Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Амалиёт дар сарҳади Сурия бо азми қавитар идома мекунад, агар..."


Сочи, 22 октябри соли 2019
Сочи, 22 октябри соли 2019

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, дар сурате, ки ҷангиёни курд ӯҳдадориҳои худро дар заминаи оташбаси бо миёнҷигии амрикоиҳо бадастомада риоя накунанд, ӯ амалиёти низомӣ дар шимолушарқи Сурияро “бо азми қавитар” идома хоҳад дод. Эрдуғон, ки пеш аз парвоз ба мулоқоти президенти Русия Владимир Путин дар Сочи аз Анқара сӯҳбат мекард, гуфт, воҳидҳои ҳимояти мардумии курдҳо “бояд қаламравҳои амн”-ро, ки Туркия мехоҳад дар хати марзаш бо Сурия эҷод кунад, тарк кунанд. “Агар ваъдаҳои ба кишвари мо додаи ИМА иҷро нашавад, мо амалиёти худро аз он ҷое, ки қатъ кардем, бо азми қавитар идома медиҳем”, гуфт Эрдуғон.

Эрдуғон гуфт, ки "то ҳол 700 то 800 узви воҳидҳои ҳимояти мардумии курдҳо минтақаро тарк карда, боз 1200-1300 нафари дигар дар ҷараёни берун шудан ҳастанд".

Мӯҳлати оташбаси панҷрӯзае, ки бо миёнҷигии Вашингтон ҳосил шуда буд, рӯзи 22 октябр ба анҷом мерасад. Туркия мехоҳад дар қаламрави 120-километрии марз “як минтақаи амн” таъсис дода, 2 миллион паноҳандаи суриягиро он ҷо ҷой диҳад. Дар иттилоияи Кремлин гуфта шуд, ки дар мулоқоти Путин ва Эрдуғон масоили марбут ба “муқобила бо терроризми байналмилалӣ ва пешбурди мусолиҳаи сиёсӣ” дар Сурияро баррасӣ кунад.

Пеш аз сафари Эрдуғон президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва Путин масъалаи тамдиди хатми муваққатии ҷангро баррасӣ карданд. Макрон ба Путин, ки гуфт, ба сарбозонаш назорати қисматҳои шимолии Сурияро амр додааст, “аҳамияти тамдиди оташбаси феълӣ ва хатми бӯҳрон аз роҳҳои дипломатӣ”-ро таъкид кардааст.

Амалиёти Туркия алайҳи нирӯҳо ба раҳбарии курдҳо рӯзи 9 октябр баъди эълони аз шимолу шарқи Сурия берун шудани нирӯҳои амрикоӣ бо дастури президенти амрикоӣ Доналд Трамп шурӯъ шуд. Туркия нирӯҳои ниманизомии курдҳоро террорист арзёбӣ мекунад, ҳарчанд ҳамин нирӯҳо дар муқобила бо ҷангандаҳои “Давлати исломӣ” дар Сурия дар қатори нирӯҳои амрикоӣ нақши муҳим бозидаанд.


XS
SM
MD
LG