Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар ҳаштякфинали қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар бозии севумаш дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия аз мунтахаби наврасони Аргентина бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.

Бозии даври охирин дар гурӯҳи “Е” 3-юми ноябр соати 17:00 бо вақти Бразилия (4-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе) дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», доир гардид.

Дар ин бозӣ Франко Ороско ду гол зад. Ӯ дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 38-ум, ҳисобро боз кард. Голи дувумро ин бозигари моҳири аргентинӣ дар нимаи дувум, дар дақиқаи 78-ум, ба самар расонид. Голи севуми мунтахаби Аргентина ба Матиас Годой марбут аст, ки дар дақиқаи 89-ум муваффақ шуд.

Голи ягонаи мунтахабаи наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Рустам Соиров дар дақиқаи 81-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “Е” мунтахаби наврасони Испания бар мунтахаби наврасони Камерун бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд.

Баъди натиҷагирии даври севум дар гурӯҳи “Е” дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина 7-имтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Испания ҷойи аввал ва мунтахаби Аргентина ҷойи дувумро касб намуда, ба ҳаштякфинал баромаданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки натавонист ба даври ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия роҳ пайдо кунад, бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ба ҳаштякфинал баромада буд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома хоҳад кард, дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия ва Ангола (гурӯҳи А), Нигерия ва Эквадор (гурӯҳи В), Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи С), Ҷопон ва Сенегал (гурӯҳи D), Испания ва Аргентина (гурӯҳи Е), Парагвай ва Италия (гурӯҳи F) ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Ичунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севуми гурӯҳҳо – Мексика, (гурӯҳи F), Австралия (гурӯҳи В), Нидерланд (гурӯҳи D) ва Чили (гурӯҳи С) – ба ҳаштякфинал баромаданд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

28-уми октябр (душанбе)

Тоҷикистон Камерун 1:0

Гол: Шарифбек Раҳматов, 51 – аз пеналтӣ.

Аз бозӣ ихроҷ шуд: Шуҳрат Элмуродов (Тоҷикистонн), 72 – корти 2-юми зард.

Испания Аргентина 0:0

Даври 2-юм

31-уми октябр (панҷшанбе)

Испания – Тоҷикистон – 5:1

Голҳо: Герман Валера, 4 (1:0), Роберто Наварро, 20 (2:0), Пабло Морено, 35 (3:0), Алваро Каррилло, 37 – ба дарвозаи худ (3:1), Давид Ларрубиа, 45+1 (4:1), Роберто Наварро (5:1).

Камерун – Аргентина – 1:3

Даври 3-юм

Аргентина – Тоҷикистон 3:1

Голҳо: Франко Ороско, 38 (1:0), Франко Ороско, 78 (2:0), Рустам Соиров, 81 – аз пеналтӣ (2:1), Матиас Годой, 89 (3:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Озодбек Панҷиев (Умедҷон Холиқов, 90+1), Шуҳрат Элмуродов (Эмомалӣ Аҳмадхон, 82), Ҳамадонӣ Камолов, Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов (Нидоёр Забиров, 54), Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

Сардовар: Редуан Ҷийед (Марокаш).

3-юми ноябр. Кариасика. Варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade». 3419 тамошобин.

Испания Камерун – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Испания

3

2

1

0

7-1

7

2

Аргентина

3

2

1

0

6-2

7

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

3-8

3

4

Камерун

3

0

0

3

1-6

0

Мавқеи дастаҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола дар Бразилия дар гурӯҳҳои дигар

Гурӯҳи А

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Бразилия

3

3

0

0

9-1

9

2

Ангола

3

2

0

1

4-4

6

3

Зеландияи Нав

3

1

0

2

2-5

3

4

Канада

3

0

0

3

2-7

0

Гурӯҳи В

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Нигерия

3

2

0

1

8-6

6

2

Эквадор

3

2

0

1

7-6

6

3

Австралия

3

1

1

1

5-5

4

4

Маҷористон

3

0

1

2

6-9

1

Гурӯҳи С

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Фаронса

3

3

0

0

2-0

9

2

Кореяи Ҷанубӣ

3

2

0

1

2-1

6

3

Чили

3

1

0

2

1-2

3

4

Ҳаити

3

0

0

3

0-2

0

Гурӯҳи D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

2

1

0

4-0

7

2

Сенегал

3

2

0

1

7-3

6

3

Нидерланд

3

1

0

2

5-6

3

4

ИМА

3

0

1

2

1-8

1

Гурӯҳи F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Парагвай

3

2

1

0

9-1

7

2

Италия

3

2

0

1

8-3

6

3

Мексика

3

1

1

1

9-2

4

4

Ҷазираҳои Соломон

3

0

0

3

0-20

0

Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

1/8 финал

5-уми ноябр (сешанбе)

Ангола – Кореяи Ҷанубӣ

Нигерия – Нидерланд

6-уми ноябр (чоршанбе)

Ҷопон – Мексика

Испания – Сенегал

Бразилия – Чили

Фаронса – Австралия

7-уми ноябр (панҷшанбе)

Эквадор – Италия

Парагвай – Аргентина

XS
SM
MD
LG