Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба Бритониё барои хориҷшавӣ то феврал муҳлат медиҳад


Хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо мумкин аст, то моҳи феврали соли 2020 ба таъхир гузошта шавад. Дар ин бора расонаҳои Бритониё бо такя ба манобеи дипломатӣ дар Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳанд.

Бритониё ҳамчунин метавонад, пеш аз моҳи феврал - дар моҳҳои ноябр, декабр ё январ аз Иттиҳод хориҷ шавад, дар сурате ки агар тарҳи қонуни хориҷшавӣ дар порлумони Бритониё тасдиқ гардад.

"Агар сарвазири Бритониё бо монеаҳои нав рӯ ба рӯ гардад ё порлумони Бритониё баргузории раъйпурсии навро талаб кунад, дар он сурат Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии Олмон ба ин кишвар то моҳи июни соли оянда муҳлат хоҳад дод",-менависанд расонаҳо.

Рӯзи шанбе порлумони Бритониё раъй дод, ки то қабули ҳамаи тарҳҳои лозим барои хориҷшавӣ аз Иттиҳоди Аврупо масъалаи хориҷшавӣ ба таъхир гузошта шавад.

Рӯзи якшанбе Ҷонсон ба Иттиҳоди Аврупо якбора ду нома ирсол кард. Дар номаи аввал вай бидуни имзо тамдиди муҳлати хориҷшавиро дархост кард ва дар номаи дувум, ки зераш имзо гузошт, таъхири хориҷшавии Бритониёро аз Иттиҳод иштибоҳ номид.

Ҷонсон гуфт, талошҳои хориҷшавии кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо тавассути порлумон идома хоҳанд кард. Сарвазири Бритониё бовар дорад, ки рӯзи 31 октябр ба созиши хориҷшавӣ аз Иттиҳод даст хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG