Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Эрон. Мақомот интернетро қатъ карданд


Дар пайи эътирозҳои густурда ба афзоиши қимати бензин дар Эрон, бо дастури мақомот аз рӯзи якшанбе ба ин тараф дастрасӣ ба интернет дар ин кишвар ба таври комил қатъ шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи эътирозҳои се рӯзи ахир шаш нафар ва бино ба иттилои манбаъҳои мустақил, беш аз 40 нафар кушта шудаанд.

Як манбаъ дар вазорати фановарии Эрон гуфтааст, "тасмим ба қатъи интернет, ҳадди ақал ба муддати 24 соат аз сӯи Шӯрои олии амнияти миллӣ гирифта шуд ва ба ҳама операторҳои кишвар фиристода шудааст".

Алӣ Рабеъ, сухангӯи ҳукумати Эрон рӯзи душанбе гуфта буд, дар як ё ду рӯзи оянда интернет дар бархе вилоятҳое, ки мушкили амниятӣ надоранд, васл хоҳад шуд.

Муҳаммадҷавод Озарӣ, вазири фановариҳои Эрон гуфтааст, "қатъи интернет зарарҳои фаровоне барои мардум ва низом дорад" ва "Шӯрои амнияти кишвар ба зудӣ иҷозатномаи барқарории интернетро содир мекунад".

Оқои Озарӣ дар вокуниш ба суханони сафири Амрико дар Олмон, ки гуфта буд, ин кишвар тавони роҳандозии интернети бидуни сензура барои Эронро дорад, гуфт, "ин иддао акнун мумкин нест, барномае барои соли 2025 матраҳ кардаанд". Ричард Гренелл, сафири Вашингтон дар Олмон гуфта буд, Амрико ва Аврупо метавонанд бо қатъи интернет дар Эрон муқобила кунанд.

Се рӯз пас аз қатъи саросарии интернет дар Эрон ба дастури Шӯрои амнияти ин кишвар, дастрасӣ ба сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз ба мушкил рӯбарӯ мебошад ва мақомҳои Эрон ҳанӯз замони дақиқеро барои бозгашти интернет эълом накардаанд. Як рӯз баъд аз оғози эътирозҳои густурда дар Эрон ба афзоиши қимати бензин, Шӯрои амнияти он кишвар дастури қатъи тақрибан комили интернетро содир кард.

То қабл аз қатъи комили интернет дар Эрон, наворҳои видеоии зиёде аз сӯи эътирозгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва ҳамин тавр аз сӯи садҳо ҳазор нафар дида шуд, ки баёнгари доманаи густурдаи эътирозҳо, тирандозии мустақими кормандони пулис ва амният ба сӯи эътирозгарон ва ба оташ кашидани бонкҳо ва биноҳои ҳукуматӣ буд.

Ба назар мерасад, ҳадафи мақомҳои Эрон аз қатъи интернет, ба вуҷуд овардани халал дар ҳамоҳангии эътирозгарон барои баргузории ҳамоишҳо ва ҳамчунин нашр нашудани наворҳои видеоӣ дар расонаҳои хориҷ аз он кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол, Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон қатъи интернет дар Эронро "талоше барои аз байн бурдани хати иртиботӣ ва хомӯш кардани гузориши расонаҳо аз вазъияти ҷории Эрон" хонд ва онро маҳкум кард.

Антони Беллангер, дабири куллии Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон аз мақомоти Эрон хост, ки "муҳосира"-и интернетро бардошта ва ба "саркуб" эътирозгарон поён диҳад. Вай ҳамчунин гуфт, "қатъи интернет ба таври афзоянда дар ҳоли табдил шудан ба абзоре барои ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон аст, то гузоришҳоро хомӯш карда, ҳаққи асосии шаҳрвандон барои дастрасии озод ба маълумотро маҳдуд кунанд".

Бар асоси гузориши Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон, 30 кишвар дар соли 2019 расонаҳоро баста ва дастрасӣ ба интернетро масдуд кардаанд. Оқои Беллангер ин иқдомро нишонаи "раванди ҷаҳонии контроли расонаҳои шаҳрвандон ва дастрасӣ ба интеннет донист".

Созмони Афви Байналмилал ҳам рӯзи душанбе бо нашри як баёния аз он нигаронӣ кард, ки мақомоти Эрон бо қатъи интернет дар садади он ҳастанд, ки бо ба миён овардани холигоҳи хабарӣ, нагузоранд маълумот аз саркӯби мардум, ба берун паҳн шавад. Ин созмон ҳамзамон аз кушта шудани даҳҳо нафар ва ҳамчунин боздошти беш аз ҳазор нафар дар шаҳрҳои гуногуни Эрон нигаронӣ кардааст.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG