Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки паҳлавонони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2019


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо (Abu Dhabi Grand Slam 2019), ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абу Забӣ баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори панҷум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) баргузор мешавад, 603 варзишгар (351 мард ва 252 зан) аз 104 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 11 варзишгар (10 мард ва як зан) шомил аст: миёни мардон - Муҳаммад Маҳмадизода, Меҳрзод Суфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов, Темур Раҳимов (+100 кг) ва миёни занон - Шоҳида Қаландарова (-63 кг).

Ба ҷуз медалҳо, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ
ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад:

барои ҷойи 1-ум - 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар)

барои ҷойи 2-юм - 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар)

барои ҷойҳои 3-юм - 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд.

Барномаи мусобиқа:

24-уми октябр (панҷшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

25-уми октябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

26-уми октябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни бонувон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик ду соли ахир дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam ноком шуда, бе медал монданд.

Соли 2017 аз миёни шаш гуштигири тоҷик ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Суҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Суҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро соҳиб шуданд.

Соли гузашта бошад, аз миёни шаш гуштигири тоҷик Мирзоҷамил Рамазонов (вазни то 73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) як пирӯзӣ ба даст оварданд, вале паҳлавонони дигари тоҷик дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG