Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон таҳдид кард, ки миллионҳо паноҳандаро равонаи Аврупо мекунад


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи панҷшанбеи 10-уми октябр таҳдид кард, ки агар раҳбарони кишварҳои аврупоӣ амалиёти Туркия дар шимоли Сурияро "таҷовуз" бихонанд, миллионҳо паноҳандаро равонаи Аврупо хоҳад кард. Оқои Эрдуғон гуфт, "мо дарвозаҳоро боз хоҳем кард ва 3,4 миллион паноҳҷӯйро ба тарафи шумо хоҳем фиристод".

Раиси ҷумҳури Туркия ваъда дод, ки шимоли Сурияро аз вуҷуди "террористҳо" пок хоҳад кард ва афзуд, ҳадафи ин амалиёт фароҳам кардани шароит барои бозгардонидани паноҳандагони суриягӣ ба ин кишвар аст. Вай ҳамчунин президенти Миср Абдулфаттоҳ Сисиро танқид ва "қотили демократия дар кишвараш" номид. Эрдуғон Арабистони Саудиро дар марги мардуми осоиштаи Яман айбдор кард.

Ҳукумати Туркия чанд сол пеш эълон карда буд, ки ҷобаҷо шудани ниманизомиёни Сурия дар наздикии марз бо ин кишварро таҳаммул нахоҳад кард. Туркия гурӯҳҳои мусаллаҳи курди Сурияро террорист медонад ва мегӯяд, ин гурӯҳҳо аз ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Ҳизби коргарони Курдистони Туркия ҳимоят мекунанд.

Амалиёти низомии артиши Туркия ба минтақаҳои курднишин дар шимоли Сурия аз рӯзи чаҳоршанбе ва чанд рӯз пас аз эълони хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин минтақа тавассути Трамп оғоз шуд. Трамп пас аз эълони ин тасмим гуфт, ки аз ин пас масъулияти мубориза бо ДИИШ бар ӯҳдаи кишварҳои минтақа хоҳад буд. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе аз ин тасмими худ дифоъ кард ва гуфт, курдҳо дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба пирӯзии Амрико кӯмак накарданд.

Нерӯҳои демократии Сурия, ки қисмати калони онро ниманизомиёни курд ташкил медиҳанд, муттаҳиди аслии Амрико дар ҷанг бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" буданд. Бархе аз сиёсатмадорони амрикоӣ бо тасмими Трамп мухолифанд ва онро раҳо кардани муттаҳидони Амрико хонданд.

Раиси Комиссияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе дар мавриди ҳамлаи низомии Туркия изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, "Туркия дар марз бо Сурия нигарониҳои амниятӣ дорад ва мо бояд онро дарк кунем. Вале аз Туркия ва ҳама тарафҳои дигар мехоҳем хештандорӣ кунанд".

Ҳамлаи низомии Туркия баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва сипас ҳаракати воҳидҳои заминӣ барои тасарруфи бахшҳое аз минтақаҳои таҳти назорати гарӯҳҳои курди Сурия оғоз шуд.

Ба гуфтаи созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки ахбори ҷанги дохилии ин кишварро ҷамъоварӣ ва нашр мекунад, то нимарӯзи панҷшанбе ҳадди ақалб 23 ҷангии курд ва 8 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Нерӯҳои демократии Сурия то ба ҳол оморе аз талафоти худ мунташир накардаанд. Дар айни ҳол гузориш мешавад, ки 8 узви гурӯҳҳои мухолифи Сурия, ки мавриди ҳукумати Туркия ҳастанд, дар ин набардҳо кушта шудаанд.

Беш аз 60 ҳазор нафар аз мардум овора шудаанд ва ҳамаи сокинони Раъс-ул-Айн ва Дарбосия воқеъ дар наздикии марз бо Туркия ин шаҳрҳоро тарк кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти низомии Туркия, ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар нуқтаҳоеро дар 30-километрии дохили хоки Сурия ҳадаф қарор додаанд.

Оқои Эрдуғон рӯзи панҷшанбе афзуд, "амалиёт дар ҳоли ҳозир бо мушорикати ҳама бахшҳои нерӯҳои мусаллаҳи мо идома дорад ва то кунун 109 террорист кушта шудаанд".

Хабаргузориҳо рӯзи ҷумъа аз қавли вазорати дифои Туркия хабар доданд, ки дар ҷараёни ин амалиёт як сарбози турк кушта шуда ва се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG