Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022


Рӯзи 14-уми ноябр 16 бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор шуд.

Ҳисоби аз ҳама бузург дар ин давр дар бозии гурӯҳи В миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тайбейи Чин ба назар расид. Футболбозони мунтахаби Кувайт ба дарвозаи меҳмонон 9 голи беҷавоб заданд.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, даври 5-ум, 14-уми ноябр:

Гурӯҳи А:

Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам

Молдив – Филиппин – 1:2

Сурия – Чин – 2:1

Дар ин гурӯҳ Сурия бо 12 имтиёз пешсаф аст. Чин ва Филиппин бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Молдив бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Гуам бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Гурӯҳи В:

Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал

Урдун – Австралия – 0:1

Кувайт - Тайбейи Чин –– 9:0

Дар ин гурӯҳ Австралия бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Кувайт ва Урдун бо 7-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. Непал бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Тайбейи Чин бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи С:

Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа

Ироқ – Эрон - 2:1

Ҳонконг - Баҳрайн - 0:0

Дар ин гурӯҳ Ироқ бо 10 имтиёз пешқадам аст. Баҳрайн бо 8 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. Эрон бо 6 имтиёз мақоми севумро азони худ намудааст. Ҳонконг бо 2 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Камбоҷа бо як имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.

Гурӯҳи D:

Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур

Узбекистон - Арабистони Саудӣ –– 2:3

Яман – Фаластин - 1:0

Дар ин гурӯҳ Арабистони Саудӣ бо 8 имтиёз пешсаф аст. Узбекистон бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Яман бо 5 имтиёз дар ҷойи севум аст. Фаластин ва Сингапур бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Гурӯҳи E:

Қатар, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бангладеш

Афғонистон - Ҳиндустон - 1:1

Умон – Бангладеш - 4:1

Дар ин гурӯҳ Қатар бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Умон бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Афғонистон бо 4 имтиёз дар ҷойгоҳи севум мебошад. Ҳиндустон бо 3 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Бангладеш бо як имтиёз дар ҷойгоҳи панҷум қарор доранд.

Гурӯҳи F:

Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон

Мянмар - Тоҷикистон - 4:3

Қирғизистон - Ҷопон - 0:2

Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 12 имтиёз пашсаф аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. Муғулистон ва Мянмар бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Гурӯҳи G:

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия

Ветнам - Иморот – 1:0

Малайзия – Тайланд - 2:1

Дар ин гурӯҳ Ветнам бо 10 имтиёз ҷойи аввалро гирифтааст. Тайланд бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Иморот ва Малайзия бо 6-имтиёзӣ ҷойҳои севуму чаҳорумро ишғол намудаанд. Индонезия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи H:

Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка

Лубнон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:0

Туркманистон –- Кореяи Шимолӣ - 3:1

Дар ин гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ бо 8 имтиёз пешсаф аст. Лубнон ва Кореяи Шимолӣ бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Туркманистон бо 6 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кардааст. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат дорад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.

Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

XS
SM
MD
LG