Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ" барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шуд


Мусобиқаи 28-уми қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид. Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки дар даври охирини мусобиқа дар майдони худ бозиро бо «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Ёдовар мешавем, медалҳои тиллоро «Истиқлол»-и Душанбе ва медалҳои нуқраро «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд пешакӣ соҳиб шуда буданд.

Бар асоси дастури мусобиқа «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҷойи охиринро ишғол кард, лигаи олиро тарк менамояд. «Хатлон», ки ҷойи пешазохиринро гирифт, дар бозиҳои гузариш бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал барои ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ дар соли оянда мубориза хоҳад бурд.

Шериддин Бобоев, ҳамлагари «Истиқлол», ба мисли соли гузашта беҳтарин голзани мусобиқа гардид. Ӯ ба дарвозаи рақибонаш дар бозиҳои мусобиқаи имсола 16 тӯб задааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 21-ум

ССКА «Помир» – «Истиқлол» – 3:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 5 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 11 (2:0). Муҳаммад Ҳакимзода, 73 (2:1). Шервонӣ Мабатшоев, 86 (3:1). Шериддин Бобоев, 90+1 (3:2).

«Хуҷанд» – «Истаравшан» – 0:1

Гол: Ҳоҷибой Зиёев, 47.

«Панҷшер» – «Кӯктош» – 3:5

Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 3 (0:1). Отабек Каримов, 19 (0:2). Собирҳон Холматов, 25 (0:3). Собирҷон Холматов, 29 (0:4). Маҳмуд Ғаюров, 48 (1:4). Отабек Каримов, 50 (1:5). Хайриддин Турахонов, 52 (2:5). Шавкат Худойназаров, 74 (3:5).

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

21

16

3

2

60-20

51

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

21

11

3

7

37-21

36

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

8

6

7

31-30

30

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

21

8

5

8

24-27

29

5

«Истаравшан» (Истаравшан)

21

8

3

10

24-32

27

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

21

7

6

8

31-36

27

7

«Хатлон» (Бохтар)

21

6

6

9

26-28

24

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

21

3

2

16

18-57

11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 16 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 11 тӯб, Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ») – 10 тӯб.

XS
SM
MD
LG