Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо бо номи Abu Dhabi Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абу Забӣ – баргузор шуд, дар даври интихобӣ шикаст хӯрда, бе медал монданд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори панҷум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) доир гардид, 553 варзишгар (322 мард ва 231 зан) аз 95 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок дошт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 11 варзишгар (10 мард ва як зан) шомил буд. Дар сабқати мардон Муҳаммад Маҳмадизода, Меҳрзод Суфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва дар сабқати занон Шоҳида Қаландарова (-63 кг) аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
Аз миёни 11 гуштигири тоҷик ду нафар - Ёқубҷон Боқиев дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило – дар як қувваозмоӣ ғолиб шуданд, вале паҳлавонони дигари тоҷик дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти теъдоди медалҳо дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.
Мунтахаби Нидерланд бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дувум ва мунтахаби Словения бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) мақоми севумро ишғол карданд.
Умуман, варзишгарони 25 кишвар бо медалҳои мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam 2019 мукофотонида шуданд, аз он ҷумла гуштигирони 10 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Ба ҷуз аз варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ, Нидерланд ва Словения боз намояндагони ҳафт кишвар – Украина, Италия, Туркия, Испания, Қазоқистон, Косово ва Кореяи Шимолӣ – ба дарёфти яктоӣ медали тилло мушарраф шуданд.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал, ҷоизаи молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум - 5000 доллари ИМА, барои ҷойи 2-юм - 3000 доллар, барои ҷойҳои 3-юм - 1500-долларӣ.
Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ барои иштирок дар рақобатҳои инфиродӣ ва мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик солҳои 2017-2018 низ дар мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam ноком шуда, бе медал монда буданд.
Соли 2017 аз миёни шаш гуштигири тоҷик ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Суҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Суҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро соҳиб шуданд.
Соли гузашта бошад, аз миёни шаш гуштигири тоҷик Мирзоҷамил Рамазонов (вазни то 73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (вазни то 81 кг) яктоӣ ғалаба ба даст оварданд, вале паҳлавонони дигари тоҷик дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.
Ғолибону ҷоизадорони Abu Dhabi Grand Slam 2019
Мардон
60 кг
1. Қирғизбоев Гусман (Қазоқистон)
2. ХЯР Валид (Фаронса)
3. АБДУЛАДЗЕ Яго (Русия)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбекистон)
66 кг
1. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
3. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ПОЛАНКО Орландо (Куба)
73 кг
1. ЧИЛОГЛУ Билол (Туркия)
2. МАРГЕЛИДОН Артур (Канада)
3. ТУРАЕВ Ҳикматиллоҳ (Узбекистон)
3. ВАНДТКЕ Игор (Олмон)
81 кг
1. ЛИИ Мун Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
2. МАЙСУРАДЗЕ Люка (Гурҷистон)
3. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
3. РЕССЕЛ Доминик (Олмон)
90 кг
1. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
2. ГВАК Донгҳан (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ЧРИКИШВИЛИ Автадили (Гурҷистон)
3. ТРИППЕЛ Эдуард (Олмон)
100 кг
1. ЧО Гуҳам (Кореяи Ҷанубӣ)
2. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
3. АДАМЯН Арман (Русия)
3. ЭЛХАНАС Шади (Канада)
+100 кг
1. МЕЙЕР Рой (Нидерланд)
2. ХАММО Якив (Украина)
3. КИМ Сангмин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. КОКАУРИ Ушангӣ (Озарбойҷон)
Занон
48 кг
1. БИЛОДИД Даря (Украина)
2. СТАНГАР Маруся (Словения)
3. КОСТА Катарина (Португалия)
3. МЕНЗ Катарина (Олмон)
52 кг
1. КЕЛМЕНДИ Майлинда (Косово)
2. ГУИФФРИДА Одетт (Италия)
3. ГИЛС Челси (Британияи Кабир)
3. ПАРК Да Сол (Кореяи Ҷанубӣ)
57 кг
1. КИМ Ҷин А (Кореяи Шимолӣ)
2. КИСИК Сара Леон (Фаронса)
3. ҶИГАРОС Диана (Русия)
3. КИМ Ҷанди (Кореяи Ҷанубӣ)
63 кг
1. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)
2. ДЕЛ ТОРО КАРВАХАЛ Майлин (Куба)
3. КВАДРОШ Кетлейн (Бразилия)
3. ЯНГ Ҷунксиа (Чин)
70 кг
1. ПОЛЛИНГ Ким (Нидерланд)
2. ВАН ДАЙК Санни (Нидерланд)
3. ПОЛЛЕРС Михаэла (Австрия)
3. РОДРИГЕЗ Элвисмар (Венесуэла)
78 кг
1. АПОТЕКАР Клара (Словения)
2. МАЛЗАХН Луиза (Олмон)
3. МАЛОНГА Маделин (Фаронса)
3. СТИНХАУЗ Гусси (Нидерланд)
+78 кг
1. ХАН Ми Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
2. М БАИРО Анни Фатоумата (Фаронса)
3. АЛТЕМАН Мария Суелен (Бразилия)
3. ЧЕИХРУХУ Нихел (Туркия)