Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Омодагии ҳизбҳои Қирғизистон ба интихоботи порлумонии соли 2020

Ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2020-ро шуруъ карданд. "Республика - Ата Журт", дувумин ҷиноҳи бузурги порлумонӣ, тасмим надорад, ки бо ҳайати кунуниаш дар интихоботи навбатӣ ширкат варзад.

"Ата-Журт" қасд дорад, дар интихобот мустақилона ва бо роҳбарии Камчибек Ташиев ширкат варзад. "Республика" ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва ҳамчунин роҳбарии ҳизб низ номаълум боқӣ монда, ширкати Омурбек Бабанов дар интихобот низ норушан аст.

Ҳизбҳои "Республика" ва "Ата-Журт", ки дар остонаи интихоботи соли 2014 эътилоф ташкил карда буданд, аз рӯи шумори мандати вакилон дар порлумон ҷои дувумро соҳиб шуданд. Аммо ҳизбҳо тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи соли 2020 ба таври алоҳида ширкат варзанд.

Вакилон посухи дақиқ надоранд, ки "Республика" дар интихоботи соли оянда ширкат хоҳад кард ё на. Пештар аз ин ҳизби "Қирғизистон" низ хабар дода буд, ки дар интихоботи соли 2020 ширкат хоҳад кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Посухи мақомот ба тақрибан 80 муҳоҷири дармондаи тоҷик дар Беларус. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Ҳудуди 80 муҳоҷири тоҷик, ки дар Беларус дармондаанд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Минск ҷамъ шуданд.

Масъулони сафорат ба онҳо гуфтаанд, нақша ҳаст, ки муҳоҷирони дармондаро ҳарчи зуд ба ватан баргардонанд.

Як масъули сафорат мегӯяд, дар навбати аввал муҳоҷиронеро мебаранд, ки тасодуфан ба Беларус омада, дар инҷо дармонданд. Онҳое, ки дар Беларус кор мекунанд ва ё қаблан ҷойи кор доштанд, дертар фиристода хоҳанд шуд.

Аз охири моҳи март парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон қатъ шуд ва садҳо муҳоҷири тоҷик дар кишварҳои гуногун дармонданд. Дар ду ҳафтаи ахир теъдоде аз онҳоро аз Русияву Туркия ва Ҳиндустон ба ватан баргардонданд.

Сабти 123 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

Озмоишгоҳи нав дар шаҳри Хуҷанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 123 мавриди дигари гирифторӣ ба коронавируси навро сабт кард ва шумори умумии беморон то 29-уми май ба 3686 нафар расид. Ба иттилои расмӣ то ин дам 1769 нафар шифо ёфта, дар се рӯзи гузашта касе нафавтидааст. Теъдоди умумии ҷонбохтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 47 нафар аст.

Бо ин вазъ шубҳаҳо ба оморҳои расмӣ зиёд аст ва бисёриҳо мегӯянд, мақомот на ҳама ҳақиқатро дар бораи коронавирус баён медоранд.

Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет, шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" то 29-уми май зиёда аз 360 кас ҳисоб шуда буд.

Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд ва дастрасӣ ба онро дар ҳудуди кишвар масдуд кардаанд.

Бахши нави ДНС-ҳои амрикоӣ ба Русия ирсол мешаванд

Дастгоҳи нафаскашии сунъии Hamilton-C2 дар як беморхонаи Маскав

Ҳукумати ИМА ба унвони як иқдоми ҳусни ният ба Маскав барои бори дуюм Дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ (ДНС) ирсол мекунад, ки барои кӯмак дар мубориза бо коронавирус дар Русия нигаронида шудааст, вале ин тасмим мавриди суоли мунаққидони президент Доналд Трамп қарор гирифт. Сухангӯи ширкати Vyaire Medical дар Чикаго дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 30 май 150 адад ДНС ба Маскав ирсол мешавад. Патрик Оконнор гуфт, ки қаблан дар моҳи май тавассути USAID ба Русия 50 чунин дастгоҳ ирсол шуда буд. Сухангӯ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард, аз ҷумла, маълум нест, ки оё арзиши ин дастгоҳҳо ва харҷи роҳи онҳо чанд аст. 50 адад ДНС, ки рӯзи 21 май ба Русия ирсол шуд, аз ҷониби сафорати ИМА дар Маскав ҳамчун “ёрии башардӯстона” арзёбӣ шудааст. Он замон мақомот гуфтанд, ки қимати куллии 200 вентилятор тахминан 5,6 миллион доллар мешавад ва ИМА “харҷи 100-дарсадии нарху интиқол ва васоили аввалияро” пӯшиш медиҳад. Русия ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст. Русия рӯзи 29 май дуюмин кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати шумори олудашудаҳо ба коронавирус буд ва дар ин кишвар дар робита бо дурустии иттилои расмӣ дар бораи ҳалокати инсонҳо бар асари COVID-19 шубҳаҳо баён мешавад.

