Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо


Мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 2-4-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии гуштигирони тоҷику узбек ба поён расид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори ҳафтум сурат гирифт, беш аз 250 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Мусобиқаи имсола аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон доир гардид. Дар чаҳор вазн гуштигирон аз Узбекистон ва дар се вазн паҳлавонони тоҷик ғолиб омаданд.

Дар ҳисоби дастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 10 медал (4 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 17 медал (3 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ) ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Қазоқистон, ки соҳиби як медали биринҷӣ гардид, ҷойи севумро азони худ кард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар ҳар як вазн ба ҷуз медалу ифтихорнома, ҷоизаҳои молӣ муқаррар шуда буд. Ба ғолиб 10000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 2500 сомонӣ супурда шуд.

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Дар мусобиқаи соли гузашта, ки аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, 248 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доштанд.

Мусобиқаи порсола низ аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо миёни мардон сурат гирифта буд. Дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик Раҳматулло Фарҳодов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Дар се вазни дигар гуштигирони узбек Достон Рӯзиев (-60 кг), Абдуҷалил Юсупов (-66 кг) ва Достон Мелиев (-90 кг) ғолиб омаданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон:

-60кг

1. Ҷасур Самадов (Узбекистон)

2. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)

3. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)

3. Собирхоҷа Юсупов (Узбекистон)

-66кг

1. Азамат Матяқубов (Узбекистон)

2. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)

3. Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)

3. Ориф Додов (Точикистон)

-73кг

1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)

2. О. Нуъмонов (Узбекистон)

3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)

3. Шоҳрӯз Бердиев (Узбекистон)

-81кг

1. Асрор Тоҷиев (Узбекистон)

2. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

3. Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)

3. Арқадай Балай (Қазоқистон)

-90кг

1. Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон)

2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)

3. Темур Маҳмадов (Тоҷикистон)

3. Достон Мелиев (Узбекистон)

-100 кг

1. Соҳиб Қурбонов (Узбекистон)

2. Акмалмурод Худойбердиев (Узбекистон)

3. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

3. Фарёд Шайхов (Тоҷикистон)

+100 кг

1. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)

2. Хайдок Тураев (Узбекистон)

3. Нурулло Неъматов (Тоҷикистон)

3. Одил Сафаров (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG