Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои навраси тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни наврасон, ки рӯзҳои 10-17-уми октябр дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.

Медали тиллоро Абдураҳим Ёқубов дар вазни то 54 кило гирифт. Ӯ баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар муштзанҳо аз Кувайт ва Бутан, ба нимфинал баромад. Муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ варзишкори эрониро шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Абдураҳим дар қувваозмоии ниҳоӣ ба рақибаш Нурсултон Алтинбек аз Қазоқистон ғолиб омада, ба унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон даст ёфт.

Варзишгари дигари тоҷик Абубакр Муродов дар вазни то 52 кило мақоми дувумро касб намуд. Ӯ пас аз се ғалаба дар даврҳои интихобӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон, дар нимфинал муштзани Ҳиндустонро шикаст дод. Вале Абубакр қувваозмоии ниҳоиро ба муштзан Руслан Кузеубоев аз Қазоқистон бохт.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни навҷавонон дар Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 239 варзишгари наврас аз 26 кишвари қора аз рӯи 26 дараҷаи вазнҳо – 13 вазн миёни писарон ва 13 вазн миёни духтарон – рақобат намуданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 11 варзишгар – 10 писар ва 1 духтар – дохил буд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо касби 20 медал (8 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин муштзанҳои навраси Қазоқистон натиҷаҳои баланд ба даст оварданд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 19 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол кард.

XS
SM
MD
LG