Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Ҷопон ба бозӣ муқобили Тоҷикистон дар Душанбе


Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷопон, ки барои бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, аввалин тамринашро 12-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор кард.

Хадзимэ Мориясу, сармураббии мунтахаби Ҷопон, ба Душанбе 23 бозигар - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - овардааст, ки танҳо чаҳор нафарашон аз бошгоҳҳои футболи Ҷопон мебошанд, 19 нафари дигар дар бошгоҳҳои аврупоӣ бозӣ мекунанд. Меҳмонон дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» зиндагӣ менамоянд.

Ҳайати мунтахаби Ҷопон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Эйдзи Кавасима («Страсбур», Фаронса), Сюити Гонда («Портимоненси», Португалия), Дэниел Шмидт («Сент-Трюйден», Белгия);

Ҳимоятгарон: Юто Нагатомо («Галатасарай», Туркия), Мая Ёсида («Саутгемптон», Англия), Ҳироки Сакаи («Олимпик Марсел», Фаронса), Наомити Уэда («Серкл Брюгге», Белгия), Коки Андзаи («Портимоненси», Португалия), Синносукэ Хатанака («Иокогама Ф. Маринос», Ҷопон), Сэй Муроя («Токио», Ҷопон);

Нимҳимоятгарон: Гэнки Харагути («Ганновер 96», Олмон), Гаку Сибасаки («Депортиво», Испания), Ватару Эндо («Штутгарт», Олмон), Дзюня Ито («Генк», Белгия), Кэнто Хасимото («Токио», Ҷопон), Сёя Накадзима («Порту», Португалия), Такуми Минамино («Ред Булл Залсбург», Австрия), Ко Итакура («Гронинген», Ҳолланд), Рису Доан («ПСВ», Ҳолланд), Такефуса Кубо («Малйорка», Испания);

Ҳамлагарон: Кэнсукэ Нагаи («Токио», Ҷопон), Такума Асано («Партизан», Сербия), Даити Камада («Айнтрахт Франкфурт», Олмон).

Сармураббӣ – Хадзимэ Мориясу (Ҷопон).

Бояд гуфт, ки мунтахаби Ҷопон шаш бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрмонии ҷаҳон иштирок карда, се бор (солҳои 2002, 2010 ва 2018) ба ҳаштякфинал баромадааст. Ҷопониҳо барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1968 дар Мехико мебошанд.

Мунтахаби Ҷопон ҳафт бор (бори аввал соли 1988) ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта, чаҳор бор (соли 1992 дар Ҷопон, соли 2000-ум дар Лубнон, соли 2004 дар Чин ва соли 2011 дар Қатар) барандаи Ҷоми Осиё гардида, бо медалҳои тилло сарфароз шудааст.

Бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи сешанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:15 шуруъ мешавад. Нархи билет барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ (ғарбӣ, шарқӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар ду бозӣ дар меҳмонӣ мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва дар майдони худ мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст, шаш имтиёз гирифтааст.

Мунтахаби Тоҷикистон низ, ки дар ду бозӣ бар дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шудааст, шаш имтиёз дорад. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F” Ҷопон (8-0) дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон (2-0) дар ҷойи дувум қарор доранд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб намудаанд. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардааст.

Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат меварзад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.

Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

2

2

0

0

8-0

6

2

Тоҷикистон

2

2

0

0

2-0

6

3

Қирғизистон

2

1

0

1

7-1

3

4

Муғулистон

3

1

0

2

1-7

3

5

Мянмар

3

0

0

3

0-10

0

Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи F

Даври 4-ум

15-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:15

Тоҷикистон Ҷопон

Сардовар: Муҳаммад Зайд Тҳамер (Ироқ).

Ёварони сардовар: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду аз Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Муғулистон Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Ҷопон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG