Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон Непалро бо ҳисоби 6-0 шикаст дод


Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6-0 шикаст дод. Футболбозони тоҷик дар ҳар як нимаи дидор сеголӣ ба самар расониданд.

Ин бозии дари аввал дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор шуд. Рустам Ҳамидов ва Файзалӣ Сардоров дуголӣ, Умед Қузиев ва Парвиз Раҳматов якголӣ заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Узбекистон тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввал дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва мунтахаби Узбекистон дар ҷойи дувум қарор доранд.

Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар як нишасти хабарӣ дар Эрон гуфтааст, ки вазифаи мо ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кардан аст.

«Мо ба Эрон танҳо бо як мақсад омадаем – ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё, ки соли оянда дар Туркманистон баргузор мешавад. Аз он хушҳолем, ки дар аввалин дидор муқобили мунтахаби Непал пирӯз шудем. Бозии дувуми мо бо мунтахаби Афғонистон барпо мегардад. Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ муқобили мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунем. Мо рақибонамонро хуб омӯхтаем ва дар ду бозии боқимонда низ мекӯшем, ки натиҷаҳои мусбат ба даст биёрем”, - гуфтааст Деян Дедович.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" 24-уми октябр бо мунтахаби Афғонистон ва 25-уми октябр бо мунтахаби Узбекистон рақобат мекунад.

Ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Туркманистон ва Эрон шомиланд. Дар ин гурӯҳ се бозӣ - 23-юми октябр миёни дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Эрон, 24-уми октябр – Қирғизистон ва Туркманистон, 25-уми октябр Эрон ва Қирғизистон - доир мегардад.

Аз ҳар як гурӯҳи ин минтақа дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 24-уми феврал то 10-уми марти соли оянда дар Ишқободи Туркманистон доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мунтахаби Туркманистон, ки ба гурӯҳи “В” дохил аст, яке аз ду ҷойи аввалро ишғол намояд, онгоҳ беҳтарин дастаи ҷойҳои севуми ин ду гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунад.

Ба ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё 14 футболбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохил аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Сармураббӣ – Деян Дедович (Сербия).

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал

Минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

23 октябр (чоршанбе)

Тоҷикистон – Непал – 6:0

Узбекистон – Афғонистон – 6:2

Даври 2-юм

24 октябр (панҷшанбе)

14:30 – Афғонистон – Тоҷикистон

17:00 – Непал – Узбекистон

Даври 3-юм

25 октябр (ҷумъа)

14:30 – Непал – Афғонистон

17:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG