Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави тенниси рӯи мизи Тоҷикистон


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз дар шаҳри Душанбе, ки 22-юми октябр ба поён расид, ғолибон дар ҳисоби дастаӣ ва рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон бо ҷому медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.

Дар ин мусобиқа теннисбозон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ва ШНТМ (Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ) ширкат карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти медалҳои ба даст овардаи мардону занон мунтахаби Душанбе ҷойи аввал, вилояти Суғд ҷойи дувум ва вилояти Хатлон ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Сомони Ҳусейн байни мардон ва Динора Исмоилова миёни занон ғолиб омаданд.

Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати саҳҳомию ҳолдингии кушодаи “Барқи тоҷик”, ки моҳи апрели соли гузашта президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шудааст, дар маросими мукофотсупорӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа гуфт, «Федератсия бо гузаронидани мусобиқоти дохили кишвар истеъдодҳои навро дарёфт намуда, ба ҳайати дастаҳои мунтахаб дохил мекунад ва онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар менамояд. Теннисбозони мо танҳо дар мавриди рақобат бо варзишгарони хориҷӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ таҷрибаи хуби бозӣ касб мекунанд.»

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз:

Дастаӣ

Мардҳо
1. Суғд
2. Душанбе-1
3. Хатлон-2

Занон
1. Душанбе-1
2. Суғд
3. ШНТМ

Ҷуфти омехта
1. Султонов Убайд / Азизова Наргис
2. Сомони Ҳусейн / Баротова Лола
3. Маҳмудов Авзал / Сумайя Амирӣ

Ҷуфти мардҳо
1. Сомони Ҳусейн / Султонов Убайдулло
2. Маҳмудов Авзал / Набиев Шероз
3. Солиев Хуршед / Яҳёев Миряҳё

Ҷуфти занон
1. Исмоилова Динора / Сумайя Амирӣ
2. Сайдалиева Зулфинисо / Муродӣ Сабрина
3. Тухмосева Наргиса / Қодирова Ясмина

Инфиродӣ

Мардҳо
1. Сомони Ҳусейн
2. Султонов Убайдулло
3. Набиев Шероз
Занон
1. Исмоилова Динора
2. Сумайя Амирӣ
3. Азизова Наргис

XS
SM
MD
LG