Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ва "Регар" ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2019 роҳ ёфтанд


Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол, ки рӯзи 1-уми ноябр бо ширкати чаҳор даста (се дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал) баргузор шуданд, ду дастаи ширкаткунандаи бозии ниҳоиро муайян карданд.

Дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе – бозии ҷавобии ниманиҳоиро дар Варзишгоҳи марказии Восеъ бо намояндаи лигаи аввал - «Ҳулбук»-и Восеъ -бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Дар бозии аввал душанбегиҳо бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда буданд. Бинобар ин, “Истиқлол” ба финал баромад.

Бозии дигар миёни дастаҳои лигаи олӣ - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» доир гардид. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Бозии аввал низ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамин ҳисоб анҷомида буд.

Аз ин рӯ, барои муайян кардани ғолиб замони изофа таъйин гардид. Вале дар замони изофа низ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ дастаи мизбон - «Регар-ТадАЗ» - бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, ба финал роҳ пайдо кард.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 24-уми ноябр баргузор мешавад, ба мисли соли гузашта дастаҳои «Истиклол» ва «Регар-ТадАЗ» бо ҳам барои Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебаранд. Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 14:00 шуруъ мешавад.

Бряд гуфт, ки дар мавриди пирӯзии «Регар-ТадАЗ» дар финали Ҷоми Тоҷикистон, бошгоҳи шаҳри Турсунзода ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2020 аз марҳилаи муқаддамотӣ мушарраф мешавад. Агар «Истиқлол» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ғолиб шавад, онгоҳ роҳхат ба Ҷоми AFC-2020 насиби ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд» - мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Ҳулбук» – «Истиқлол» – 1:1

Голҳо: Насим Маҳмадқулов, 39 (1:0). Комрон Турсунов, 85 (1:1).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Шоҳин Ҷалилов («Ҳулбук»), 37 – дарвозабон баргардонд.

Аз майдон ихроҷ шуд: Хуршед-Темур Ҷӯраев («Истиқлол»), 51 – барои қоидаи бозиро ҷиддӣ вайрон кардан.

Беҳтарин бозигари дидор: Насим Маҳмадқулов («Ҳулбук»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

1-уми ноябр. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

Бозии аввал – 0:5.

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

Голҳо: Дилшод Бозоров, 21 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 25 (1:1).

Аз пеналтӣ гол заданд: Алишер Шарипов, Алишер Холмуродов, Оятулло Сафаров, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр Аҳмадов, Дилшод Восиев, Соҳибҷон Ҳакимов («Хуҷанд»).

Аз пеналтӣ гол зада натавонистанд: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Юрий Захаркив, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Аз майдон ихроҷ шуд: Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»), 40 – барои қоидаи бозиро ҷиддӣ вайрон кардан, Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»), 80 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

1-уми ноябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2000 тамошобин.

Бозии аввал – 1:1.

Финал

24-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 14:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 28-ум баргузор шудаст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 2018):

  • 1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
  • 1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
  • 1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
  • 1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
  • 1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
  • 1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
  • 1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
  • 1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
  • 2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
  • 2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
  • 2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
  • 2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
  • 2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
  • 2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
  • 2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
  • 2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
  • 2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
  • 2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
  • 2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
  • 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
  • 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
  • 2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
  • 2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
  • 2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
  • 2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
  • 2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
  • 2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG