Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи Сипоҳ эътирозҳоро дар Эрон маҳкум кард


Ҳусайн Саломӣ
Ҳусайн Саломӣ

Ҳусайн Саломӣ, фармондеҳи умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, рӯзи 25-уми ноябр ҳангоми суханронӣ дар як гирдиҳамоии густурдае эътирозҳои ҳафтаи гузаштаро маҳкум ва ба Амрико ва ҳампаймононаш таҳдид кард.

Даҳҳо ҳазор тазоҳуркунанда рӯзи душанбе бо парчами афрохтаи Эрон ва сурати раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои маҳкум кардани рӯзҳои “шӯриш”, ки ҳукумати Эрон душманони хориҷиашро дар он гунаҳкор медонад, дар маркази Теҳрон гирди ҳам омаданд.

Рӯзи 15-уми ноябри имсол ҳукумати Эрон аз болоравии нархи бензин ва бо ҳисса фурӯхтани он хабар дод, ки сабаби норозигиҳо дар беш аз 100 шаҳр дар саросари кишвар шуд.

Идораи Комиссари ҳуқуқи башари СММ гуфт, даҳҳо тазоҳургар кушта ва чандин нафари дигар захмӣ гардиданд. Дар ҳоле ки созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) рӯзи 25-уми ноябр шумораи тахминии кушташудаҳоро аз нооромиҳо то 143 нафар номид ва илова кард, ки фавтидагон бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудаанд.

Раҳбарони Эрон ин рақамро рад карданд ва дар давоми якчанд рӯз интернетро бастанд, ки муайян кардани вазъро душвор кард.

XS
SM
MD
LG