Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022: Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон. САДО


Акс аз сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон.
Акс аз сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро дар меҳмонӣ бо тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Бозӣ дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон шаби 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Ҷаҳонгир Эргашев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 17-ум, ҳисобро боз кард. Эргашев ба тӯб соҳиб шуда, зуд ба ҷаримагоҳ ворид гашт ва баъди зарбаи сахти ӯ дарвозабони мизбонон Павел Матяш маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.

Дар нимаи дувуми дидор меҳмонон, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон шуда, ба хатти дифоъ гузаштанд. Ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон самар овард. Дар дақиқаи 83-юм Тамирлан Қозибоев аз назди дарвоза тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисоб баробар шуд – 1:1.

Дар охири дидор баъди зарбаи Виталий Люкс, бозигари мунтахаби Қирғизистон, тӯб ба тири дарвозаи меҳмонон бархӯрд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ, бозиро бо тими миллии Қирғизистон, ки сармураббиаш мутахассиси 41-солаи русиягӣ Александр Крестинин аст, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва дар сафар як имтиёз гирифт.

Ин умуман бозии 14-ум миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт. Дар 8 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 3 бозӣ футболбозони қирғиз ғолиб омадаанд, 3 бозӣ мусовӣ шудааст.

Дар бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи “F” имрӯз мунтахаби Мянмар дар майдони худ тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голро Ҳлаинг Бо Бо дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид.

Мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарчор бозиаш ғолиб омада, бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад. Зимнан, ҷопониҳо аз бозии даври шашум озод буданд. Мунтахаби Ҷопон имрӯз, 19-уми ноябр, дар бозии дӯстона дар майдони худ аз мунтахаби Венесуэла бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Мянмар бо шаш имтиёз аз зинаи охирин ба ҷойи чаҳорум баромад. Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон се бозии боқимондаро соли оянда баргузор мекунад. Футболбозони тоҷик дар даври ҳафтум 26-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон рақобат менамоянд. Баъдан мунтахаби Тоҷикистон дар даври нӯҳум 4-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон бозӣ хоҳад кард. Бозии охирини марҳилаи дувуми мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянмар 9-уми июн дар Душанбе доир мегардад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:07 0:00
Линки мустақим


Имшаб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии даври шашум дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Қатар доир гардид. Ин бозӣ бо пирӯзии қаҳрамони феълии Осиё – Қатар – бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ Акрам Афиф дар дақиқаи 76-ум зад. Дарвоқеъ, Умрон Ҳайдарӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон дар дақиқаи 30-юм тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонида натавонист.

Дар бозиҳои гурӯҳҳои дигар, ки то ҳоло ба анҷом расиданд, мунтахаби Узбекистон бар Фаластин, Туркманистон бар Шри-Ланка, Ҳонгконг бар Камбоҷа бо ҳисоби якхелаи 2:0, Кувайт бар Непал, Молдив бар Гуам бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва Сурия бар Филиппин бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуданд. Бозиҳо миёни дастаҳои Ветнам – Тайланд ва Ироқ - Баҳрайн бидуни гол поён ёфт.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 6-ум

Қирғизистон – Тоҷикистон 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 17 (0:1), Тамирлан Қозибоев, 83 (1:1)

Қирғизистон: Павел Матяш, Валерий Кичин, Тамирлан Қозибоев, Мустафо Юсупов (Ғайрат Жиргалбек, 46), Виктор Майер (Виталий Люкс, 64), Гулҷигит Алиқулов, Эдгар Бернҳардт, Мирлан Мурзаев, Бекҷон Сагинбоев, Фарҳат Мӯсобеков, Алимардон Шукуров (Одилҷон Абдураҳмонов, 72).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Манучеҳр Сафаров, Хуршед Бекназаров, Фарҳод Восиев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Парвизҷон Умарбоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+2), Эҳсони Панҷшанбе, Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 78).

Огоҳонида шуданд: Валерий Кичин, Виктор Майер, Фарҳат Мӯсобеков, Алимардон Шукуров, Ғайрат Жиргалбек (Қирғизистон), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Тоҷикистон).

Сардовар: Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим (Қатар).

Нозири доварон: Висва Натхан Кришнан (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Ҷаемин Шин (Кореяи Ҷанубӣ).

19-уми ноябр. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов. 15 783 тамошобин.

Мянмар Муғулистон 1:0

Гол: Ҳлаинг Бо Бо, 17

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

4

4

0

0

13-0

12

2

Қирғизистон

5

2

1

2

10-5

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

6-8

7

4

Мянмар

5

2

0

3

5-13

6

5

Муғулистон

5

1

0

4

2-10

3

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 7-ум

26-уми марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31-уми марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4-уми июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9-уми июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG