Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатлон" қаҳрамони футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона шуд


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои занона, ки барои бори дувум баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон 10 даста ширкат дошт, ки 7-тоаш аз вилояти Хатлон намояндагӣ кард: «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритӯс), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Бешкент» (Носири Хусрав).

Ҳамчунин якдастаӣ аз вилояти Суғд («Конибодом», Конибодом), шаҳри Душанбе («Зебонисо») ва шаҳру навоҳии тобеи марказ («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) иштирок намуданд. Мусобиқа аз ду давра иборат буд ва ҳар як даста 18 бозӣ анҷом дод.

Дастаи «Хатлон» аз 18 бозӣ дар 16-тоаш пирӯз шуд, як бозиро мусовӣ кард ва дар як бозӣ мағлуб гашт. Ҳамин тариқ, «Хатлон» бо 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намуд.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 12-уми ноябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, дастаи ғолиб бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гашт.

Дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медадҳои нуқра мукофотонида шуд. Ба дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ, ки ҷойи севумро азони худ кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа беҳтарин бозигаронро муайян кард, ки бо ҷоизаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Ба Меҳрона Файзуллоева аз дастаи “Хатлон” ҷоизаи дарвозабони беҳтарин, ба Меҳрангез Шарипова аз дастаи “Хатлон” ҷоизаи нишонзани беҳтарин, ба Некӯбахт Худододова аз дастаи “Зебонисо” ҷоизаи бозигари беҳтарин ва ба Ашӯр Гадоев, сармураббии дастаи “Хатлон”, ҷоизаи мураббии беҳтарин супурда шуд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи аввалини қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон соли гузашта шаш даста ширкат дошт. Мусобиқа бо пирӯзии дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ба анҷом расид. “Хатлон”-и Бохтар бо медаҳои нуқра ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

XS
SM
MD
LG