Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз рафтори Гуглу Фейсбук. Нигаронӣ аз "озори интернетӣ" дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) ҳушдор дод, ки тасаллути ҳамаҷонибаи Google ва Facebook ба иттилооти шахсии миллиардҳо нафар дар Интернет ҳуқуқи башарро ба хатар меандозад.

Ин созмон рӯзи 21-уми ноябр дар гузориши "Ғӯлҳои назораткунанда: Чӣ гуна модели тиҷоратии Google ва Facebook ба ҳуқуқи башар таҳдид мекунад" хостори тағйири шеваҳои ҷамъоварии иттилоот ва баҳраҷӯӣ аз он аз сӯи ин ду ширкати азими интернетӣ шудааст. Ин ду ширкат ёфтаҳо ва танқидҳои Афви Байнулмилалро зери суол бурдаанд.

Аз ҷумла, Facebook таъкид кард, ки баръакс, дар пешбурди озодии баён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти зиёди иҷтимоиву сиёсӣ нақши муҳим иҷро мекунад.

"Истифода аз иттилооти шахсӣ"

Коршиносони созмони Афви Байнулмилал мегӯянд, шеваи кори ду ширкати азими интернетӣ дар давоми ду даҳсола хеле тағйир ёфта, миллионҳо муштарии онҳо нохудогоҳ ва ҳам бе огоҳии ширкатҳо ба манбаи даромад табдил шудаанд.

Ҷой Вестбай, муҳаққиқи Amnesty International, дар шарҳи мухтасаре аз гузориши 60-саҳифагии созмон гуфт, "...модели тиҷорие, ки Google ва Facebook ба он такя мекунанд, ҷавобгӯйи ҳуқуқи инсонҳо нест - бо назардошти ҳаҷм ва умқи маълумоте, ки онҳо аз мардум дар саросари олам ҷамъоварӣ мекунанд ва аз он даромад меоранд."

Вестбай, ки худаш аз муаллифони гузориш аст, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Лондон гуфт, маълумоти хусусии корбарони ин шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама барои истифода дар таблиғоти бозаргонӣ ҷамъовариву таҳлил мешавад. Вай ба унвони мисол аз моҷарои ширкати Cambridge Analyticа ёдовар шуд, ки соли 2016 аз иттилооти шахсии 87 миллион корбари Facebook барои таблиғоти интихоботии президенти Амрико Доналд Трамп истифода карда буд.

Дар пайи моҷарои фошшуда, Facebook аз Cambridge Analytica, ки шарики тиҷорияш буд, хост, тамоми ин иттилоотро нобуд кунад.

Назари мардум дар инҷост:

Оё шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду таҳқир кардаанд, чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

"Иртиботи озодона"

Масъулони шабакаи иҷтимоии Facebook бо интиқодҳои Афви Байнулмилал розӣ нестанд. Аз ҷумла, дар ҷавоби расмии ин ширкат, ки дар поёни гузориши Афви Байнулмилал ҳам нашр шудааст, таъкид мешавад, истифода аз ин хадамот "ихтиёрӣ аст" ва ҳеч корбар "бидуни хоҳиши худ ва ё ноогоҳона иттилооташро дар ихтиёри Facebook намегузорад".

Ин ширкат мегӯяд, ба ҳеч сурат иттилооти хусусии корбарон, мисли ҳувият ва мансубияти ҷинсии онҳоро фош намекунад, ба муҳтавои номаҳои электронии онҳо дастрасӣ надорад ва аслан ҳеч назорате ба корбарон надорад.

Муаллифони гузориши Афви Байнулмилал мегӯянд, аз Фейсбук ва барномаҳои вобаста ба он – WhatsApp, Messenger ва Instagram -- сеяки ҷамъияти ҷаҳон истифода мекунанд.

Ширкати Гугл ба унвони як манбаи муҳимми иттилоот 90 дарсад аз ҷустуҷӯҳои интернетиро таъмин мекунад.

Chrome - браузери пуристифода, YouTube – пойгоҳи азими наворҳои видеоии ҷаҳон ва Android – сомонае, ки ними телефонҳои ҳушманди ҷаҳон бар асоси он сохта шудааст, моли ширкати Гугл мебошанд.

Ҷой Вестбай гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба нуфузи фарогир ва эътимоди мардум ба ин ширкатҳо, онҳо бояд ба ҳуқуқи башар арҷ гузоранд. Барои дарки ҳаҷми даромади ин ширкатҳо мешавад гуфт, сармоягузории Гугл дар бозор ду баробари Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Ирландия аст."

"Фабрикаи ҷавоб"-и Тоҷикистон

Шабакаҳои иҷтимоие ба мисли Facebook ва ё YouTube дар Тоҷикистон ҳам корбароне зиёде доранд. Шумори корбарони интернет дар ин кишвар 30 дарсад (аз 9 миллион ҷамъият)-ро ташкил медиҳад. Истифода аз ин шабакаҳо барои бисёриҳо бахши ҳамарӯзаи кору муошират шудааст.

Истифодаи густарда аз ин шабакаҳо чолишҳоеро низ ба ҳамроҳ дорад. Аз ҷумла, ин амр боис ба пайдо шудани гурӯҳ ва шабакаҳои ба истилоҳ харобкор ҳам шудааст, ки барои бе обрӯ кардани шахсиятҳо ва ё аз саҳна дур кардани мунтақидони ҳукумат ва мухолифон аз онҳо истифода мекунанд.

Пайдо шудани наворҳои равобити маҳрамонаи шахсиятҳои алоҳида дар интернет аз соли 2012 ба ин сӯ, нашри матолиби таҳқиромезу беобрӯкунанда, ба қавли бархе аз коршиносон, силоҳи сиёсии гуруҳҳои монанд ба "фабрикаи ҷавоб" табдил шудааст.

Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ниҳодҳои махсус дар Тоҷикистон ба хотири саркӯби мухолифону дигарандешон аз таҳқиру таъқиби интернетӣ кор мегиранд.

Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова

Фариштамоҳ Гулова, коршиноси фанновариҳои муосир дар Душанбе мегӯяд, таъмини амният ё бехатарии интернетӣ барои Тоҷикистон як масъалаи доғ аст. Ба гуфтаи ӯ, дар назарсанҷие, ки имсол дар миёни 1100 корбари 13 то 18-солаи тоҷик анҷом шуд, “хатарҳо дар интернет” мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Ӯ мегӯяд: "Беш аз 600 нафар гуфтанд, дар интернет бо маводи шаҳвонӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Яъне хоҳанд ё нахоҳанд, онҳо ин матолибро мебинанд. Беш аз 60 дарсад гуфтанд, онҳо ба воситаи интернет бо таҳқиру хушунат рӯ ба рӯ мешаванд. Озори интернетӣ дар Тоҷикистон назаррас гардидааст".

Тибқи гузориши Афви Байнулмилал, ҳукуматҳо, ки масъули таъмини ҳуқуқи инсон ҳастанд, бояд чунин вижагиҳоро ба инобат бигиранд ва аз роҳи қонунгузорӣ назорати таъмини ҳуқуқи бунёдии инсон тавассути интернетро ба роҳ монанд.

"Муҳим ин аст, ки Интернет бо баҳонаи мубориза бо падидаҳои манфӣ ба силоҳи сиёсӣ табдил нашавад," - мегӯяд намояндаи Афви Байнулмилал.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG