Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон бо Камерун


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) аввалин бозиашро дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2019 дар Бразилия имрӯз, 28-уми октябр, бо мунтахаби наврасони Камерун анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 04:00, 29-уми октябр бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома хоҳад кард, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун рақобат мекунад.

Бозии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон 31-уми октябр (01:00, 1-уми ноябр бо вақти Душанбе) муқобили мунтахаби Испания доир мегардад.

Наврасони тоҷик дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) бо мунтахаби Аргентина вориди рақобат мешаванд.

Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», барпо мегарданд.

Ба дархости ниҳоии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 21 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - дохил аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳар ду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарифов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарчор аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ - Зайниддин Раҳимов.

Аз рӯи натиҷагирии қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), дар як нишасти хабарӣ, ки пеш аз бозӣ муқобили мунтахаби наврасони Камерун доир гардид, гуфтааст, ки барои аз гурӯҳ баромадан талош мекунанд.

– Мо ба Бразилия даҳ рӯз пеш аз бозии аввалини қаҳрамонии ҷаҳон омадем ва аллакай ба обу ҳавои инҷо ва фарқияти калони вақти маҳаллӣ бо Душанбе одат кардем. Дар бораи рақибонамон ҳаминро гуфтаниям, ки гурӯҳи мо яке аз гурӯҳҳои аз ҳама мураккаб дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 мебошад. Аргентина ва Испания ба қатори дастаҳои довталаби унвони қаҳрамонӣ дохиланд. Мунтахаби Камерун имсол дар қаҳрамонии наврасони Африқо ғолиб шудааст. Мо бозиҳои ҳамаи рақибонамонро тамошо карда, онҳоро омӯхтем. Моро бозиҳои вазнин бо ҳамаи дастаҳо дар пеш аст. Ҳамаи бачаҳои мо ба муборизаи ҷиддӣ омодаанд”, - иброз доштааст Зайниддин Раҳимов.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

28 октябр (душанбе)

Оғози бозӣсоати 20:00

Тоҷикистон – Камерун

Даври 2-юм

31 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

Испания – Тоҷикистон

Даври 3-юм

3 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

Аргентина – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳобо вақти Бразилия.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардид.

Бояд гуфт, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, то ҳаштякфинал роҳ ёфтааст.

Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “E” се бозӣ анҷом доданд, ки натиҷаҳояш чунин аст: Тоҷикистон – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 4:3 (голҳои Тоҷикистон: Дилшод Восиев, дақиқаи 32-юм, Самад Шоҳзуҳуров, 43, Нуриддин Давронов, 82 ва Фатҳулло Фатҳуллоев, 86), Тоҷикистон – Белгия – 0:1, Тоҷикистон - Тунис – 0:1.

Дар ин гурӯҳ Тунис бо 9 имтиёз ғолиб шуд. ИМА, Тоҷикистон ва Белгия сеимтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо ИМА (6-7) ҷойи дуюм, Тоҷикистон (4-5) ҷойи сеюм ва Белгия (3-6) ҷойи чорумро соҳиб шуданд.Аз ин гурӯҳ се даста ба ҳаштякфинал баромад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоӣ бо тими Перу рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар замони изофа низ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ мунтахаби Перу бо ҳисоби 5:4 ғолиб шуд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Нигерия сурат гирифт. Замони асосӣ ва иловагӣ бидуни гол ба анҷом расид. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ Нигерия бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.

Шарҳҳоро бинед (3)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG