Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши "Хуҷанд" ва "Регар" барои медалҳои лигаи олӣ


Рӯзи якшанбеи 20-уми октябр бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар ду бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1 ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуданд.

Дар як бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. «Истиқлол»-и Душанбе «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.

Як бозӣ мусовӣ шуд. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бозиро бо ССКА «Помир»-и Душанбе бидуни гол анҷом дод.

“Истиқлол”, ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, феълан дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

“Хуҷанд” бо 33 имтиёз ҷойи дувумро касб намудааст. Ба хуҷандиҳо барои дарёфти медалҳои нуқра дар се бозии боқимонда ду имтиёз ба даст овардан кофист.

“Регар-ТадАЗ” бо 28 имтиёз дар ҷойи севум аст. Ба футболбозони шаҳри Турсунзода барои гирифтани медалҳои биринҷӣ дар ду бозии боқимонда ду имтиёз гирифтан кофист.

Дастаи «Панҷшер», ки бо 11 имтиёз дар зинаи охирин – 8-ум – ҷойгир шудааст, сарфи назар аз натоиҷи ду бозии охиринаш аз лигаи олӣ ихроҷ мешавад.

То охири мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ду давр мондааст. Бозиҳои даври бистум рӯзи якшанбеи 27-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Даври 19-ум

«Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Равшан Азизов, 37 – ба дарвозаи худ (1:0). Азизбек Султонов, 63 (2:0). Сорбон Авғонов, 78 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Азизбек Султонов («Кӯктош»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

20 октябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 5:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 18 (1:0). Шерзод Маҳамадиев, 30 – аз пеналтӣ (2:0). Мбеке Диеудонни, 44 (2:1). Шерзод Маҳамадиев, 47 – аз пеналтӣ (3:1). Ҳоҷибой Зиёев, 56 (3:2). Асадбек Зиёзода, 71 – ба дарвозаи худ (4:2). Ҷамолиддин Зардиев, 78 (5:2).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

20 октябр. Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 700 тамошобин.

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 2:4

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 2 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (0:2). Шаҳром Самиев, 25 (0:3). Амир Меъморӣ, 49 (1:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 55 (1:4). Амир Меъморӣ, 63 (2:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

20 октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Хуҷанд» – ССКА «Помир» – 0:0

Тӯбро аз пеналтӣ хато зад: Сафаралӣ Каримов (ССКА «Помир»), 84

Беҳтарин бозигари дидор: Данило Рябенко («Хуҷанд»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

20 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

19

15

3

1

56-16

48

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

10

3

5

33-17

33

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

19

8

4

7

31-30

28

4

«Хатлон» (Бохтар)

19

6

5

8

25-26

23

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

19

6

5

8

19-24

23

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

19

6

5

8

26-33

23

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

18

6

3

9

19-29

21

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

19

3

2

14

15-49

11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқол») – 15 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ:

Бозии мавқуфгузоштаи даври 13-ум

24 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хуҷанд» – «Истаравшан»

Даври 20-ум

27 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Хатлон» – ССКА «Помир»

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

«Истаравшан» – «Панҷшер»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 21-ум

6 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:30

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Панҷшер» – «Кӯктош»

«Хуҷанд» – «Истаравшан»

ССКА «Помир» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG