Дар чанд ҷумла
Боздошти шаҳрванди Русия дар Қазоқистон барои қочоқи шохҳои сайга
Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, як шаҳрванди Русияро бо гумони қочоқи шохи сайга боздошт кард.
Ба огаҳии хадамот, аз ҷузвдони варзишие, ки дар дохили мошини шаҳрванди Қазоқистон буд, 64 ҷуфти шохи сайга дарёфт ва мусодира шудааст. Шаҳрванди Русияро дар гузаргоҳи марзии "Оқсой"-и вилояти Қазоқистони Ғарбӣ боздошт ва ба пулис супурдаанд.
Дар Хадамоти марзбонии Қазоқистон гуфтанд, ки арзиши тахминии шохҳои сайга 242 млн танга (ҳудуди 620 ҳазор доллар) аст.
Дар Қазоқистон сайгаҳо зери муҳофизати давлат қарор доранд. Мақомоти қазоқ то соли 2020 ҳама гуна истифодаи сайгаро, ба ҷуз бо ҳадафҳои илмӣ манъ кардаанд.
Дар соли равон ҳангоми боздошти шикорчиёни ғайриқонунии сайга ду нозири корхонаи "Охотзоопром"-и вилоятҳои Қарағанда ва Акмолин кушта шуданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Аврупо дар талоши сармоягузории 2 миллиард евро ба долони нақлиётӣ
Кумисюни Аврупо дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ аз эҷоди як пойгоҳи табодули маълумот ва мувофиқа барои ҷалби 2 миллиард евро сармояи ниҳодҳои молии байнулмилалӣ хабар дод. Ин талошҳо барои фаъол кардани роҳҳо ва додугирифтҳои байни ин кишварҳо равона мешаванд.
Дар ин бора рӯзи 23-юми июн дар ҷаласае бо иштироки Марта Кос, комиссар оид ба ҳамкорҳои байнулмилалӣ ва Йозеф Сиклеа, комиссар оид ба нақлиёти босубот ва мақомоту намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ хабар доданд.
Дар иттилоияи расмӣ гуфта шуд, ки дар доираи тарҳи стратегии Иттиҳоди Аврупо бо номи “Дарвозаҳои ҷаҳонӣ” бо ширкати вазирони нақлиёт ва мақомоти дигари Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Украина ва Узбекистон, намояндагони кишварҳои Гурӯҳи ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ ва созмонҳои молии байнулмилалӣ ҷаласа барпо шуд. Аз Тоҷикистон дар ҷаласа Беҳзод Икромов, муовини раиси ҳайати намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ин кишвар суханронӣ кардааст.
Дар ин пойгоҳи ягона, қарор аст, ҷараёни ворид шудани сармояҳо, фаъолиятҳои сиёсӣ дар соҳаи нақлиёт, энержӣ, мухобироти рақамӣ ва тиҷорати байни кишварҳои ширкатдори ин тарҳ ҳамоҳанг шавад.
Кумисюни Аврупо гуфтааст, барои беҳбуди зербунёдҳои нақлиётии пайвандгари минтақаи ҷойгир дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ ва Қафқози Ҷанубӣ 2 миллиард евро сармояро ҷалб мекунад.
Марта Кос гуфтааст, дар пасманзари ҷанги идомадори Русия дар хоки Украина, “ба мо долонҳои боэътимоди нақлиётӣ заруранд. Дар давоми понздаҳ соли оянда тиҷорат дар ин самт метавонад панҷ баробар афзояд”.
Йозеф Сикела таъкид кардааст, ки “долони нақлиётӣ тавассути Баҳри Хазар ба як пули ҳаётан муҳим байни Аврупову Осиё табдил мешавад”.
Як намояндаи Кумисюни Аврупо дар посухи хатӣ ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт, стратегияи “Дарвозаҳои ҷаҳонӣ” барои беҳтар кардани иртибот ва содатар кардани тиҷорати миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути Туркия ва Қафқози Ҷанубӣ эҷод шудааст.
"Дар ниҳоят, ин ҳамкориҳо ба тақвияти суботи минтақаӣ ва эҷоди шабакаҳои боэътимоди нақлиётию тиҷоратӣ равона шудаанд," -- гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Трамп гуфт, Эрон ба гузаштҳои бузург розӣ шудааст
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми июн гуфт, Эрон дар гуфтушунидҳои аввал гузаштҳои бузург кардааст.
"Мо бо бартарии зиёд дастболоем. Эрон гузаштҳои хеле бузург мекунад. Мебинем, ки чӣ мешавад,” – афзуд ӯ.
Покистон ва Қатар, ки дар гуфтушуниди Амрико ва Эрон дар Шветсария миёнарав ҳастанд, бовар доранд, ки давоми 60 рӯзи оянда ду кишвар ба созиши пурра даст хоҳанд ёфт.
Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро бар зидди Эрон барои ду моҳ сабук кардааст. Эрон ҳоло ҳақ дорад, ки нафт фурӯшад.
Ҳадафи созишномаи ибтидоӣ риояи оташбас дар минтақа, аз ҷумла миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” аст, ки аз пуштибонии Эрон бархӯрдор аст, вале Амрико онро созмони террористӣ медонад.
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст, убури амни киштиҳо аз тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз танҳо ба воситаи роҳе, ки Теҳрон муайян кардааст, имконпазир аст.
Ин ниҳоди низомии Эрон гуфт, бо киштиҳое, ки қасд доранд бе ҳамоҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ аз ин оброҳаи муҳим гузаранд, бархӯрд хоҳанд кард.
Умон рӯзи 24-уми июн як масири муваққатиро барои транзити киштиҳои дархостшуда аз гулӯгоҳи Ҳурмуз эълон кард.
Як афсари ВКД-ро 12 сол зиндонӣ карданд
Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми июн ӯро ба куштани Саломатшо Ғалчаеви 34-сола аз ноҳияи Ванҷ гунаҳкор донистааст.
Мавқеи Ивазмад Қодиров ё наздикону вакили мудофеаш ба ҳукм рӯшан нест.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, зидди ҳукми додгоҳ шикоят намебаранд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, "ду шоҳиде, ки ҳангоми ҳодиса афсари милисаро ҳамроҳӣ мекарданд, ба мурофиа оварда нашуданд." Вай аз касе ном нагирифт.
Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ ва маълумоти бештар аз Додгоҳи низомии Хоруғ то ин дам бенатиҷа буд.
Саломатшо Ғалчаев шаби 17-уми марти имсол дар натиҷаи як муноқиша дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ кушта шуд.
Дар ҳоле ки мақомот тафсилот намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфта буд, моҷаро бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.
Ивазмад Қодиров фармондеҳи ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ буд ва он шаб аз силоҳ истифода кардааст.
Аз Саломатшо Ғалчаев панҷ фарзанд монд.
"Ҷасади як мард ёфт шуд." Беш аз 200 кас Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро меҷӯянд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн дар эъломияе гуфт, аз дарёи Панҷ ҷасади мардеро ёфтанд, ки "шояд" яке аз мусофирони мошини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, аммо ҳоло дақиқ нест.
Ба иттилои ин ниҳод, ҷасад дар 20-километрии ҷойи афтодани мошини Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш пайдо шуда, "айни ҳол сохторҳои дахлдор барои муайян намудани шахсият чора меандешанд."
Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд ва беш аз як ҳафта боз ҷустуҷӯйи пайкари онҳо идома дорад.
Дар дохили мошин ба ҷуз Алишер Мирзонаботу ҳамсараш Амина Амонуллоева ва духтари дусолааш Орифа, ду марди дигар – ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев – буданд. Онҳо аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.
Ҳарчанд мақомот аз шеваи раҳбарӣ ва амалкардҳояш дар панҷ соли гузашта ситоиш кардаанд, гурӯҳе аз фаъолони зодаи Бадахшон ӯро дар саркӯби норозиён ва боздошту ҳабси дигарандешон дар минтақа танқид мекунанд.
Ҳоло иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дӯши Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст. Вай солҳои охир муовини аввали Алишер Мирзонабот буд.
Талафоти сангин дар заминларзаи сахт дар Венесуэла
Ду заминларзаи пуршиддат ва пайдарпай дар Каракас, пойтахти Венесуэла, вайронӣ ва талафоти зиёд дар пай доштааст.
Шаҳрдории Каракас мегӯяд, биноҳои зиёде ба харобазор табдил шуданд.
Алҳол бар пояи хабарҳои расмӣ пайкари беш аз сӣ нафар ёфт шуда, 700 каси дигар маҷруҳ гаштаанд.
Хадамоти заминшиносии Амрико оқибатҳои онро офатбор номид.
Дар видеоҳои бешумори нашршуда биноҳои бисёри вайроншударо дидан мумкин аст.
Одамон зери харобаҳо мондаанд ва корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.
Фурудгоҳи асосии Венесуэла баста шудааст.
Навор дар Инстаграм:
Бақо Содиқов, муаллифи "Адонис" ва "Гирдбод", дар Олмон даргузашт
Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик ва муаллифи "Адонис XIV" ва "Гирдбод", рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ дар Олмон даргузашт.
Вай сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва ахиран ҳамроҳи ҳамсару ду фарзандаш, Улуғбек ва Умедҷон, дар Аврупо буд.
Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст.
Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.
Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми "Панҷ нафар аз Фарғона" дар киностудияи “Узбекфилм” ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи "Тоҷикфилм" аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст.
"Адонис", "Гирдбод", "Бухорои шариф", "Ҷосус" ва "Имом Бухорӣ" аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд.
Ин филмбардори тоҷик баъди кӯчидан ба Узбекистон ҳам ором нанишаст. Дар онҷо филми "Мурувват" ва "Фидоиён"-ро ба навор гирифт. "Фидоиён" аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухорост.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ солҳои охир чанд дафъа бо Бақо Содиқов суҳбат доштанд ва ҳоло порчаҳоро аз як мусоҳибаи соли 2016, ки муҳтавояшон куҳна нашудаанд, пешкаш мекунем:
Радиои Озодӣ: Чӣ шуд, ки аз Тоҷикистон рафтед?
Бақо Содиқов: "Ман соли 1996 аз Тоҷикистон баромадам, аммо то ҳол эҳсос мекунам, ки Ҳисору Балҷувон, Кӯлобу Чилдухтарон ва Бадахшон, дар маҷмӯъ, ҳар қитъаи Тоҷикистон пеши чашмам аст. Аз ёд медонам, ки аз тарафи Кӯлоб то Ховалинг чӣ қадар роҳ аст, чиро дидан мумкин аст. Бовар мекунед, Тоҷикистон дар дили ман аст. Ман дар Узбекстону Қазоқистон будам, дар Туркманистон будам. Миёни ин ҳама ҳеч фарқ намегузорам. Чӣ хел ҳамаи ин марзҳоро ҷудо карда мешавад? Ман аҳли сиёсат нестам, ман филмбардорам, одами эҷодиям ва фикр мекунам, натанҳо маданияти мо ва дини мо, балки эҳсоси мо як аст. Мо гӯшту нохунем."
Радиои Озодӣ: Вале чаро рафтед?
Бақо Содиқов: "Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба хотири ҳифзи хонаводаам аз Тоҷикистон рафтам. Баъд, гуфта будам, ки то панҷоҳсолагӣ ба ватан хидмат мекунам, яъне то замоне ки нерӯву тавони зиёд ҳаст ва, ба фикрам, ин корро ҳам кардам."
Радиои Озодӣ: Дилатон танг мешавад ба ёди шаҳре, ки шояд ҷавониятон гузаштааст, дӯстоне, ки сари як пиёла чой сӯҳбат мекардед, хиёбонҳое, ки чеҳраҳои шиносро медид?
Бақо Содиқов: "Ватан, дӯстон, сарзамин, баҳр, дарахтон... Тоҷикистон ва дӯстони наздики ман дар дили ман ҳастанд. Бист сол шудааст, ки аз онҳо як метр ва ҳатто як сантиметр дур нашудаам. Онҳо дар дили ман ҳастанд. Ҳамон гунае, ки ҷавону поку самимӣ буданд, ҳамин тавр ҳифз шудаанд. Дар дили ман ҳастанд. Аз он рӯзгор Лоиқ Шералӣ, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов ва даҳҳои дигарро дар ёд дорам. Ман чаҳор шабакаи Тоҷикистонро ҳамарӯза пайгирӣ мекунам. Тамошо мекунам. Ахиран дидам, ки Бозор Собир аз Амрико омадааст ва маҳфил дошт, суолу ҷавоб дошт, хуш шудам. Ман як қадам аз Тоҷикистон дур нашудаам."
Радиои Озодӣ: Пас, аз вазъи филмҳои нави тоҷикӣ ҳам хабар доред. Чӣ мегӯед?
Бақо Содиқов: "Бале, аз филмҳои нави Тоҷикистон хабар дорам. Ман ба ҳеч кас ақл ёд доданӣ нестам. Фақат мегӯям, ки мавзӯи филмҳо маҳдуд аст, тасвир маҳдуд аст. Барои мисол, агар Маҳмудҷон Воҳидов дар вақташ бо офаридаи шоирону адибони дохили Тоҷикистон қаноат мекард ва ба репертуараш ашъори Хайёму нақши Шекспирро ворид наменамуд ва аз осори бузургони дигари классику ҷаҳонӣ баҳра намебардошт, Маҳмудҷон Воҳидови дохилӣ буд. Вале Маҳмудҷон Воҳидов актёри сатҳи байналмилалӣ буд. Барои чӣ маҳдуд бошем, ки хислати маҳаллӣ дорад? Фарҳанги тоҷик инро намебардорад. Баъдан ба далели онки баъзе ҳунармандон дар замони даргириҳои дохилӣ аз кишвар рафтанд, шояд таъсири ин ҳам бошад."
Ин мусоҳибаи видеоӣ бо Бақо Содиқов соли 2023 сабт шудааст:
Артиши ИМА аз кушта шудани як фармондеҳи ДОИШ хабар дод
Фармондеҳии марказии артиши Амрико ё СЕНТКОМ эълон кард, ки дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шимол-ғарби Сурия, яке аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДОИШ), кушта шудааст.
СЕНТКОМ рӯзи чоршанбе дар шабакаи Х навишт, ки ин ҳамла 19 июн анҷом шуд ва дар ҷараёни он, Алӣ Ҳусейн Ал-Улайвӣ, аз раҳбарони баландпояи ин гурӯҳ кушта шуд.
Бар пояи баёнияи артиши Амрико, ин ҳамла бахше аз талошҳои Амрико барои аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ аст, ки дар пайи ҳамла ба шаҳрвандони амрикоӣ дар хоки ИМА ҳастанд.
Брэд Купер, фармондеҳи СЕНТКОМ дар ин бора гуфт, нерӯҳои амрикоӣ ва шарикони минтақаии онҳо ҳамчунин ба мубориза бо боқимондаҳои ДОИШ идома хоҳанд дод, то итминон ҳосил кунанд, ки ин гурӯҳ шикаст хӯрдааст.
Ӯ афзуд, ки Амрико ба дифоъ аз хоки худ, нерӯҳои низомиаш ва муттаҳидонаш дар минтақа, идома хоҳад дод.
Манобеъ: “Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд”
Манбаъҳои огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни нави афв дар Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳе аз сиёсатмадорону мансабдорони собиқ, ки соли 2025 дар доираи парвандаи “табаддулот” зиндонӣ шудаанд, татбиқ нагардид.
Хешовандони ҳадди ақал се нафар аз ин шахсиятҳо низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар парвандаи ин афрод банди 306-и Кодекси ҷиноӣ ё талоши ғасби қудрат ҷой дорад ва ин иттиҳом шомили афв намешавад.
Пайвандони яке аз зиндониён рӯзи 24-уми июн бо шарти фош нашудани ном гуфт, "қабл аз эълони афв мақомот ба зиндон рафта, шахсони аз 55-сола болоро барои озод кардан номнавис карданд. Аксар маҳкумшудагон дар доираи парвандаи “табаддулот” низ аз 60-сола боло ҳастанд ва мунтазир буданд, ки онҳо низ раҳо хоҳанд шуд. Аммо ба сабаби ҷой доштани иттиҳоми талоши ғасби қудрат дар парвандаашон, онҳоро озод накарданд."
Дар ин миён танҳо рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова барои зан буданаш шомили қонуни афв шуд ва се сол ҳукми ӯро кам карданд.
Навор дар Инстаграм:
Гурӯҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Абдулфайз Атоӣ, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва ду афсари собиқи амният моҳи феврали соли 2025 бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” аз 8 то 27 сол зиндонӣ шуданд. Худашон ин ҳукмро беасос дониста, аз мақомот хостанд, ки онро бознигарӣ ва қарори мусодираи амволро бекор кунанд. Чизе, ки додгоҳ напазируфт ва ҳам далелашро ба ҷомеа нагуфт.
Як додраси Додгоҳи Суғдро аз мақомаш гирифтаанд
Маъруфҷон Рустамзода аз мақоми додраси Додгоҳи вилояти Суғд озод карда шудааст.
Фармонро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми июн имзо гузошт.
Дар санад гуфта шудааст, ки Рустамзода "бо хоҳиши худ" аз вазифа рафт, аммо сабаби чунин тасмимро ошкор накардаанд.
Маъруфҷон Рустамзода ҳамагӣ як сол пеш додраси Додгоҳи вилояти Суғд таъйин шуда буд. Аз он пеш дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд кор мекард.
Дар Тоҷикистон беш аз чорсад додрас кор мекунад.
Онҳо бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва биноан додрасҳоро ба он муттаҳам мекунанд, ки пойбанди мақомот ҳастанд.
Кумисюни Байнулмилалии Ҳуқуқшиносон низ пештар дар гузорише гуфта буд, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад.
Дар Тоҷикистон ҷазо барои дарахтбурӣ сангинтар шуд
Порлумони Тоҷикистон қонуни кайфариро дигар кард ва акнун ҷазо барои бе иҷоза буридани дарахт ва нобуд кардани ҷангалҳо сангинтар мешавад.
Бар пояи навгонии қонун, ҷаримаи дарахтбурии ғайриқонунӣ аз 54 то 70 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст. То ин вақт ҳадди аксари чунин ҷарима 54 ҳазор сомонӣ буд.
Ҳамчунин ҷарима барои нобуд кардан ё зарар расондан ба бешазорон низ аз 40 ба 93 ҳазор сомонӣ боло бурда шуд.
Вакилон мегӯянд, ин тағйир аз маҳви дарахтону бешазорон пешгирӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки барои сохтани биноҳои баландошёна дар шаҳру шаҳракҳои Тоҷикистон садҳо бех дарахт нобуд карда мешавад. Ҳамчунин камбуди сӯхт дар деҳот сабаби коҳиши бешазорон мешавад.
Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон ҷаримаҳои гуногунро чанд баробар зиёд карданд, ки танқидҳоеро дар пай дошт. Сокинон борҳо гуфтаанд, ки ҷаримаҳо бояд бо назардошти маош ва шароити зиндагии мардум муайян шаванд.
Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд
Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳомиёни ҷонварон дар Тоҷикистон вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳи навзод дар ноҳияи Нуробод "сабуку нокофӣ" хонданд.
Дар наворе, ки аз 19-уми июн дар интернет мечархад, чанд наврас намоишкорона гӯши як бачаи рӯбоҳро бурида, аз ин кори худ хурсандӣ кардаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми июн гуфт, наврасону волидони онҳоро пайдо кард ва "корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд". Ба иттилои манбаъ, нисбат ба падару модарон барои "иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбия санад тартиб дода шуд".
Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро маъмурони милиса ин афродро барои муносибати бераҳмона ва шиканҷаву азияти ҷонварон, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ҷазо надод.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон низ 22-юми июн гуфт, ҳодиса дар ноҳияи Нуробод рӯй дода, мақомот бо наврасону волидонашон "суҳбат" кардаанд. Ба навиштаи Кумита, наврасон гуфтаанд, аз қонун ва пайомади корашон огоҳ набуданд.
Алия Ҳамидуллина, ҳомии ҳуқуқи ҷонварон, мегӯяд, чораҳое мисли "суҳбату фаҳмондадиҳӣ" барои аз байн бурдани муносибати бераҳмона ва хушунатомез ба ҷонварон кофӣ нест. Ӯ рӯзи 23-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бояд кори пайвастаи маърифатӣ ва муносибати башардӯстона бо ҷонварон ба роҳ монда шуда, барои рафтори бераҳмона ҷазои сахттар, аз ҷумла ҷазои ҷиноӣ зарур аст."
Ҳамидуллина афзуд, "пайомадҳои чунин ҳодисаҳо ба обрӯи Тоҷикистон ва бахши ҷаҳонгардии он таъсири мустақим мерасонад ва дар бисёр ҳолат, аввалин таассурот дар бораи кишвар маҳз аз рӯи муносибат ба ҷонваронашон ташаккул меёбад."
Анна Мифтахова, ҳомии дигари ҷонварон, гуфт, аз муносибати ноболиғон бо рӯбоҳи навзод ваҳшатзада шудааст. "Агар пеши роҳи чунин ҷиноятҳо гирифта нашавад, тасаввур кардан душвор аст, ки бо ин ҷомеа чӣ мешавад? Аз ин рӯ онҳоро бо шеваи сахт, масалан бо меҳнати сангин ҷазо бояд дод," – гуфт Мифтахова дар як шарҳи хаттиаш ба Радиои Озодӣ.
"Бераҳмӣ ба ҷонваре, ки гузашта аз ҳама дар Китоби Сурх ворид карда шудааст, бояд қотеона ҷазо дода шавад. Табиат ва ҷони дигаронро қадр бояд кард. Агар инсон надонад, ки ҳисси шафқату ҳамдардӣ чӣ аст, кӣ метавонад замонат диҳад, ки қурбонии баъдии ӯ як кӯдак ё зани дигаре намешавад?" -- илова кард ӯ.
Дар гузашта шиканҷаи ҷонварон, ба вижа сагу гурбаҳо дар Тоҷикистон борҳо расонаӣ шудааст. Коре, ки на бар асоси Кодекси ҷиноӣ, балки маъмурӣ баррасӣ мешавад ва ҳадди аксар то чорсад сомонӣ ҷарима дорад.
Ба бовари баъзе аз фаъолон, ин ҷазо сабук асту таъсирбахш нест ва мавридҳои зиёди бераҳмӣ нисбат ба ҷонварон, ки дар шабакаҳо гузошта мешавад, бояд роҳро барои сахттар кардани ҷазо боз кунад.
Амрико баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон сабук кард
Иёлоти Муттаҳида бар асоси тафоҳумномаи сулҳ баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон барои ду моҳ сабук кард. Ҷей Ди Ванс, муовини раисҷумҳури Амрико, низ аз гуфтушунид бо мақомоти Эрон дар Швейтсария хушбин буд.
"Дар умум 36 соати пурмаҳсул доштем. Ба ҳамин тарз идома медиҳем. Музокираи мо таҳкурсӣ барои сохтани як Ховари Миёнаи дигар аст, аммо мо ҳанӯз хонаро насохтаем. Мо сохтмонро идома медиҳем ва ин корест, ки мо хоҳем кард,” – афзуд ӯ.
Амрико ва Эрон давоми ду моҳ барои созиши доимӣ гуфтугӯ хоҳанд кард ва сабукии муваққатӣ ба Эрон ҳақ медиҳад, ки фурӯши нафташро оғоз кунад. Поёни ҷанг дар Лубнон ва боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз бахше аз гуфтугӯ аст.
Мақомот гуфтанд, ки дар ду рӯзи охир оташбас дар Лубнон риоя шудааст.
Дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, ки ҳазорон нафар кушта шуд, оброҳаи Ҳурмуз баста гашт ва нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ боло рафт. Рӯзи душанбе нархи нафт каме арзон шуд.
Танишҳо ҳанӯз боқӣ ҳастанд. Дар мавриди барномаи ҳастаӣ Эрон ҳарфи дигар дорад, вале мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Теҳрон иҷозаи бозрасии марказҳои ҳастаиашро додааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки Эрон бояд созишро риоя кунад: "Агар Эрон ба созиш амал накунад, ман коре хоҳам кард, ки бояд бикунам."
Исроил, ки тарафи музокиракунанда нест, мегӯяд, амалиёташро дар Лубнон идома хоҳад дод.
“Дастури ман ба вазири дифоъ ва артиш дигар нашудааст. Низомиёни мо дар ҷануби Лубнон ҳақ доранд, ки ҳар гуна таҳдиди мустақим бар зидди худ ё бар зидди сокинони шимоли кишварро нобуд кунанд. Артиши Исроил дар ин маврид маҳдудияте надорад,” – гуфт Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил.
Беш аз сад нафар ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро мекобанд
Беш аз сад нафар дар амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев иштирок доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як навори видеоӣ аз амалиёти ҷустуҷӯӣ гуфт, беш аз 100 наҷотбахши ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои қудратии кишвар ҷустуҷӯро идома медиҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод, корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо, ҷараён дорад.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.
Омори умумии кушташудагони ҷанг дар Эрон "3519" тан эълон шуд
Мақомоти Эрон шумори умумии кушташудагони ҷанги 40-рӯзаи Амрико ва Исроил бо Эронро "3519" нафар эълон карданд.
Сухангӯи Додгоҳии олии Эрон рӯзи 22 июн гуфт, ин рақам бар пояи омори тиббӣ аст ва аз ин шумор 3002 нафари онҳо мард ва 517 тан зан буданд.
Тибби қонунии Эрон пештар дар нахустин рӯзҳои пас аз барқарории оташбас, шумори кушташудагони ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба Эронро 3375 нафар эълон карда буд.
Додгоҳи олии Эрон дар изҳороти ахираш гуфт, "афроде ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо душман таҳти таъқиб қарор гирифтанд", ки "44 дарсади онҳо ҳанӯз дар боздошти муваққатӣ ҳастанд".
Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ аз замони нахустин ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар моҳи июни соли гузашта, садҳо нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико боздошт ва дар чанд маврид онҳоро ба иттиҳоми "ҷосусӣ" ва "иқдом алайҳи амнияти миллӣ", эъдом кардаанд.
Писараш гуфт, Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон озод шудааст
Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" маъруф асту пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва динӣ танқид мекунад, аз зиндони занона дар шаҳри Норак озод шудааст.
Ӯ моҳи феврали соли 2022 дастгир ва дертар бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва ақидаи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд. Чизе, ки наздиконаш инкор карданд.
Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 22-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш пас аз чаҳор солу панҷ моҳи боздошту ҳабс бар асоси қонуни нави афв озод шудааст.
"Модарамро як рӯз пеш раҳо кардаанд. Аз ин хабар хушҳол шудам. Ӯ 49-сола аст. Ҳангоми дар маҳбас буданаш аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид ва шароити дурусти табобаташ набуд. Акнун табобаташ хоҳем кард," – гуфт Шерзод Маҳмадҷонов ба Радиои Озодӣ.
Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо худи Шоҳида Маҳмадҷонова то ин дам натиҷа надод. Мақомот низ дар бораи раҳоии ӯ гузориш надоданд.
Навор дар Инстаграм:
Ба зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷонова дар соли 2022 танқидҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён оварда буд. Иддае навиштанд, ки мақомот ӯро барои танқидҳои писараш ҷазо доданд.
Қонуни нави афв рӯзи 16-уми июн дар пайванд ба 35-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд. Ин санад нисбат ба 18 ҳазор нафар татбиқ хоҳад шуд. Муҳлати ҳабси теъдоде кам шуда, бархеи дигар аз боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон пупра озод ё парвандааш қатъ хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор нафар, аз ҷумла зиёда аз 500 зан дар зиндон ҳастанд. Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомотро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.