Твиттер изҳороти Трамп дар бораи бенизомиҳои Миннеаполисро бо рамзи “таҳрики хушунат” ишора кард

Ҳушдори Твиттер дар бораи изҳороти Трамп

Шабакаи иҷтимоии Твиттер ба як изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи бенизомиҳо дар шаҳри Миннеаполис рамзи “таҳрик ба хушунат” гузошт ва гуфт, ки ин навиштаҷот қоидаро нақз мекунад, вале пок намешавад. Ин таҳаввулот ихтилофи тоза эҷодшуда миёни Трамп ва Твитерро амиқтар кард, чун як рӯз пеш аз ин Трамп қароре имзо кард, ки масунияти қонунии шабакаҳои иҷтимоии мисли Твиттер ва Фейсбукро барои матолиби дар саҳифаҳои онҳо нашршаванда заъиф мекунад. Трамп дар изҳороти ахираш навишт, ки ба Миннеаполис низомиён сафарбар шуданд, чун баъди марги як сиёҳпӯсти бесилоҳ, ки бо гумони нигаҳдошти пулҳои қалбакӣ боздошт шуд, мақомот бо бенизомиҳои афзоянда рӯбарӯ ҳастанд. Трамп навишт: “Ин КАЛЛАБУРҲО хотираи Ҷорҷ Флойдро бешараф мекунанд ва ман намемонам, ки чунин шавад. Ҳоло бо волӣ Тим Волтс сӯҳбат кардам ва гуфтам, ки низомиён тамоми вақт дар канорашон хоҳанд буд. Дар сурати ҳар мушкил назорат таъмин мешавад ва агар дуздӣ шуд, тирандозӣ оғоз мешавад. Ташаккур”.

Дар посух Твиттер гуфт, ки ин изҳорот қоидаҳои Твитерро нақз мекунад, чун мазмунаш таҳрими хушунат аст. Вале бо ин вуҷуд, ба навиштаи Твиттер, онро пок намекунад, чунки ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.
Қабл аз ин баъди ду навиштаи Трамп дар бораи овоздиҳӣ тавассути почта, ки гӯё ба тақаллуб сабаб мешавад, Твиттер гуфт, ки ин навиштаҳо ба ҳақиқат наздик нест ва ин иқдоми Твиттер мояи хашми президент шуд. Ӯ рӯзи 28 май қароре имзо кард, ки сохторҳои давлатиро вазифадор мекунад, ҷорӣ кардани танзими кори ширкатҳои фароҳамкунандаи кори шабакаҳои иҷтимоиро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Вале коршиносон шубҳа доранд, ки татбиқи қарор бидуни ризоияти Конгресс имконнопазир аст ва додгоҳ ҳам онро пуштибонӣ нахоҳад кард.

Ҳавопаймои "Уралские авиалинии" 22 муҳоҷир ва 6 тобутро ба Душанбе овард

Як ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" 22 шаҳрванди Тоҷикистон ва тобути шаш муҳоҷири фавтидаро аз Маскав ба Душанбе овард. Парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ 29-уми май сурат гирифт.

Як манбаъ дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳукми ихроҷи 22 муҳоҷир барвақт содир шуда, онҳо дар боздоштгоҳҳои Маскав қарор доштанд. Ҳавопаймо дар роҳи бозгашт шаҳрвандони Русияро ба Маскав мебарад.

Дар наворе, ки рӯзи 29-уми май корбарони Радиои Озодӣ аз фурудгоҳи Душанбе фиристоданд, дида мешавад, гурӯҳе аз мусофирон барои парвоз ба Русия омода мешаванд.

Интизор меравад, рӯзи 30-юми май низ як ҳавопаймои чартерӣ аз Санкт-Петребург ба Тоҷикистон биояд.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, онҳо дар мадди аввал ихроҷшудаҳоро ба ватан мефиристанд. Дар баробари онҳо, садҳо муҳоҷири қатории тоҷик мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Ҳанӯз маълум нест, парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистону Русия кай барқарор мегардад ва ҳамингуна марзҳои байни кишварҳо кай боз мешавад. Парвозҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон нимаи дувуми моҳи март қатъ шудааст.

Рӯйхати "сиёҳ"-и Бонки Миллӣ нав шуд. Номи 2647 касро ворид кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳукумат онҳоро дар робита бо терроризм муттаҳам карда, зери пайгард қарор додааст, дар ҳафт моҳи ахир беш аз 200 нафар афзудааст.

Рӯйхатти "сиёҳ"-и Бонки Миллӣ бори аввал се сол пеш таҳия шуд ва ҳар сол саффи "афроди алоқаманд ба терроризм" дар он бештар мешавад.

Баъзе афроде, ки номи худро дар ин рӯйхатти "сиёҳ" ёфтаанд, бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, дар як қатор ҷой додани террористон ва мухолифони сиёсӣ "аз рӯйи адолат нест".

Дар феҳрасти наве, ки Бонки Миллӣ рӯзи 27-уми май нашр кард, дар маҷмӯъ 2647 шаҳрванди Тоҷикистон "шахсони ба терроризм алоқаманд” эътироф шудаанд. Моҳи октябри соли 2019 дар ин феҳраст номи 2392 нафар дарҷ шуда буд.

Ин феҳрастро Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ тартиб медиҳад, ки бо FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул ҳамкорӣ дорад.

Феҳрасти созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви ин созмон дастрас хоҳад буд.

Дар феҳрасти афроде, ки сохторҳои интизомии Тоҷикистон онҳоро дар экстремизм муттаҳам мекунанд, чандин фаъоли мухолифи ҳукумат ҳам ҳастанд. Дар миёни онҳо, аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва ҲНИТ мебошанд, ки дар озодӣ ва дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Дар кул ашхосе, ки Бонки Миллӣ онҳоро “афроди алоқаманд ба терроризм” медонанд, мегӯянд, барояшон то ҳол муаммо аст, ки чаро мақомоти тоҷик онҳоро дар терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғуланд.

Дар ҳамин ҳол, феҳрасти шахсони ҳуқуқӣ ва ё созмонҳое, ки бо терроризм алоқаманд ҳастанд, низ нав шудааст. Дар ин феҳраст, номи даҳ созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ зикр шудааст. Ба фарқ аз рӯйхатти пешина ин бор номи “Паймони миллии Тоҷикистон” – эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷа илова шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 "Паймони Миллии Тоҷикистон", эътилофи ниҳодҳои мухолифи давлатро дар хориҷа созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кардааст. Аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

Марафони дави Бостон тирамоҳ ҳам барпо намешавад

17 апрели соли 2017, гурӯҳи занон дар марафони Бостон ширкат мекунанд

Дар ИМА барои аввалин бор дар 124 сол баргузории марафони Бостон, ки ба 14 сентябр таъин шуда буд, бекор карда шуд. Дар ин бора шаҳрдори Бостон Мартин Уолш дар сайти расмии марафони дав хабар дод. Қаблан ҳам дави маъруфи серҷамъият бо сабаби пандемияи коронавирус аз 20 апрел ва 14 сентябр паспарто шуд, вале ҳоло ташаббускоронаш гуфтанд, ки онро ба шакли виртуалӣ баргузор мекунанд. Иштирокдорон бояд 42 километр масофаро дар 6 соат убур карда тасдиқи дави худро ба ташкилкунандагон фиристанд. Дар поёни он ба ширкатдорон футболка, нишон ва як рамзи давандаи марафон тақдим мешавад. Ҳар сол дар марафони Бостон даҳҳо варзишгари касбиву беш аз 30 ҳазор дӯстдорони дави варзишӣ иштирок ва беш аз як миллион нафар ҳамасола аз ин маросим мушоҳида мекунанд. Масъулон гуфтанд, ки ташкили чунин маъракаи серодам бо риояи меъёрҳои бехатарӣ ва фосилагирӣ имконнопазир хоҳад буд ва маълум аст, ки ин масъала то тирамоҳ ҳам ҳалли худро намеёбад. Марафони Бостон аввалин бор соли 1897 бо иштироки 15 нафар баргузор шуд. Соли 1918 бо сабаби ҷанги якуми ҷаҳон он ба шакли эстафета баргузор шуд. Соли 2013 баъди он ки дар марраи ниҳоии марафон ҳамлаи террористӣ рух дод, маърака боздошта шуд. Дар он ҳодиса се нафар кушта ва 300 нафар захмӣ шуд.

Трамп дар бораи қонуни амниятӣ дар Ҳонгконг як эълон хоҳад кард

Сокинони Ҳонгконг шадидан мухолифи қабул шудани қонун дар бораи амнияти миллӣ ҳастанд ва чандин рӯз эътироз карданд

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки рӯзи 29 май дар як нишасти хабарӣ дар робита бо Чин ва қабули қонун оид ба амнияти миллӣ дар Ҳонгконг як эълон хоҳад кард. Трамп ваъда дод, ки дар робита бо қабул шудани қонун рӯзи 28 май як вокуниши тунд хоҳад кард, вале шарҳи бештар надод. Нигарониҳо вуҷуд дорад, ки Чин аз роҳи ин қонун озодии минтақаи Ҳонгконг ва мақоми нимамухтори онро барҳам мезанад. Трамп ҳақ дорад, ки ба имтиёзҳои Ҳонгконг нуқта гузорад, вале ҳоло маълум нест, ки оё ҳамин тавр хоҳад кард ё на. Эҳтимол меравад, Трамп таҳримҳои ҳадафмандона, тарруфаҳои нав ва маҳдудиятҳои бештарро болои ширкатҳои чинӣ ҷорӣ кунад. Анҷумани миллии мардумӣ рӯзи 28 май тарҳи қонунро қабул кард. Қонунгузории нав хиёнат, сарнагуншавӣ, ошӯб ва мудохилаи хориҷиро манъ мекунад. Он инчунин ба Пекин имкон медиҳад, ки барои ҷилавгирӣ аз эътирозҳо дар Ҳонгконг посгоҳҳои оҷонсиҳои амниятии маҳаллӣ таъсис шаванд. Сарвазири Чин Ли Кесян дар ташреҳи қонун гуфт, ки қонунгузорӣ субот ва шукуфоии шаҳрро тақвият хоҳад дод ва ба принсипи конститутсионии Чин дар қиболи Ҳонгконг оид ба "як кишвар, ду система" мувофиқат мекунад.

Президенти Косово ҳукми додгоҳи конститутсионӣ дар бораи нахуствазирро истиқбол кард

Ҳошим Тачӣ ва Албин Куртӣ

Президенти Косово Ҳошим Тачӣ ҳукми додгоҳи конститутсионии кишварро, ки бо таъини нахуствазири нав ба ҷои иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Албин Куртӣ розӣ шуд, истиқбол намуд. Тачӣ гуфт, муҳим аст, ки ҳар иқдом мутобиқ бо конститутсияи Косово анҷом шавад. Ӯ дар изҳороти фейсбукии худ рӯзи 28 май гуфт, ки Косово дар муқобили чолишҳои зиёд қарор дорад, аз ин рӯ барои ташкили ҳукумати нав набояд вақти беҳуда сарф шавад.
Абдулло Ҳотӣ, ки Тачӣ нахуствазир таъин кард, ҳамчунин аз ин қарор истиқбол намуд ва гуфт, ки фурсати “ваҳдат ба хотири оянжаи давлат ва шаҳрвандони мо расидааст”. Ҳоло интизор меравад, ки ҳизби чапгарои “Худмухторӣ” ба нишони эътироз аз қарори додгоҳ ва бо талаби баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат мардумро ба эътирозҳои сартосарӣ даъват бикунад.

Ба ВКД-и Русия эҷоди замимаи рейтинги иҷтимоии муҳоҷиронро машварат доданд

Мардони тоҷики мунтазири кор дар канори Душанбе. 10 апрели соли 2020


Дар Русия коршиносоне, ки бо Вазорати умури дохилии ин кишвар ҳамкорӣ мекунанд, ба ин ниҳод пешниҳод карданд, ки замимаи вижа оид ба “баҳои иҷтимоӣ” ваё рейтинги иҷтимоии муҳоҷирони корӣ ҷорӣ шавад. РИА “Новости” менависад, ки ин замима метавонад як барномаи ҳатмӣ барои истифода шавад ва “рейтинги эътимоди иҷтимоӣ” ба муҳоҷирони корӣ гардад.

Замима бояд иттило дар бораи мақоми иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷир, маълумоти биометрӣ, вазъи сиҳҳатӣ, қонуншиканиҳо ва ҷинояткориҳои аз ҷониби ӯ содиршударо дар худ гунҷоиш бидиҳад. Агар муҳоҷир нахоҳад, ки маълумот дар бораи ӯ ба замимаи “Мигрант” ворид шавад, рейтинг ё баҳои иҷтимоии ӯ поин меравад.
То эпидемияи коронавирус дар Русия бар асоси ҳисобҳои мухталиф аз 9 то 11 миллион муҳоҷир кор мекард. То соли 2024 аҳолии Русия танҳо аз ҳисоби муҳоҷирон метавонад зиёд шавад.
Таҷрибаи баҳодиҳии сартосарӣ то ҳол дар бархе манотиқи Чин таҷриба шудааст. Бар асоси таҳлили иттилои зиёд система ба ин афрод хариди билети нақлиёт, дастрасӣ ба таҳсил, кор дар сохторҳои давлатӣ ва ёрии иҷтимоиро иҷоза медиҳад. Вале ин низомро ҳомиёни ҳуқуқ дар Чин ва берун аз он ба шиддат интиқод мекунанд.

Пандемия: Аврупо маҳдудиятҳоро сабуку Осиё шадидтар мекунад

Беморхонаи Кавасаки дар Ҷопон

Дар ҳоле, ки кишварҳои аврупоӣ тадбирҳои маҳдудкунандаро тадриҷан сабук мекунанд, маҳдудиятҳои тоза ҷоришуда дар Осиё баёнгари он аст, ки охири пандемия ҳанӯз маълум нест. Шумори афроди бар асари COVID-19 фавтида дар саросари ҷаҳон аз марзи 360 ҳазор нафар гузашта олудагии беш аз 5,8 миллион нафар тасдиқ шудааст. Кореяи Ҷанубӣ, ки барои пайгирии қатъӣ аз бӯҳрони беҳдоштӣ ва роҳандозии тестҳои сартосарӣ, вале бидуни ҷорӣ кардани тадбирҳои шадиди маҳдудкунанда ситоиш мешуд, баъди чанд рӯзи баргашт ба таҳсил рӯзи 29 май беш аз 200 мактабро баста дубора донишҷӯҳоро барои таҳсили фосилавӣ ба хона баргардонид. Сеул гуфт, ки дар 24 соати гузашта дар ин кишвар 79 ҳодисаи нави олудагӣ ба қайд гирифта шуд ва ин омори баландтарин дар ду моҳи гузашта мебошад. Ҷопон, ки чанд рӯз пеш маҳдудиятҳоро бекор намуд, дар минтақаи Фукуока ҳодисаҳои нави олудагӣ ба вирусро ошкор кард.
Дар Аврупо коҳиши ҳодисаҳои олудагӣ ва марг бар асари коронавирус мушоҳида мешавад ва дар дар Фаронса нахуствазир Эдуард Филиппе гуфт, ки “озодӣ қоида ва маҳдудият истисно хоҳад буд”. Дар Фаронса аз ҳафтаи оянда нишастан дар ҳавлиҳои тарабхонаҳо ва зиёрат аз осорхонаҳо бо ниқоби тиббӣ иҷозат мешавад. Бритониё ҳам омода мешавад, ки ҳафтаи оянда кӯдаконро ба мактабҳо фиристода фурӯшгоҳҳоро дубора боз кунад. Дар Русия, ки 380 ҳазор ҳолати олудагии тасдиқшуда дорад ва баъди ИМА ва Бразилия дар ҷои сеюм аст, шумори марги инсонҳо дар Маскав дар моҳи апрел ду баробар бештар шуд. Мақомоти Маскав гуфтанд, ки шумори фавтидаҳо дар моҳи апрел на 639, балки 1561 нафарро ташкил додааст. Дар ИМА, ки шумори фавтидаҳо аз коронавирус аз 101 ҳазор нафар гузаштааст, мизони бекорӣ аз 40 миллион нафар ҳам гузашт. Дар Бразилия дар чор моҳи соли ҷорӣ панҷ миллион нафар бекор шуд. Дар Амрикои Лотинӣ вазъият вахим мемонад ва ин қора ба як нуқтаи доғ табдил шудааст.

Ҷеенбеков дар Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад

Президентҳои Қирғизистон ва Русия. Акс аз бойгонӣ.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷашнҳои бахшида ба 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ дар шаҳри Маскави Русия ширкат мекунад. Дар ин бора Толгонай Стамалиева, котиби матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар дод.

Пештар аз ин расонаҳои Русия ҳам навиштанд, ки Ҷеенбеков дар Ҷашни Ғалаба ширкат хоҳад кард.

Владимир Путин, президенти Русия эълом кард, ки Ҷашни Ғалаба 24 июн таҷлил шавад. Вай ҳамзамон ба зердастонаш дастур дод, ки омодагӣ бинанд. Ҷашни Ғалаба ҳамасола 9 май таҷлил мешуд, аммо густариши коронавирус соли ҷорӣ боиси таъхири таҷлили ҷашн шуд.

Дар Қирғизистон ва аксари кишварҳои пешини шӯравӣ чорабиниҳои оммавии бахшида ба 9 май соли ҷорӣ баргузор нашуданд.

Фавти чаҳор нафар дар як корхона дар Қазоқистон

Як корхона дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Чаҳор коргар дар корхонае дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон фавтида, ду тани дигар бистарӣ шудаанд. Дар ин бора аз раёсати назорат дар соҳаи меҳнат ва идораи ҳифзи сиҳатии вилояти Оқтеппа хабар доданд.

Ҳодисае, ки боиси марг ва бистарии коргарон шуд, рӯзи 28 май рух дод. Мақомот гуфтанд, ҳангоми поккории зарфи партовҳои кимиёӣ як коргар ҷароҳат бардошт ва панҷ тан аз ҳамкорони вай дохили зарф шуда, талоши наҷоти маҷруҳро карданд. Дар натиҷа ҳамаи ин коргарон аз ҳарорати моддаҳои кимиёӣ ҷароҳат бардоштанд, ки чаҳор танашон фавтида, ду тани дигар бистарӣ шуданд.

Мақомоти вилояти Оқтеппа гуфтанд, дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад.

Корхонаи моддаҳои кимиёӣ дар канораи Оқтеппа ҷойгир аст, ки маҳсулоти кимиёӣ истеҳсол мекунад. Ин маҳсулот дар саноати ҳавопаймоӣ, нафтӣ ва дору истифода мешавад.

Беназмиҳои оммавӣ дар Миннеаполис баъди фавти як сиёҳпӯст

Беназмиҳо дар Миннеаполис. 27 май, 2020.

Дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесоти Амрико рӯзи севум аст, ки беназмиҳо идома доранд. Мардум баъди он даст ба беназмӣ заданд, ки сокини сиёҳпӯсти шаҳр Ҷорҷ Флойд пас аз боздошт аз сӯи пулис ба ҳалокат расид.

Флойди 46-сола пас аз боздошт зуд ба беморхона интиқол ёфта, 25 май ҷон бохт. Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад Флойд бо дастони баста дар замин хобида, маъмурони сафедпӯсти пулис гардани ӯро зер кардаанд. Вай чанд бор мегӯяд, ки нафаскашияш мушкил шудааст ва ӯро раҳо кунанд. Ин сокини Миннеаполис ҳангоми боздошт мусаллаҳ набуд ва сабаби дастгиршуданашро сохтакории ҳуҷҷат меноманд.

Баъди оғози тафтиши ҳодиса аз сӯи Бюрои федеролии тафтишот чаҳор корманди пулис, ки дар боздошти Флойд даст доштанд, аз мақом барканор шуданд. Шаҳрдори Миннеаполис Ҷейкоб Фрей талаб кард, ки маъмурон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Муовини пешини президент ва номзади эҳтимолӣ ба мақоми президентии ИМА Ҷо Байден даъват кард, ки пулисҳои барканоршуда барои "амали нафратоварашон" ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бетартибиҳои оммавӣ шоми 26 май оғоз шуда, то ҳол идома доранд. Эътирозгарон дар назди бинои пулис ҷамъ шуда, бархе аз онҳо ба самти бино санг ҳаво доданд. Кормандони пулис дар посух аз гази ашковар истифода карданд. Дар бораи харобкориҳо, ғорат ва оташ задани фурӯшгоҳҳо низ хабар дода мешавад.

Вазири адлияи ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, марги Ҷорҷ Флойд-ро таҳқиқ мекунанд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, 139 нафари дигар бемор шуданд, талафот "нест"

Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки дар як шабонарӯзи гузашта 139 мавриди собитшудаи бемории COVID-19 – ро сабт кардаанд. Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 28-уми май омадааст, ки то имрӯз теъдоди гирифторон ба 3563 нафар расид, вале талафот бетағйир мондааст.

Ба қавли мақомот, коронавируси нав то кунун сабаби марги 47 нафар дар Тоҷикистон шудааст ва 1674 кас шифо ёфтаанд. Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси сирояти беморӣ ва талафот бузургтар аст.

Як вебсайти навтаъсисе, ки маълум нест, кӣ сохтааст, https://kvtj.info/ гузоришҳо доир ба маргу мир дар замони пандемия дар Тоҷикистонро ҷамъ меорад ва бар асоси ҳисобҳои он аз замони сирояти беморӣ дар кишвар то кунун бештар аз 300 нафар ҷон додаанд.

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он ҷо гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки сабаби марг “илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" будааст. Мақомоти Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми апрел гуфтанд, ки дар кишвар 15 мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд, ҳарчанд то ин рӯз доир ба марги чандин нафар аз бемории «илтиҳоби шуш» гузориш шуда буд.

Салиби Сурх: Беш аз 200 корманди тиб дар робита бо коронавирус мавриди таҳдид қарор гирифт

Табибе дар Инглистон

Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки аз моҳи март ба ин сӯ дар қаламрави 13 кишвар 208 ҳодисаи ҳамла ба кормандони тиб ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳодисаҳо ба бӯҳрони коронавирус рабт мегиранд. Питер Маурер рӯзи 27 май гуфт, дар ҳоле, ки ниёз ба ходимони тиб фавқулодда баланд аст, онҳо мавриди ҳамлаву озор қарор гирифтаанд. Ин ҳамлаҳо дар ҳолест, ки мақоми корманди тиб дар чашми бисёр сокинони сайёра ҳамчун “фариштаҳои сафедпӯш” ва рамзи наҷот аз бемории ҳамагир боло рафта, аксарият ба онҳо паёмҳои қадрдониву ситоиш мефиристанд. Маурер дар суханронии худ дар баробари Шӯрои амнияти СММ гуфт: “Бӯҳрони COVID-19 базудӣ метавонад ба бӯҳрони ҳифозатӣ табдил шавад”. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳодисаҳои озору ҳамла ба кормандони тиб дар Ховари Миёна, Осиёву Уқёнусия, Амрико ва Африқо мушоҳида шудааст, ки он ҷо Салиби сурх дафтари намояндагӣ дорад. Вале, ба гуфтаи ӯ, омори воқеӣ метавонад аз ин хеле бештар бошад.
Маурер гуфт, ки ҳодисаҳо аз таҳдидҳои лафзӣ сар карда то оташ задани муассисаҳои муолиҷакунандаи гирифторони COVID-19-ро дар бар мегиранд.

Парлумони Чин қонуни баҳсбарангези амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро қабул кард

27 май, Ҳонгконг. Задухӯрди полис бо эътирозгарон

Парлумони Чин қонуни амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро қабул кард ва ин иқдом боиси аз нав ба кӯчаҳои шаҳр рехтани эътирозгарон шуд. Конгресси миллии мардумӣ рӯзи 28 май дар ҷаласаи парлумонӣ тарҳи қонунро қабул кард. Маҷлис дар Чин бештар хусусияти расмӣ дорад ва ҳар он чиро, ки раҳбарияти ҳизби ҳокими коммунист мегӯяд, иҷро мекунад. Қонуни нав бо вуҷуди эътирозҳои чандинмоҳаи нирӯҳои демократии Ҳонгконг, ки як қаламрави дорои мақоми махсус аст, қабул шуда, хиёнат, сарнагуншавӣ, ошӯб ва мудохилаи хориҷиро манъ мекунад. Инчунин қонуни нав ба Пекин иҷоза медиҳад, ки барои саркӯби эътирозҳо сохторҳои вижаи қудратӣ ба Ҳонгконг ворид шаванд. Ин таҳаввулот эътирозҳои серҷамъияти мардумиро ба бор овард.
Ин иқдоми Пекин котиби давлатии ИМА Майк Помпеоро водор кард, ки ба Конгресс бигӯяд Кохи сафед дигар Ҳонгконгро минтақаи дорои мухторияти махсус арзёбӣ намекунад ва ба ҳамин хотир ин маркази тиҷоратӣ бар асоси қонунгузории ИМА дигар наметавонад мақоми минтақаи дорои низоми махсус дониста шавад.

Конгресс тарҳи таҳрими Чин барои ҳимоят аз ҳуқуқи уйғурҳоро қабул кард

Ин муассиса бовар меравад, ки ба унвони қароргоҳи бозтарбияи мусалмонон ва дар амал ба ҳайси боздоштгоҳи уйғурҳои Чин истифода мешавад. Шаҳри Артуш, шимоли Қошғари Чин. Июни соли 2019

Маҷлиси намояндагони ИМА рӯзи 27 май бо раъйи оро тарҳи таҳримҳоро қабул кард, ки аз президент Доналд Трамп тақозо мекунад барои саркӯби уйғурҳои мусалмонтабор дар Чин Пекинро таҳрим кунад. Ин иқдоми навбатӣ дар равобити бе ин ҳам бадшудаи миёни Вашингтон ва Пекин мебошад. Тарҳи қонун, ки оғози моҳ дар Сенат ҳам пуштибонӣ дида буд, муҷозоти мақомоти баландпояи чинии дастдошта дар поймолкунии ҳуқуқи уйғурҳои мусалмонро пешбинӣ мекунад. Раиси Маҷлиси намояндагон Ненси Пелосӣ гуфт, “амалҳои ваҳшиёнаи Пекин дар нисбати мардуми уйғур таҳқири виҷдони ҳамагонӣ дар ҷаҳон аст”. Тарҳе, ки бо пуштибонии 413-1 узви маҷлис қабул шуд, акнун ба Кохи Сафед меравад, то президент Доналд Трамп онро қабул ваё рад кунад. Трамп гуфт, ки ин масъаларо хеле ҷиддӣ баррасӣ мекунад. СММ ва дигар ташкилоти ҳомии ҳуқуқи инсон Чинро дар он муттаҳам мекунанд, ки тахминан 1 миллион уйғурҳои туркзабони Чинро дар вилояти Шинҷон бо баҳонаи муборизаи зидди ифротгароӣ ба қароргоҳҳои консентрасионӣ ҷой кардааст. Пекин ин иттиҳомро рад карда мегӯяд, ки ин мардум ба таври ихтиёрӣ ба урдугоҳҳои бозтарбия мераванд. Чин таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳама амалҳое ба манфиати уйғурҳо ба ИМА посух хоҳад дод. Чин мегӯяд, масъалаи уйғурҳо умури дохилии он кишвар аст.

Баъди хатми оташбас дар Афғонистон ҳафт низомӣ кушта шуд

Толибон аз зиндон раҳо мешаванд

Дар як ҳамла дар вилояти Парвон ҳафт сарбози афғон ба ҳалокат расид ва мақомот масъулиятро ба дӯши Толибон вогузор карданд. Воҳида Шоҳкор, сухангӯи волӣ рӯзи 28 май гуфт, ки ҷангҷӯён ба посгоҳе дар Парвон ҳамла карданд. Ба гуфтаи Шоҳкор, дар ин ҳодиса Толибон ҳам хисорот диданд. Раиси полиси ноҳия Ҳусайн Шоҳ гуфт, ки ҷангҷӯён ба сӯи посгоҳ оташ кушоданд ва панҷ узви нирӯҳои амниятӣ ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар аз зарби тир кушта шуданд. Толибон то ҳол дар робита бо ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ду ҷониб барои шурӯи музокироти сулҳ ризоият додаанд ва ба унвони иҷрои пешшарти ин музокирот дар рӯзҳои оташбаси Иди Рамазон мақомот то ду ҳазор узви Толибонро озод карданд ва Толибон ваъдаи озод кардани 50 то 100 низомии ҳукуматиро доданд.

Boeing истеҳсоли ҳавопаймоҳои навъи 737 MAX-ро дигарбора оғоз мекунад

Ширкати Boeing истеҳсоли ҳавопаймоҳои мусофирбари навъи "Боинг 737 MAX"-ро дар корхонаи Рентони аёлати Вашингтони ИМА аз сар мегирад. Истеҳсоли ин навъи ҳавопаймоҳо панҷ моҳ пеш манъ гардид. Дар суқути ду ҳавопаймо навъи "Боинг 737 MAX" 346 кас кушта шуд.

Парвози пурфурӯштарин навъи ҳавопаймоҳои ширкат моҳи марти соли 2019, баъди суқути дувумин "737 MAX" дар фосилаи ним сол, манъ шуд.

Ҳамакнун истеҳсоли ин навъи ҳавопаймоҳо бо теъдоди камтар ба роҳ монда мешаванд то ин ки амнияти коргарон ва сифати маҳсулот боло бурда шавад. Дар оянда истеҳсол афзоиш дода хоҳад шуд.

Манъи парвозҳои "737 MAX" тақрибан дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла дар худи ИМА, баъди суқути ҳавопаймои навъи мазкур дар Эфиопия дар моҳи марти соли гузашта рӯи даст гирифта шуд, ки 157 қурбонӣ дошт. Пештар аз он ҳавопаймои навъи мазкур дар Индонезия суқут кард.

Дар ҳар ду ҳолат, ба гуфтаи мутаххасисон, иштибоҳи техникӣ рух дода ва низоми худкор иштибоҳан ҳавопайморо ба замин ҳидоят кардааст. Ин иштибоҳро роҳбари ширкати Boeing Деннис Мюиленбург ҳам қисман эътироф кард.

Соли 2019 ширкати Boeing ба далели руйдодҳои марбут ба "737 MAX", аз соли 1997 ба ин тараф, бори аввал зиёни молӣ дид. Соли ҷорӣ ба далели паҳншавии коронавирус ширкат ба коҳиши талабот ба ҳавопаймо рӯ ба рӯ шуд. Бо назардошти ин вазъ ширкат тасмим дорад, ки аз 160 ҳазор коргараш 10 дарсадро ихтисор кунад.

Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус беш аз $462 млн дарёфт хоҳад кард

Шаҳри Ӯши Қирғизистон.

Дар Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон гуфтанд, барои мубориза бо коронавирус дар ин кишвар аз созмонҳои молии байналмилалӣ сармоя ҷалб карда хоҳад шуд.

Ба огаҳии ситод, дар ҳоли ҳозир барои дарёфти беш аз 462 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расидааст. Сандуқи байналмилалии асъор то ҳол 242 миллион доллари маблағи мазкурро ҳамчун қарз ҷудо кардааст, ки бо он буҷаи ҷумҳуриявӣ пур карда мешавад.

Бонки осиёии рушд низ 100 миллион доллар ҷудо мекунад, ки 25 миллиони он қарз мебошад. Ин бонк ҳамчунин 20 миллион доллари дигар медиҳад, ки 10 миллиони он қарз буда, барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва дору барои мубориза бо коронавирус сарф мегардад.

Бонки ҷаҳонӣ барои ду тарҳ - "Тарҳи изтирорӣ роҷеъ ба коронавирус" ва "Тақвияти устувории Қирғизистон дар баробари офатҳои табиӣ" 21 миллиону 150 ҳазор доллар хоҳад дод. Тарҳҳо хариди таҷҳизот ва маводро барои бахши тандурустии он кишвар пешбинӣ мекунанд.

Бонки рушди исломӣ барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ба Қирғизистон 15 миллион доллар қарз ҷудо хоҳад кард. Иттиҳоди Аврупо ҳам 33 миллиону 880 ҳазор доллар грант ҷудо мекунад.

Пулҳои Бонки Олмон дар ҳаҷми $30 миллиону 352 ҳазору 500 доллар ба дастгирии кишоварзон бо мақсади таъмини амнияти ғизоӣ сарф хоҳад шуд.

Аз 100 ҳазор гузашт. ИМА дар садри феҳристи кишварҳои пурталафоти коронавирус

Манҳеттен, Ню-Йорк, 25 март. Ташкили сардхонаи муваққатӣ дар пушти як беморхона

Дар ИМА шумори фавти инсонҳо бар асари коронавирус аз марзи 100 ҳазор нафар гузашт. Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс рӯзи 27 май гуфт, ки дар баробари тасдиқи олудагии 1,7 миллион сокини ИМА, марги инсонҳо бар асари коронавирус дар ин кишвар ба 100,047 нафар расид. ИМА дар садри кишварҳои шадидан осебдида бар асари вируси нав қарор дорад.
Аз назари таносуби фавт бар ҳар 100 ҳазор аҳолӣ шумори қурбониҳо дар ИМА 30 нафар буда, аз ин ҷиҳат дар мақоми нӯҳум дар ҷаҳон қарор мегирад. Дар чунин раддабандӣ мақомҳои аввалро дар феҳристи қурбониҳо Белгия, Испания, Бритониё, Фаронса, Итолиё ва Шведсия ишғол мекунанд. Вале талафоти амрикоиҳо дар муқобили коронавирус ба маротиб бештар назар ба қурбониҳои ин мардум дар ҷанги Кореяву Ветнам мебошад.
Пандемияву ҷоришавии маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ба иқтисоду тиҷорат зарба зад ва президент Доналд Трамп, ки аввал хатари вирусро кам нишон медод, ҳоло ба бозкушоии тиҷоратҳо даъват мекунад. Ҳама 50 аёлат маҳдудиятҳоро бекор карда ҳатто қиморхонаҳои Лас-Вегасу боғи кӯдаконаи Walt Disney World барои дубора боз кардани дарҳояшон омода мешаванд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф раиси порлумони Эрон шуд

Муҳаммадбоқир Қолибоф пас аз интихоб шуданаш ба раёсати порлумони Эрон. 28 май, 2020.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, намояндаи порлумон аз шаҳри Теҳрон, раиси Маҷлиси намояндагони Эрон интихоб шуд. Ӯ барои як сол дар ин мақом кор хоҳад кард.

Оқои Қолибоф бо 230 раъйи вакилон ба ин мақом расид. Дигар номзадҳо барои раёсати порлумон Мустафо Мирсалим ва Фаридун Аббосӣ буданд, ки ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон -- ИРНА, мутаносибан 12 ва 17 раъй ба даст оварданд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф ба ҷараёни усулгароёни Эрон тааллуқ дорад. Усулгароён дар порлумони Эрон аксариятро ташкил медиҳанд.

Оқои Қолибоф фармондеҳи пешини нерӯҳои интизомӣ ва 12 сол шаҳрдори Теҳрон буд. Дар солҳои гузашта се бор барои курсии президентӣ талош кард, аммо ноком монд.

Тайи дувоздаҳ соли ахир раёсати порлумони Эронро Алии Лориҷонӣ ба ӯҳда дошт.

Дар остонаи сафари Мирзиёев ба Марғелон табибон кӯчарӯбӣ мекунанд

Омодагиҳо ба сафари Шавкат Мирзиёев дар Марғелон.

Кормандони муассисаҳои тиббии шаҳри Марғелони Узбекистонро ба поккории маркази тиҷории санъатгарон бароварданд.

Мақомоти Марғелон гуфтанд, дар шаҳр барои сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев омодагиҳо идома доранд. Ба иттилои мақомот, қарор аст, Мирзиёев рӯзи 29 ба Марғелон сафар кунад.

Кормандони муассисаҳои тиббӣ гуфтанд, рӯзи 25 май барои поккории маркази тиҷорӣ иҷборан фиристода шудаанд.

"Моро барои поккории маркази тозабунёд фиристоданд. Тирезаҳоро шустем. Барои фаррошӣ қисме аз ҳамкорони дигари моро бурданд. Ба мо дастур доданд, ки то омадани президент марказро бояд комилан поккорӣ кунем", - гуфт як корманди соҳаи тиб, ки нахост номаш зикр шавад.

Мақомоти мегӯянд, Мирзиёев дар сафараш ба Марғелон биноҳои навсохтро ба истифода хоҳад дод.

Русия омода аст, дар гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 28-уми май гуфтааст, Русия омода аст, дар гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад.

"Дар робита ба вазъи марз байни Тоҷикистону Қирғизистон... Ин бори аввал нест, ки мутаассифона, чунин таниш сурат мегирад. Мо аз ҳампаймонони худ даъват мекунем, ки вориди гуфтугӯ шаванд ва то ҳадди аксар аз истифодаи силоҳ худдорӣ варзанд. Омодаем хидмати миёнаравии худро пешниҳод кунем. Ва бовар дорем, ки ҳар чи зудтар вазъ ором шавад, ҳамон андоза беҳтар аст. Мо дар ин бора ба дӯстонамон хабар додем", - гуфт Лавров.

Вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон то кунун ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Русия вокуниш накардаанд.

Рӯзи 27 май шаҳрванди Қирғизистон сӯи сокини Исфараи Тоҷикистон тир кушод, ки айни ҳол таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст. Рӯзи 24 май бо баҳонаи чарогоҳ низоъ бархост, ки марзбонон силоҳ истифода карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд. Дар Қирғизистон беш аз 1400 нафар ва дар Тоҷикистон 3424 нафар ба бемории нав гирифторанд.​

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG