Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафарҳои ногаҳонии раиси Маҷлиси Намояндагон ва вазири дифои Амрико ба Афғонистон


Ҳамзамон бо сафари аз қабл эълоннашудаи вазири дифои Амрико ба Афғонистон, раиси Маҷлиси Намояндагон ва шуморе аз қонунгузорони Амрико низ ба ин кишвар рафтаанд.

Тибқи хабарҳо, Ненси Пелоси, раиси демократи ин Маҷлис, ки раҳбарии ин ҳайати чандҳизбиро ба ӯҳда дорад, дар Кобул бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон, Марк Эспер, вазири дифои Амрико ва фармондеҳони баландпояи амрикоӣ дар Афғонистон, мулоқот кардааст.

Маҷлиси Намояндагони Амрико дар баёнияе гуфтааст, ки ҳайати амрикоӣ дар мулоқот бо мақомоти афғон ба зарурати мубориза бо фасод ва ҳузури занон дар музокирот барои даст ёфтан ба як оштии миллӣ, таъкид кардааст.

Марк Эспер худ шаби гузашта бо Ашраф Ғанӣ мулоқот карда буд. Ин нахустин сафари Эспер ба Афғонистон пас аз таъйин шуданаш ба мақоми вазири дифои Амрико мебошад. Ин эҳтимол матраҳ шудааст, ки ҳадафи сафари Марк Эспер, талоши дигарбораи Амрико барои даст ёфтан ба як созиши сулҳ ва поён додан ба ҷангҳо мебошад.

Музокираҳои пешини Амрко ва Толибон дар пайи идомаи ҳамлаҳои ин гурӯҳ ба низомиён ва ғайринизомиён, ки дар миёни онҳо амрикоиҳо низ буданд, бо дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мутаваққиф шуда буд.

Вазири дифои Амрико дар "Твиттер"-и худ навиштааст, ки фурсате хуб барои мулоқот бо раиси ҷумҳури Афғонистон дошт. "Мо ҳамраъй ҳастем, ки Афғонистон ҳаргиз набояд ба пойгоҳе амн барои террористҳо ва ҳамла ба Амрико табдил шавад",-навиштааст оқои Эспер.

Давохон Мийнахел, муовини сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон низ ба Радиои Афғонистон Озод гуфт, ду тараф "дар мавриди масъалаҳои амниятии Афғонистон, мавзӯъҳои минтақавӣ, фароминтақавӣ, мубориза бо терроризм, ҳимояти нерӯҳои амниятӣ ва дифоии афғон ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар табодули назар карданд".

Ин сухангӯи ҳукумати Афғонистон афзудааст, ки Ашраф Ғанӣ ва Марк Эспер дар бораи талошҳои баъдӣ дар робита ба раванди сулҳ низ гуфтугӯ кардаанд. Як рӯз пеш аз ин намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо барои сулҳи Афғонистон, низ хостори оғози дигарбораи музокироти сулҳ шуда буд.

Илова бар ин, хабаргузории "Ассошиэтед пресс" ба нақл аз Марк Эспер мегӯяд, Вашингтон бар ин ақида аст, ки эҳтимолан мешавад шумораи низомиёни амрикоиро ба 8400 нафар коҳиш дод, бидуни инки паёмадҳое бар ҷангҳо алайҳи Ал-Қоида ва ДИИШ дошта бошад. Рӯзи душанбе муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон бидуни ироаи ҷузъиёте гуфтааст, ки аз назари Кобул коҳиши нерӯҳо вобаста ба вазъият ва шароит мебошад.

Хабаргузории "Рейтерз" ёдоварӣ кардааст, ки сафари ахири мақомҳои баландпояи Амрико ба Афғонистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки президенти Амрико дастури хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз шимол-шарқи Сурияро додааст. Ин нерӯҳо то ба ҳол амалан монеъ аз ҳамлаҳои густурдаи Туркия ба ниманизомиёни курд шуда буданд.

Сафари Ненси Пелоси ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки робитаҳои ӯ бо раиси ҷумҳур Доналд Трамп бинобар таҳқиқоти Маҷлиси Намояндагон барои бозхонд ё импичменти ӯ, дучори танишҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG