Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол 24-уми ноябр миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ҷоизадори биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи олии кишвар, доир мегардад. Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор рӯзи якшанбе соати 14:00 шуруъ мешавад.
Агар «Истиқлол» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 ғолиб ояд, онгоҳ роҳхат ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 насиби ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон-2019 – дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - мегардад.
Дар мавриди пирӯзии «Регар-ТадАЗ» дар финали Ҷоми Тоҷикистон, бошгоҳи шаҳри Турсунзода ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2020 аз марҳилаи муқаддамотӣ мушарраф мешавад.
Дарвоқеъ, соли гузашта низ дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2018, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, рақобат карда буданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро Комрон Турсунов, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шуруъ аз соли 1992 барои бори 28-ум баргузор шудаст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар “Истиқлол” ҳафт бор Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
“Регар-ТадАЗ” шаш бор, “Хуҷанд” чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
Финал
24-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 – 2018):
- 1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
- 1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
- 1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
- 1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
- 1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
- 1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
- 1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
- 2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
- 2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
- 2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
- 2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
- 2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
- 2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
- 2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
- 2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
- 2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
- 2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
- 2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
- 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
- 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
- 2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
- 2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
- 2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
- 2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
- 2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0