Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи ҳалокшудагони сӯхтори як қатор дар Покистон ба 70 нафар расид. ВИДЕО


Бар асари таркиши як балони газ дар қаторе дар Покистон, ки боиси оташсӯзӣ шуд, даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳодиса субҳи панҷшанбеи 31-уми октябр дар минтақаи Лаёқатпури иёлати Панҷоб рух додааст. Ин қатор аз шаҳри соҳилии Карочӣ равонаи Ровилпиндӣ дар наздикиҳои Исломобод будааст.

Як масъули бахши изтирории иёлати Панҷоб ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, шумораи ҳалокшудагон дар ҳодисаи мазкур ба 73 тан расидааст. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, 43 тани дигар ҳам маҷруҳ шудаанд, ки вазъи 11 нафарашон вахим мебошад.

Оташсӯзӣ замоне рух дод, ки як балони газ, ки мусофирон барои пухтани ғизо истифода мекарданд, дар яке аз вагонҳои ин қатор мунфаҷир шуд. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", бештари қурбониёни ин ҳодиса мусофироне ҳастанд, ки дар пайи таркиш худро аз қатор ба берун партофтанд.

Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, дар миёни қурбониён занон ва кӯдакон низ ҳастанд. Шуморе аз маҷрӯҳонро ба бемористонҳои наздики маҳали ҳодиса интиқол додаанд ва вазъи онҳо вахим гуфта мешавад. Ба навиштаи "Dawn", чархболҳои артиш барои кӯмак ба маҳали ҳодиса сафарбар шудаанд.

Ба иттилои Радиои Покистон, нахуствазири он кишвар Имрон Хон ба наздикони қурбониёни ин ҳодиса ҳамдардӣ карда ва ба мақомот дастур додааст, ки шароити муносибро барои муолиҷаи маҷруҳони ин ҳодиса фароҳам биоранд.

Шасту панҷ нафар дар қатори Покистон ҳалок шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Дар Покистон аз ин қабл чандин ҳодисаҳои марбут ба роҳи оҳан рух дода буд, ки садҳо қурбонӣ дар пай дошт. Омори талафот бинобар издиҳом ва зарфияти беш аз ҳадди қаторҳо, дар маҷмӯъ ниҳоят боло мебошад.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ 11 нафар дар ҳодисаи қатор ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳодисаи дигар 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар соли 2007 ҳадди ақал 56 нафар дар ҳодисаи қатор дар наздикии шаҳри Маҳропур кушта шуда ва беш аз 120 нафар ҳам маҷруҳ шуданд. Дар соли 2005 ҳам беш аз 130 нафар бар бархӯрди се қатор дар иёлати Синд ҷон бохтанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG