Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Намояндагони ИМА "наслкушӣ"-и арманиҳоро таъйид кард, Туркия эътироз намуд


Қатъномаи рӯзи сешанбеи Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки наслкушии арманиҳо дар авоили қарни бистум дар замони императории туркҳоро таъйид кард, ба вокуниши Туркия рӯбарӯ шудааст. Анқара аз паёмадҳои он ҳушдор додааст.

Дар ҷараёни раъйгирӣ 405 вакил дар Маҷлиси Намояндагон ба қатънома раъйи мувофиқ доданд ва танҳо 11 нафар мухолифат карданд. Ин қатънома дар ҳоле қабул шуд, ки робитаҳои Вашингтон ва Анқара дар пайи амалиёти густурдаи Туркия дар шимол-шарқи Сурия, ба танишҳои нав рӯбарӯ шудааст.

Қатъномаро Адам Cчифф, раиси демократи Кумитаи истихоборотии Маҷлиси Намояндагон, ироа карда буд. Ҳавзаи намояндагии оқои Счифф иёлати Калифорния мебошад, ки шумораи зиёди арманитаборҳо дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Сенати Амрико ҳанӯз дар мавриди ин қатънома раъйгирӣ накардааст. Таъйиди "наслкушӣ"-и арманиҳо аз сӯи Маҷлиси Намояндагон, бо истиқболи ҷомеаи арманиҳои Амрико рӯбарӯ шудааст.

Арам Ҳампарян, раиси кумитаи миллии арманиҳои Амрико дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мегӯяд, ин раъй нуқтаи назари Туркия дар мавриди рух надодани наслкуширо ба таври қатъӣ рад кардааст.

Ин қатънома албатта дар замоне тасвиб шуд, ки робитаҳои Анқара ва Вашингтон пурталотум аст. Қонунгузорони Амрико рӯзҳҳои гузашта норизоятӣ ва интиқодҳои амиқи худро аз амалиёти Туркия дар шимол-шарқи Сурия, ки бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа оғоз шуд, пинҳон накарданд.


Курдҳои Сурия борҳо Туркияро муттаҳам кардаанд, ки қасди "поксозии қавмӣ" дорад. Анқара мегӯяд, қасд дорад гурӯҳҳои "террористӣ"-ро аз марзҳои ҷанубии худ ақиб биронад, то амнияти мардумаш ба хатар наафтад.

Вазири умури хориҷии Туркия бо интиқод аз раъйи қонунгузорони амрикоӣ, онро "интиқом" аз амалиёти кишвараш дар Сурия хонд. Вазорати умури хориҷии Туркия низ дар баёнияе гуфтааст, таъйиди "наслкушӣ"-и арманиҳо "як гоми бемаънии сиёсӣ" аст, ки танҳо ҳадафи он гурӯҳҳои лоббии зиддитурк ва лоббии арманиҳо аст.

Ҳамзамон бо тасвиби қатъномаи наслкушӣ, қонунгузорони амрикоӣ ҷорӣ кардани таҳримҳои давлатӣ алайҳи Туркия ба хотири амалиёт дар Сурияро низ қабул карданд.

Ончӣ акнун ба унвони "наслкушӣ"-и арманиҳо шинохта мешавад, ба рухдодҳои давраи Ҷанги Аввали Ҷаҳон дар авоили қарни бист дар сарзаминҳои хилофати исломӣ ё императории усмонӣ, боз мегардад.

Ба гуфтаи арманиҳо ва низ шуморе аз пажӯҳишгарон ва таърихнигорон, байни солҳои 1915 то 1918 ҳудуди як миллиону 500 ҳазор нафар аз арманиҳои сокини қаламрави Туркияи усмонӣ қатли ом шуданд.

Аммо ҳукумати Туркия ҳеҷ гоҳ вуқӯи "наслкушӣ"-ро напазируфтааст. Туркия мегӯяд, шумораи арманиҳои кушташуда бисёр камтар аз ин аст ва рухдодҳо як иқдоми тарҳрезишуда ҳам набуд.

Арманиҳо рӯзи 24-уми апрелро солгарди рамзии ин наслкушӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG