская пеш аз маргаш гуфта буд, сабти видеоӣ дорад, ки нахуствазири онвақтаи Чеченистон ва зертобеонаш сарбозонро мезананд.

Дар фарзияи дигар гуфта мешуд, ки дар паси куштори Политковская ҳукумати Русия меистад. Дар ин бора афсари пешини ФСБ Александр Литвиненко (худи ӯ соли 2006 дар Лондон заҳролуд шуд) ибрози назар карда буд. Баъзеҳо куштори журналистро "ҳадя ба Путин" медонанд, чун қатл дар рӯзи таваллуди раиси ҷумҳури Русия сурат гирифтааст.

Додгоҳи шаҳри Маскав соли 2014 Рустам Маҳмудов ва Лом-Али Гайтукаев аз Чеченистонро умрбод аз озодӣ маҳрум кард. Аввалӣ ба ҳайси "иҷрогар" ва дувумӣ ҳамчун "созмондиҳандаи қатл" гунаҳкор шуданд. Се марди дигар – Сергей Ҳоҷиқурбонов, Иброҳим ва Ҷабраил Маҳмудовҳо – бо ҷурми даст доштан дар ин ҳодиса ба 20, 12 ва 14 соли зиндон маҳкум шуданд.

​Ҳамчунин маъмури собиқи пулиси Маскав Дмитрий Павлюченковро 11 сол ба зиндон андохтанд. Вай дар додгоҳ эътироф кард, ки Политковскаяро таъқиб мекард.

Фармоишгар ёфт нашуд, парванда "хобидааст"

Рустам Маҳмудов, Лом-Али Гайтукаев, Сергей Ҳоҷиқурбонов, Ҷабраил Маҳмудов ва Иброҳим Маҳмудов дар додгоҳ. 15-уми январи соли 2014
Рустам Маҳмудов, Лом-Али Гайтукаев, Сергей Ҳоҷиқурбонов, Ҷабраил Маҳмудов ва Иброҳим Маҳмудов дар додгоҳ. 15-уми январи соли 2014

Бо ин ҳол, фармоишгар ё фармоишгарони куштори Анна Политковская ёфт нашудаанд. Анна Ставитская, вакили мудофеи хонаводаи Политковская мегӯяд, парвандаи қатли журналист "хобидааст" ва аз як даст ба дасти дигар мегардад.

"Ягона коре, ки онҳо мекунанд, замони тафтишро дароз мекунанд", -- гуфт Ставитская дар 13-умин солгарди куштори журналист. Ба қавли ӯ, муфаттишон бори охир баҳори имсол бо онҳо тамос гирифта буданд.

Иля ва Вера, фарзандони Анна Политковская, ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят карда ва Русияро ба таҳқиқи бесамари куштори модарашон айбдор кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG