Дар чанд ҷумла
Путин меравад, Раҳмон чӣ? Дар Ишқобод ҷаласаи сарони ИДМ баргузор мешавад
Рӯзи 11 октябр дар Ишқободи Туркманистон раҳбарони кишварҳои узви Итиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ин созмон ҷамъ мешаванд. Ба иттилои расмии котиботи ИДМ, дар ҷаласаи президентони кишварҳои узви ин созмон, эъломияи ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ ва Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ имзо шавад. Инчунин қарор аст раҳбарии давраии ин созмон ба Узбекистон гузарад, созмоне, ки ҳамчун вориси Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфта, аз тарафи коршиносон "клуби президентҳо" унвон шудааст ва амалан нуфузи зиёде надорад. Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин иштирок хоҳад кард.
Феълан маълум нест, ки оё президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба Туркманистон сафар мекунад ё хайр. Соли гузашта, замоне, ки раҳбарии давраии ин созмон аз Душанбе ба Ишқобод мегузашт, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин нишаст ҳозир нашуд ва бархе таҳлилгарони сиёсӣ вуҷуди сардӣ дар равобити ду ҳамсояи наздикро далели худдории президенти Туркманистон аз сафар ба Тоҷикистон арзёбӣ кардангд. Мақомоти тоҷик Туркманистонро дар эҷоди монеаҳо дар убуру мурури мошинҳои боркаш аз қаламрави ин кишвар айбдор кардааст.
То ҳол дар ин замина тағйироте мушоҳида намешавад. Як рӯз пеш аз ҷаласаи сарони кишварҳо, дар пойтахти Туркманистон ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи ин созмон баргузор шуд ва дар ҳошияи он Сергей Лавров бо ҳамтоҳояш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби, ба истилоҳ, гурӯҳи панҷгона ба иловаи Русия дидору гуфтугӯ карданд. Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири хориҷа Сироҷиддин Мӯҳриддин намояндагӣ кард.
Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ИДМ ҳастанд. Гурҷистон баъди ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 бо Русия аз узвияти он хориҷ шуд. Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишастҳои созмон намефиристад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ароқчӣ гуфтааст, "як-ду фармондеҳ кушта шуд"
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, то ҷое ӯ огоҳ аст, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ ва раисҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизшкиён “зинда ҳастанд” ва “мумкин аст фақат як ё ду фармондеҳ кушта шуда бошанд”.
Аббос Ароқчӣ дар гуфтугӯ бо телевизиони амрикоии “NBC News” зимни эълони ин хабар афзуд, “ҳамаи мақомоти олирутба зинда ва солим ҳастанд” ва иддао кард, ки “ҳама чиз хуб аст”.
Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд гӯшаи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд.
Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист".
Вазири умури хориҷии Эрон бо баёни ин ки “Теҳрон омодаи коҳиш таниш аст”, афзуд, “агар амрикоҳо бихоҳанд бо мо суҳбат кунанд, медонанд чи тавр бо ман тамос гиранд.”
Эълони мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати баҳории ҷавононро ба артиш имзо кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президент 28-уми феврал хабар дод.
Бар пояи он, моҳҳои апрел-май ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.
Даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ҷалби маҷбурӣ (облава) олуда мешавад.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Мақомот мегӯянд, ки вазъ дар қисмҳои ҳарбӣ назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст.
Исроил аз ҳамлаи мушакии Эрон хабар дод
Артиши Исроил хабар дод, ки Эрон ба хоки ин кишвар мушак партоб кардааст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, артиши Исроил дар баёнияе гуфт, сомонаҳои дифоӣ барои раҳгирӣ ва нобуд кардани мушакҳо фаъол шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, бонги хатар дар шимоли Исроил фаъол шудааст.
Мақомоти Исроил аз шаҳрвандони он кишвар хостаанд, ки барои дар амон мондан аз ин ҳамлаҳои мушакӣ ба паноҳгоҳҳо раванд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Баҳрайн хабар доданд, ки маркази хидматрасонии нерӯи баҳрии Амрико дар ин кишвар ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст.
Субҳи 28-уми феврал Амрико ва Исроил дар иқдоми муштарак ба Эрон ҳамла карданд. Расонаҳо аз рух додани таркиш дар Теҳрон, Исфаҳон, Қум ва Луристон ва чанд шаҳри дигари Эрон хабар доданд.
"Эронро тарк кунед." Ҳушдори Чин ва чанд кишвари аврупоӣ
Дар пайи зиёд шудани эҳтимоли даргирӣ миёни Амрико ва Эрон, чанд кишвари аврупоӣ ва Чин аз шаҳрвандонашон хостанд, ки фавран Эронро тарк кунанд.
Аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Итолиё 27-уми феврал дар баёнияе аз шаҳрвандони ин кишвар хост, аз Эрон бароянд ва аз сафар ба Ироқ ва Лубнон худдорӣ кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ҳам рӯзи ҷумъа аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки бо далели вазъияти пуртаниш дар Ховари Миёна, фавран Эрон, Исроил ва Лубнонро тарк кунанд.
"Вазъияти амниятӣ дар Ховари Миёна нопойдор аст. Хатари бадтар шудани вазъият зиёд аст. Мумкин аст ҳарими ҳавоӣ барои парвозҳои мулкӣ баста шавад", -ҳушдор додааст Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон.
Фаронса ҳам ба шаҳрвандонаш тавсия кардааст, ки аз сафар ба Исроил, Байтулмуқаддас ва Каронаи Бохтарӣ худдорӣ кунанд.
Ҳукумати Бритониё рӯзи 27-уми феврал эълом кард, ки ба далели вазъияти амниятӣ кормандони сафорати худро ба таври муваққатӣ аз Эрон хориҷ кардааст.
Хабаргузории давлатии Чин низ эълом кард, ки ин кишвар ба шаҳрвандонаш тавсия кардааст, ки аз сафар ба Эрон худдорӣ кунанд ва касоне, ки дар Эрон ҳастанд "ҳарчӣ зудтар" хоки он кишварро тарк кунанд.
Шоми 27-уми феврал ҳамчунин парвозҳо аз шаҳри Истанбули Туркия ба Эрон лағв шуд.
Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҷумъаи 27-уми феврал гуфт, тамоюли ҳамла ба Эронро надорад, аммо мумкин аст ин кор лозим шавад.
Билл Клинтон ба суолҳо дар бораи парвандаи Эпштейн посух дод
Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳида дар робита ба парвандаи сармоягузори расвошуда Ҷеффри Эпштейн дар назди кумитаи Конгресси ИМА шаҳодат дод.
Клинтон рӯзи ҷумъаи 27-уми феврал дар ин ҷаласа гуфт, дар вақти муносибат бо Эпштейн ҳеҷ чизеро надид, ки ӯро нигарон карда бошад.
Ҷаласаи кумитаи Конгрес бо Билл Клинтон паси дарҳои баста баргузор шуд, аммо президенти собиқи Амрико матни суханрониашро нашр кард.
Дар ин матн Билл Клинтон навиштааст, дар бораи ҷиноятҳои Эпштейн чизе намедонист.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст, ки Клинтон дар оғози солҳои 2000-ум ва баъди тарки мақоми президентӣ чанд бор бо ҳавопаймои Ҷеффри Эпштейн парвоз кардааст. Билл Клинтон дар ин бора гуфтааст, агар дар кори Эпштейн шубҳае медошт, "на танҳо бо ҳавопаймои ӯ парвоз намекардам, балки худам ӯро ба мақомоти адлия месупоридам".
Эпштейн сармоягузори амрикоӣ, ки ба қочоқи ҷинсии ноболиғон муттаҳам мешуд, соли 2019 дар маҳбас худкушӣ кардааст. Вазорати адлияи Амрико ахиран се миллион саҳифа аз ҳуҷҷатҳои ин миллиардери расвошударо дастраси умум гардонд. Дар миёни ҳуҷҷатҳо аксҳои Билл Клинтон бо занон дида мешавад. Чеҳраи ин занон пӯшонда шудааст.
Қаблан Ҳиллари Клинтон, ҳамсари Билл Клинтон, низ дар бораи парванда дар кумитаи Конгресс суханронӣ карда гуфт, вохӯрӣ бо Эпштейнро ба ёд надорад. Ҳиллари Клинтон даъват кард, ки Доналд Трамп, президенти феълии Амрико низ дар робита ба парвандаи Эпштейн шаҳодат диҳад.
Ҷеймс Комер, роҳбари комиссияи таҳқиқи парвандаи Эпштейн дар Конгресси ИМА гуфт, зану шавҳар Клинтонҳо ба ягон қонуншиканӣ гунаҳкор нашудаанд, вале мебоист ба суолҳо бобати парвандаи Эпштейн посух медоданд.
Боздошти сокини Душанбе бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқона
Як ҷавони 21-сола дар Душанбе бо иттиҳоми иҷрои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати духтари ноболиғ боздошт шудааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе 26-уми феврал хабар дод, ки ин ҷавон ба он гумонбар аст, ки соли 2025 бо як духтари ҳанӯз ба синни 14-сола нарасида робита барқарор кара, "нисбат ба ӯ ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст". Назари ин ҷавон ва наздииконаш ба иттиҳом маълум нест.
Пулиси Душанбе ному насаби ин ҷавон ва аксашро нашр кардааст, вале Радиои Озодӣ бо далелҳои ахлоқӣ аз фош кардани ному насаби ин ҷавон худдорӣ мекунад.
Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин ҷавон бар асоси моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ ё ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати шахси ба 16 сола нарасида парванда боз шудааст. Ин банди қонун то ду сол маҳрум сохтанӣ аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо нашри ин хабар аз волидайни наврасон даъват кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз озори ҷинсии наврасон дар Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд.
Бино бар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон соли 2024 дар кишвар 88 мавриди озори ҷинсиву ҳаракатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст.
Расонаҳо: Дар Русия нақша доранд, Телеграмро масдуд кунанд
Мақомоти Русия нақша доранд, дар аввали моҳи апрел паёмрасони Телеграмро бибанданд.
Дар ин бора "РБК" бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод. Мусоҳибони нашрия инро "тасмими ниҳоӣ"-и Кремл номидаанд.
"Ҷалби одамон, аз ҷумла ноболиғон ба амалҳои ғайриқонунӣ" аз ҷумлаи сабабҳои ин тасмим номбар мешавад.
"Роскомнадзор" хабари "РБК"-ро тасдиқ ё инкор накардааст.
Як манбаъ дар яке аз ширкатҳои мухобиротии Русия ба "The Bell" эҳтимоли масдуд шудани Телеграмро тасдиқ кардааст.
Пештар вазири рушди рақамии Русия Мақсуд Шадаев ваъда дода буд, ки кори Телеграмро дар ҷабҳаи ҷанг маҳдуд намекунанд.
Изҳороти ӯ баъди он садо дод, ки баъзе аз блогерҳои ҷонибдори ҷанг ва фаъолони иҷтимоӣ маҳдуд кардани кори Телеграмро танқид карданд.
Дархости тақрибан 300 сокини Қирғизистон аз Тоҷикистон
Як гурӯҳ аз қирғизистониҳо, ки бар асоси табодули минтақаҳои марзӣ ба Қирғизистон кӯчонда шудаанд, талаб доранд, ки барои зиёрати қабри наздиконашон дар Тоҷикистон мусоидат шавад.
Хабаргузории “24kg” навишт, сокинон ин талаби худро ба воситаи вакили порлумон ба ҳукумати Қирғизистон расондаанд.
Инҳо қирғизистониҳое мебошанд, ки аз деҳаи Санҷидзор ё собиқ Ҷийдалик ба деҳаҳои Арқа, Ҷаштик ва Достуки ноҳияи Лайлак кӯчонда шудаанд.
Тақрибан 300 қирғизистонӣ дар номаи худ талаб кардаанд, ки ё замини қабристон ба онҳо баргардонда шавад ё Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи расмӣ аз оромгоҳро диҳад, зеро онҷо волидон ва наздиконашон дафн шудаанд.
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин хабар маълум нест.
Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти соли гузашта бар сари таъйини хати он ба созиш расиданд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо поён додааст. Дар доираи ин созиш ду тараф чандин деҳаро иваз карданд.
Ҳабси як шаҳрванди Узбекистон барои ширкат дар ҷанги Украина
Додгоҳе дар Узбекистон як шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ба 3 сол зиндон маҳкум кард.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин муҳоҷири 33-сола аз Марғелон ҳангоми дар зиндони Русия буданаш бо Вазорати дифои он кишвар шартнома баста, моҳи сентябри соли 2025 ба ҷанги зидди Украина фиристода шудааст.
Ин муҳоҷир дар додгоҳ гуфтааст, ҳамагӣ чор рӯз дар даргириҳо ширкат дошт ва баъд захмӣ шудан ба Узбекистон баргаштааст, аммо ӯро дар ватанаш бо иттиҳоми зархаридӣ боздошт карданд.
Дар ҳоле, ки назари ин муҳоҷир ва наздикон ба иттиҳом ва ҳукми додгоҳ маълум нест, расонаҳои маҳаллии Узбекистон навиштаанд, ки мард гуноҳи худро дар додгоҳ пурра эътироф кардааст. Ин муҳоҷир гуфтааст, зери фишори кормандони зиндон шартнома бо Вазорати дифои Русияро имзо кардааст.
Дар як моҳи ахир ин аллакай сеюмин мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандони Узбекистон барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина аст.
Дар оғози моҳи феврал Додгоҳи вилояти Андиҷон як ҷавони 24-соларо бо гуноҳи ширкат дар ҷанги Украина ба 3 сол зиндон маҳкум карда буд.
Ба гузориши тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" феълан ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ дар ҳайати артиши Русия зидди Украина меҷанганд. Онҳоро бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ, маблағи зиёд ва ё озодӣ аз зиндон ба ҷанг фиристодаанд.
"Барои мудир шудан 10 ҳазор талаб кард". Ҷузъиёти парвандаи як мақомдор
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи собиқ раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Левакантро ба додгоҳ фиристодааст.
Оҷонсӣ 27-уми феврал дар хабарномае навишт, Сайфиддинзода А, аз мансабаш сӯистифода карда, барои пуштибонӣ аз номзадии як нафар ба мансаби мудири мактаб, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Назари Сайфиддинзода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Оҷонсӣ мегӯяд, алайҳи ин мақомдор бар асоси моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ ё сӯистифода аз мансаб парванда боз шуд.
Ин банди қонун то 42 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то се сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маълум нест, ки додгоҳ дар ин бора чӣ ҳукм содир кардааст.
Фасод дар идораҳои давлатӣ аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 1900 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор карда шудааст.
"Зистан мехоҳам": 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд
Бино ба маълумоти тасдиқшуда, дар ҷанги Русия алайҳи Украина наздики 1400 "зархарид" аз Осиёи Марказӣ кушта шудаанд. Афроде, ки аз тарафи Русия зидди Украина меҷангиданд. Маълумотро тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина рӯзи 24-уми феврал нашр кард.
Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳама зиёд 481 зодаи Узбекистон ва сипас 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанг кушта шудаанд. Аз Қазоқистон 270, Қирғизистон 143 ва аз Туркманистон 27 кас ҷонашонро аз даст доданд. Ин омори тасдиқшуда аст ва шумораи кушташудаҳо метавонад хеле бештар аз ин бошад.
Ба гузориши тарҳи “Зистан мехоҳам” феълан ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ дар ҳайати артиши Русия зидди Украина меҷанганд. Манбаъ мегӯяд, онҳоро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла додани шаҳрвандии Русия ва гирифтани миллионҳо рубл ба ҷанг мефиристанд.
Гурӯҳи дигар зиндониён ҳастанд, ки дар ивази ҷангидан ваъдаи озодӣ гирифтаанд. Ҳамчунин муҳоҷирон борҳо шикоят кардаанд, ки бо таҳдиди оғози парванда ё ихроҷ онҳоро маҷбур мекунанд бо Вазорати дифои Русия шартнома банданд.
Рӯзи 24-уми феврал ба шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина чор сол пур шуд.
Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ин падидаро шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, алайҳи ягон кас барои ширкат дар ин ҷанг парванда боз нашудааст.
Гузоришҳо аз эътирози донишҷӯён дар Теҳрон
Гузоришҳои нашршуда аз Эрон нишон медиҳанд, ки эътирози донишҷӯён дар чанд донишгоҳи Теҳрон ҳамчунон идома дорад.
Телеграм-канали "Донишҷӯёни муттаҳид" навори эътирози донишҷӯёнро нашр кардааст, ки дар он донишҷӯёни донишгоҳҳои Ал-Заҳро, Шариф, Хоҷа Насир, Донишгоҳи ҳунар, улум ва санъат ва Донишгоҳи Теҳрон ширкат доранд.
Наворҳои пахшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки донишҷӯёни ин донишгоҳҳо алайҳи ҳукумат ва роҳбари низом шиор медиҳанд.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дар дасти баъзе эътирозгарон парчами шер ва хуршед дида мешавад, ки дар Ҷумҳурии исломӣ манъ аст.
Бар асоси гузоришҳо, миёни донишҷӯёни норозӣ ва нерӯҳои низомӣ занозанӣ ва муноқиша шудааст. "Телеграм"-каналҳои донишҷӯёни эронӣ гузориш доданд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо неруҳои басиҷӣ чанд донишҷӯи Донишгоҳи Биҳиштӣ захмӣ шудаанд.
Ин телеграм-каналҳо гузориш доданд, ки баъди бархӯрди нерӯҳои амниятӣ, баъзе донишҷӯён аксҳои роҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро оташ задаанд.
Эълони фоизи қарзи бонкҳои Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри баҳра ё фоизи қарзҳо дар моҳи январи имсолро нашр кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, меъёри миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ феълан 23,87 дарсад аст. Баҳраи қарзҳои истеъмолӣ каме болотар ва 24,39 дарсад будааст.
Фоизи солонаи қарзҳои ипотекӣ барои хариди манзил 19,69 дарсад нишон дода шудааст. Ҳамчунин Бонки миллӣ мегӯяд, баҳраи миёнаи пасандоз дар бонкҳои кишвар каме бештар аз 12 дарсад аст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аввали моҳи феврали имсол аз коҳиши баҳра ё фоизи қарзҳои бонкӣ хабар дода буд. Толибзода гуфта буд, "фоизи миёнаи қарзҳо аз 28 то 22 дарсад поин омад."
Аммо омори ахири Бонки миллӣ нишон медиҳад, ки баҳраи миёнаи қарзҳо қариб 24 дарсад аст. Зиёд будани баҳраи қарзҳои бонкӣ ва мушкили дастрасӣ ба онҳо ҳамеша мояи нигаронии муштариёну корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ будааст.
Тибқи омори расмӣ, бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2024 тақрибан 25 миллиард сомонӣ қарз додаанд. Тақрибан 30 дарсад ё 5,6 миллиард сомонӣ бештар нисбат ба як соли пеш.
Додситонҳои 8 шаҳру ноҳияро дар Тоҷикистон дигар карданд
Додситонҳои ҳашт шаҳру ноҳияро дар Тоҷикистон дигар карданд.
Ин тағйирот рӯзи 25-уми феврал бо ризояти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Сабаби дигаргунӣ дар додситониҳои Ванҷу Мурғоб, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ маълум нест.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур навишт, дар ҳамин рӯз сардорони Идораи амният “дар як қатор шаҳру ноҳияҳо” ва сардорони Идораи мубориза бо фасод дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Рашт низ иваз карда шуданд.
Дар ҳоле ки баъзе аз сокинон аз тарзи рафтори мақомоти интизомӣ шикоят доранд, Эмомалӣ Раҳмон аз шахсони навтаъйин хостааст, аз хурофоту фасоди молӣ ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ, адолатро таъмин ва бо мардум муомилаи хуб кунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон пайваста аз таъйини кадрҳои ба гуфтааш болаёқат ситоиш мекунад. Намояндагони мухолифон дар хориҷа мегӯянд, ин таъйинот на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси хидмату садоқат ба режим сурат мегирад.
Даргирӣ миёни низомиёни Покистон ва Толибон дар Нангарҳор
Тибқи гузоришҳо, нимаи дувуми 24-уми феврал миёни нерӯҳои Покистон ва низомиёни ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон даргирӣ сурат гирифтааст. Ҷонибҳо якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Як манбаъ дар ҳукумати "Толибон" ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки даргирӣ дар минтақаи Шоҳкути ноҳияи Нозиёни вилояти Нангарҳор сурат гирифт.
Ин манбаъ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "даргирӣ аз сӯи ҷониби покистонӣ оғоз шуд ва бо посух аз сӯи нерӯҳои "Толибон" рӯбарӯ шуд". Ба гуфтаи манбаъ, даргирӣ поён ёфта, талафоти ҷонӣ нест.
Аз сӯи дигар, як сухангӯи ҳукумати Покистон гуфт, ки нерӯҳои марзии "Толибон" дар ду минтақа ба сӯи сарбозони покистонӣ тирандозӣ карданд. Мушарраф Зайдӣ, сухангӯи нахуствазири Покистон, дар шабакаи Х навишт, "Толибон дар Афғонистон дар минтақаҳои Турхам ва Тира бе ҳеч сабаб ба нерӯҳои амниятии Покистон тирандозӣ карданд ва нерӯҳои амниятӣ посухи муносибе доданд".
Сокинони минтақаҳои наздик ба даргирӣ дар паёмҳое ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардум пас аз даргирӣ тарсиданд ва хонаҳои худро тарк карданд.
Ин даргирӣ миёни марзбонони Покистон ва низомиёни "Толибон" пас аз он рух дод, ки шаби якшанбе ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон дар вилоятҳои Нангарҳор ва Пактикои Афғонистон ҳамлаҳо анҷом доданд.
Ба гуфтаи масъулони ҳукумати "Толибон", дар ин ҳамлаҳо 18 нафар дар вилояти Нангарҳор кушта шуданд. Аз миёни кушташудаҳо ҷасади 4 кас ҳанӯз пайдо нашудааст.