Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиҳил сол пас аз ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон


I

Имрӯз, 4-уми ноябр чиҳилумин солгарди ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон ва асир гирифтани беш аз 50 амрикоӣ, ба шумули дипломатҳои он кишвар аст.

4-уми ноябри соли 1979, баъди чанд моҳи инқилоби исломӣ дар Эрон, ки бо барканории режими Ризошоҳи Паҳлавӣ анҷомид, донишҷӯёни инқилобӣ ба сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон ҳуҷум карда, 52 дипломатро гаравгон гирифтанд ва ба ҳамин тарз 444 рӯз вазъро зери назари худ нигаҳ доштанд. Ин бӯҳрони дарозмуддат боиси қатъ шудани равобити дипломатии Эрон ва ИМА гардид, ки то имрӯз барқарор нашудааст.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбеи 3-юми ноябр дар суханоне хитоб ба ҳазорон тан аз донишҷӯён дар Теҳрон гуфт, кишвараш баъд аз Инқилоби исломии соли 1979 дар чаҳор даҳа аз Амрико пештар рафтааст.

Ӯ бори дигар музокирот бо Амрикоро рад намуд ва гуфт, "баъзе хаёл мекунанд, ки музокирот бо Амрико мушкилоти кишварро ҳал мекунад, ин иштибоҳи калон аст. Тарафи муқобил нишастани мо пушти мизи гуфтугӯро ба маънои ба зону даровардани Ҷумҳурии исломӣ медонад. Билохира мехоҳанд бигӯянд, ки мо дар ниҳоят бо фишорҳои иқтисодӣ ва таҳримҳои сахт тавонистем Эронро ба зону дароварда ва водор ба музокира намоем".

Саид Алӣ Хоманаӣ афзуд, Эрон Амрикоро дар чандин бахш дар майдони рақобат дар ҳошия қарор додааст. Ӯ гуфт, ки сиёсатҳои Амрико алайҳи Эрон сол ба сол сахттар мешавад.

Рӯзи 4-уми ноябри соли 1979, донишҷӯён ба бинои сафорати Амрико дар Теҳрон ҳуҷум карда, 52 дипломатро гаравгон гирифтанд. Онҳо талаб карданд, ки Амрико Муҳаммадризошоҳи Паҳлавӣ, шоҳи охирини Эронро ба Теҳрон таслим кунад. Паҳлавӣ аз ҳимояти Амрико бархӯрдор ва он замон дар бемористоне дар Иёлоти Муттаҳида бистарӣ буд. Ин буҳрон баъди беш аз як сол бо озодии 52 дипломати амрикоӣ ҳал шуд.

Танишҳои миёни Эрон ва Амрико баъд аз он ба авҷаш расид, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар тобистони соли гузашта аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Теҳрон хориҷ шуд ва таҳримҳои нав алайҳи Ҷумҳурии исломӣ ҷорӣ кард.

Шарҳҳоро бинед (10)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG