Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, барои ширкат дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 23-юм то 25-уми октябр дар Эрон баргузор мешавад, ба шаҳри Урумия расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ба ҳайати мунтахаби футзали кишвар барои ширкат дар бозиҳои интихобӣ 14 футболбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохил аст.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Узбекистон (25-уми октябр) рақобат мекунад.

Аз ҳар як гурӯҳи ин минтақа дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки соли оянда дар Туркманистон доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Сармураббӣ – Деян Дедович (Сербия).

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал

Минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

23 октябр (чоршанбе)

14:30 – Тоҷикистон – Непал

17:00 – Узбекистон – Афғонистон

Даври 2-юм

24 октябр (панҷшанбе)

14:30 – Афғонистон – Тоҷикистон

17:00 – Непал – Узбекистон

Даври 3-юм

25 октябр (ҷумъа)

14:30 – Непал – Афғонистон

17:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG