Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мудири осорхонаи миллии Қирғизистон баъди ҷанҷоли намоишгоҳ истеъфо дод

Мира Ҷангарачева баъди ҷанҷоли намоишгоҳи феминнал аз мақоми мудирии Осорхонаи миллии ҳунарҳои зебои Қирғизистон канор гирифт.

Пештар аз ин Вазорати фарҳанг, иттилоъ ва сайёҳии Қирғизистон баҳси атрофи намоишгоҳи "Ширдиҳандагон. Озодии иқтисодӣ. Занон"-ро шарҳ дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, "ташкилкунандагони намоишгоҳ дар сатҳи фаҳмишу дарки худ ҳунарашонро ба намоиш гузоштаанд". "Вазорати фарҳанг комилан зидди урён ба намоиш гузоштани ҷисми занҳост ва чунин намоишгоҳи ҷанҷолии ҳунари муосирро ҷонибдорӣ намекунад", - гуфт вазорати фарҳанг.

Дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои зебои Қирғизистон нахустин намоишгоҳи ҳунарҳои муосир кушода шуд. Намоишгоҳ давоми 17 рӯз давом мекунад. Ин намоишгоҳ ба 17 корманди нашриёте бахшида шудааст, ки 3 сол пеш дар оташсӯзии Москва вафот карданд. 14 тан аз онҳо муҳоҷирони қирғизистонӣ буданд. Асарҳои рассоме, ки дар намоишгоҳ ҷо дода шудааст, ба мавзуи нобаробарии иқтисодӣ, хушунати ҷинсӣ ва номаҳсус будани меҳнати занон бахшида шудааст.

Масъулони намоишгоҳ гуфтанд, ки ба фишори мухолифони чунин навъи санъат рӯ ба рӯ шудаанд. Бархе аз шаҳрвандон ба урён қадам задани зане аз Дания дар толори намоишгоҳ шикоят карданд.

Мавзуи меҳварии намоишгоҳ - озодиҳои иқтисодии занон аст. Заноне, ки ҳоло ноновари хонаводаҳои худ ҳастанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Интиқоди HRW аз Русия барои "айбномаҳои сохта" дар парвандаи бомбгузории метро

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё HRW мегӯяд, нокомии мақомоти Русия дар таҳқиқи айбномаҳои сохтакорӣ дар парвандаи бомбгузории метро дар шаҳри Санкт Петербург дар соли 2017, таҳқири қурбониҳо ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад. Дар ин робита 11 нафаре, ки ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, исрор меварзиданд, ки тавассути сохтакории шаҳодатҳо ва шиканҷа ин ҷиноятро ба гардан гирифитанд.

Изҳороти Таня Локшина, намояндаи Ҳюман Райтс Вотч дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ 11- уми декабр нашр шуд. Як рӯз пеш аз он Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург 11 фарди муттаҳам, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро аз 19 сол то ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳамаи онҳо исрор меварзанд, ки узви гурӯҳи террористӣ нестанд, фаъолиятҳои террористиро дастгирӣ намекунанд ва дар тавлиду фурӯши маводи тарканда саҳм надоранд.

Ҳамла дар метрои Санкт-Петербург рӯзи 3-юми апрели соли 2017 дар яке аз вагонҳо ҳангоми ҳаракати он дар байни истгоҳҳои "Майдони Сенная" ва "Донишкадаи Технологӣ" ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи он 16 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Бино ба хулосаи тафтишот таркишро террористи маргталаб, шаҳрванди 22-солаи қирғизтабори Русия Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст. Ҷалилов дар ҷои ҳодиса ҷон бохт.

Нақлиёти ройгон барои сокинони Хоруғ дар рӯзи мавлуди Шоҳзода Карим Оқохон

Имрӯз, 13-уми декабр Шоҳзода Карим Оқохон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон 83-сола шуд. Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо дар вилояти Бадахшон ҳастанд ва ин санаро бо баргузории барномаҳои мухталиф таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат имрӯз дар Маркази ислоилияи шаҳри Хоруғ ва Литсейи Оқохон дар ин шаҳр, чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз, нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хоруғ барои сокинон ройгон хизмат мекунанд. Баргузории намоишгоҳе низ дар ин шаҳр назар аст.

Дар Маркази исмоилияи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бинобар рӯзи муқаррарии корӣ, ба ин муносибат имрӯз барномае дар назар гирифта нашудааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҳам дар паёме ба ин муносибат, аз Шоҳзода Карим Оқохон "чун ҳомии кулли исломи ноб, шахсияти сулҳпарвар ва ободкору инсондӯст", ёд кардааст. Дар ин паёми Ёдгор Файзов, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-и мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр шуд, ҳамчунин аз ҳамкориҳои хуби Шабакаи Оқохон ва Ҷамоат бо ҳукумати Тоҷикистон ёддоварӣ шудааст.

Карим Оқохон ё Оқохони чаҳорум рӯзи 13-уми декабри соли 1936 ба дунё омадааст. Ӯ имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон мебошад ва пас аз бобояш Оқохони севум дар соли 1957 ба имомат расид. Ӯ дар риштаи таърихи ислом дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардааст. Оқохони чаҳор аз сарватмандарин шахсиятҳои мусалмон низ ба шумор меравад.

Пайравони шохаи исмоилияи мазҳаби шиа умдатан дар Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Сурия, Танзания, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ба сар мебаранд. Пайравони ин равия дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Бадахшону шаҳри Душанбе ва баъзе аз минтақаҳои дигари кишвар зиндагӣ мекунанд.

Пас аз истиқлоли Тоҷикистон, Оқохони чаҳор чанд дафъа ба Тоҷикистон сафар кард ва бо пайравонаш мулоқот дошт.

Дархости таҳримҳо зидди Қазоқистон "барои риоя нагардидани ҳуқуқи инсон"

Гуруҳи шашнафарии фаъолон, ки аз худ ба унвони ҳаракати "405" барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ном мебаранд, рӯзи 12 декабр назди сафорати ИМА дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷамъ омаданд. Онҳо аз ИМА хостанд, ки дар ивази бастани созишнома бо Нурсултон, зидди масъулони Қазоқистон таҳрим ҷорӣ кунанд.

Фаъолон мегӯянд, Қазоқистон фишори қазоқтаборонро дар минтақаи Шинҷони Чин нодида мегирад, ҳуқуқи инсонро дар дохили кишвар риоя намекунад ва ба ҳамин далел бояд таҳрим шавад. Фаъолон дар даст шиорҳои "Қазоқтаборон дар Шинҷон ҳастанд!", "Ба поймолкунандагони қонун - таҳрим, на созишнома!" доштанд.

Ин фаъолон талабҳояшонро ба намояндаи сафорати ИМА дар Қазоқистон таслим карданд. Иқдоми фаъолон дар Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, ки эҳтимол дорад, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мухтор Тлеубердӣ рӯзҳои наздик дар Вашингтон бо котиби давлатии ИМА Майк Помпео мулоқот кунад.

Баъди як соати анҷоми иқдоми фаъолон пулиси шаҳри Нурсултон чанде аз иштирокдорони иқдомро боздошт кард.

Дар чанд ҳафтаи охир фаъолони шаҳри Нурсултон бо талаби риояи ҳуқуқи инсон ва озодии зиндониёни сиёсӣ бештар аз 10 маротиба гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Чанде аз иштирокдорон ин гуна иқдомҳо боздошт ва ҳабси маъмурӣ шуданд.

Қирғизистон ҳисоби бонкии Радиои Озодиро баъди нашри таҳқиқот ҳабс кард

Вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев аз Додгоҳи шаҳрии Бишкек хост, қарори Додгоҳи ноҳияи Свердловро дар бораи ҳабси ҳисоби бонкиии бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg-ро бекор кунад.

"Матраимовҳо зидди се расона ба додгоҳ шикоят кардаанд. Онҳо ҳақ доранд, ки ба додгоҳ шикоят карда, ҳуқуқи худро талаб кунанд. Вале Додгоҳи ноҳияи Свердлов пас аз қабули шикоят зуд ҳисобҳои бонкии расонаҳоро ҳабс кардааст. Ин нодуруст аст",-гуфт вакил 12 декабр дар порлумони Қирғизистон.

Вакили дигари порлумони Қирғизистон Мирлан Жээнчороев қарори Додгоҳи Свердловро ҳамчун монеъ шудан ба кори расонаҳо арзёбӣ кард.

Хонаводаи Матраимовҳо 9 декабр барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи дигар ҳисобҳои бонкии расонаҳо, ҷамъан ҳудуди 859 ҳазор долларро ба ҳабс гирифт.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст. Ӯ афзуд, ки дар ин бора ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ба гуфтаи Матраимов, ӯ барои ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани Радиои Озодӣ омодагӣ мебинад.

Қазоқистон 11,6 ҳазор гектар замини Байконурро аз Русия бозпас мегирад

Сенати порлумони Қазоқистон рӯзи панҷшанбе тағйиру иловаҳо ба созишнома бо Русияро дар бораи иҷораи маҷмааи "Байконур" тасвиб кард, ки бозпас гирифтани чаҳор қитъаи заминро ба масоҳати 11,6 ҳазор гектар аз Русия пешбинӣ мекунад.

"Ду қитъаи замин ба масоҳати 1 740 ҳектар барои тавсеаи маҳаллаи Торетами ноҳияи Қармақшии Қазоқистон ва ду қитъаи замини дигар ба масоҳати 9 950 ҳектар барои бунёди долони транзитии Аврупои Ғарбӣ - Чини Ғарбӣ, роҳи оҳани Алмато - Москва, лӯлаи Бейнеу - Чимкент гирифта хоҳанд шуд",-гуфт муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Айдарбек Сапаров.

Ба гуфтаи Сапаров, Русия дар умум 650 ҳазор гектар заминро аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст ва гирифтани 11,6 ҳазор ҳектар замин ба нархи иҷора таъсире нахоҳад расонд.

Маҷмааи "Байконур" аз истгоҳи парвози киштиҳои кайҳонӣ ва шаҳри Байконур иборат буда, онро Русия аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст. Иҷорапулии ҳамасолаи он, ки тибқи қарордод мӯҳлати он то соли 2050 муайян шудааст, 115 миллион доллар мебошад.​

Дар Узбекистон қаллобон аз корбарони сомонаҳои фаҳш "ҷарима" меситоданд

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон тафтиши ҳолатҳои қаллобиеро шуруъ кард, ки ба ситонидани ҷарима аз корбарони сомонаҳои фаҳш рабт дорад. ВКД аз ҳамлаи рахнагарони интернетӣ ё ҳаккероне хабар дод, ки ҳадафашон таҳдиди корбарони интернет аст.

"Вақтҳои ахир ҳангоми тамошои бархе аз махзанҳои интернетӣ (аксу навори фаҳш) аз сӯи корбарон, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ба таври худкор дар саҳифаи корбар "Огоҳии шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои киберии ВКД Узбекистон" пайдо мегардад. Дар огоҳӣ навишта мешавад, ки корбар ба далели тамошои саҳифаҳои мамнуъ ҳудуди 30 доллар ҷарима шудааст. Корбар ин ҷаримаро бояд тариқи низоми пардохти «Webmoney» пардозад. Дар ҳолати саркашӣ кардан иттилоъ дар бораи корбар дастраси истифодабарандагони интернет хоҳад шуд",-омадааст дар хабари ВКД.

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод, ки шуъбае бо номи "мубориза зидди ҷиноятҳои киберӣ" дар вазорат мавҷуд нест ва ба илова вазорат низоми пардохти «Webmoney» низ надорад. Вазорат аз сокинон хост, ки ба таҳдиди қаллобон дода нашаванд.

Тақдири Гулнора Каримоваро духтари Мирзиёев "муайян" мекунад

Дар шаҳри Тошканд имрӯзҳо тафтиши парвандаи нав зидди духтари калонии президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова ҷараён дорад. Дар ин бора чанде пеш Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дод.

Мақомоти Узбекистон Гулнора Каримоваро, ки дар анҷоми чандин ҷиноят гумонбар аст, ин бор дар раҳбарии гуруҳи ҷиноӣ айбдор мекунанд.

Тафтиши парвандаи навро муфаттиш оид ба парвандаҳои махсуси Идораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи Додситонии кулли Узбекистон Расул Юлдошев раҳбарӣ мекунад.

12 декабр дар саҳифаи духтари Гулнора Каримова - Имон Каримова қарори Юлдошев аз 1 ноябри соли равон нашр шуд. Дар қарори муфаттиш омадааст, ки парвандаи духтари калонии президенти пешини Узбекистон бо ҷалби мутахассисон аз идораҳои гуногуни давлатӣ ташхиси фарогир гузаронида шавад.

Ташхис бояд муайян кунад, ки дар натиҷаи моҷарои фасодкории марбут ба Каримова Узбекистон чи қадар зарари маънавӣ ва иқтисодӣ дидааст.

Муфаттиш дар қарори худ дастур додааст, ки ташхиси мазкурро Оҷонси иттилоотӣ ва иртибототи назди президенти Узбекистон анҷом диҳад. Бояд гуфт, яке аз раҳбарони ин оҷонс Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки ба раванди ташхис мутахассисон аз вазоратхонаҳои энержӣ, саноат, сармоягузорӣ, савдои хориҷӣ, умури дохилӣ ва Иттифоқи нависандагону Маркази омӯзиши афкори ом ҷалб карда шавад.

"Яъне, тақдири Гулнора Каримова ва ба анҷоми кадом ҷиноятҳо айбдор шудани ӯро духтари президенти Узбекистон муайян хоҳад кард. Ин на танҳо бархурди манофеъ, балки нишонаи он аст, ки парвандаи Гулнора Каримова комилан ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳадафи ниҳоӣ маҳви Гулнора Каримова аст",-навишта шудааст дар саҳифаи Имон Каримова.

Баҳси нобоварӣ ба Трамп дар Маҷлиси намояндагони Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Кумитаи адлияи Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи 12-уми декабр баҳсҳоро дар бораи лоиҳаи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп идома медиҳад.

Баҳс ва гуфтугӯҳо дар ин кумита рӯзи 11-уми декабр дар Вашингтон пеш аз он ки дар бораи лоиҳа овоздиҳӣ шавад, оғоз шуд. Интизор меравад гуфтугӯҳо то субҳи рӯзи дигар давом ёбанд. Пас аз гуфтугӯҳо Кумитаи адлияи Маҷлиси намояндагон дар бораи идомаи раванди нобоварӣ дар рӯзҳои баъдӣ овоздиҳӣ хоҳад кард.

Намояндагони демократи Маҷлиси Намояндагон дар лоиҳаи нобоварӣ, раиси ҷумҳур Доналд Трампро ба суистифода аз қудрат ва монеа эҷод кардан ба таҳқиқоти Конгресс муттаҳам кардаанд.

Иттиҳомот вобаста ба муносибатҳои ӯ бо Украина вобаста аст, ба вижа ба ин масъала, ки оё Доналд Трамп додани 391 миллион доллар кумаки низомиро ба Киев барои таҳқиқи рақибони сиёсии ӯ, аз ҷумла ноиби пешини президент Ҷо Байден ҳамчун фишор истифода мекард ё не.

Дар бораи иттиҳоми монеа ба таҳқиқи Конгресс Трамп айбдор мешавад, ки ҳазорҳо ҳуҷҷатҳои дархостшударо пешниҳод накард ва садди роҳи гувоҳ додани кормандони давлатӣ шуд, ки дар бораи муносибатҳои ӯ бо Украина маълумоти дасти аввал доштанд.

Трамп ин иттиҳомотро рад карда, таҳқиқи импичментро "фиреб" ва "шикори ҷодугарон" номид ва мурофиаҳои Конгрессро "додгоҳи кенгуру" тавсиф кард.

Сӯхтор дар Саратоғи ноҳияи Айнӣ. ВИДЕО

Шаби 11-уми декабр як бинои истиқоматӣ дар деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба коми оташ рафтааст.

Корбаре ба Радиои Озодӣ аз лаҳзаҳои оташ гирифтани ин бино видеое фиристод ва гуфт, "ин мактаби деҳа аст ва шабона оташ гирифт ва то субҳ хокистар шуд".

Дар навор дида мешавад, алангаи оташ ба ҳаво мепечад ва касе барои хомӯш кардани он талош намекунад. Солҳои охир бисёриҳо аз шеваи кори оташнишонҳо танқид мекунанд, ки ба ҷойи ҳодиса дер мерасанд ва агар расанд ҳам, ё об надоранд ва ё мушкили техникӣ доранд.

Мақомоти оташнишонии вилояти Суғд гуфтанд, аз ин ҳодиса хабар надоштанд ва сокинон низ ба онҳо занг назадаанд.

Бахтиёр Умарзода, сардори идораи оташнишонии вилояти Суғд, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷойи ҳодиса то нуқтаи оташнишонӣ 93 километр роҳ аст, "вале агар сокинон хабар медоданд, ҳатман ба онҷо мерафтем."

Мақомоти тафтишотии ноҳияи Айнӣ сабаби сӯхторро дар бинои собиқи мактаби деҳаи Саратоғ расиши ноқилҳои барқ гуфтанд, аммо зарари расида ҳанӯз муайян нашудааст.

Як сокини деҳаи Саратоғ гуфт, ҳуҷраҳои ин бино дар солҳои пеш ба ҳайси синфхона истифода мешуд, аммо вақтҳои ахир дар онҷо на касе дарс мехонд ва на зиндагӣ мекард.

Муллоғиёс Шарифзода, мудири идораи маорифи ноҳияи Айнӣ низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта дар онҷо хонандагон то синфи 9-ум таҳсил мекарданд, аммо бо бунёди мактаби нав дар деҳа, солҳо боз касе ба онҷо намерафт.

Сӯхтор дар ноҳияи Айнӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Дар Исроил дар як соли охир бори севум интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад

Дар Исроил дар як соли охир бори севум интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Ҷиноҳҳои порлумонии Исроил натавонистанд, эътилоф ташкил кунанд ва ба ин далел, вакилон тасмим гирифтанд, ки порлумонро пароканда эълом кунанд. Дар ин бора расонаҳои Исроил хабар медиҳанд.

Интихоботи ахири порлумонӣ дар он кишвар 17 сентябр барпо шуда буд. Ҳизби "Ликуд" дар порлумон соҳиби 31 курсӣ, ҳизби "Кахол-Лаван" соҳиби 33 курсӣ шуд. Порлумони Исроил дар маҷмуъ 120 курсӣ дорад.

Бинямин Натаняҳу, сарвазири Исроил 21 октябр гуфт, ки натавонист, дар муҳлати муқарраршуда ҳукумат таъсис диҳад. Ба ин далел, ҳаққи таъсиси ҳукумат ба роҳбари мухолифон дода шуд, аммо роҳбари мухолифон ҳам дар навбати худ аз уҳдаи таъсиси ҳукумат набаромад.

Моҳи май бори аввал дар таърихи Исроил интихоботи такрории порлумонӣ эълом шуд. Он замон низ сарвазири Исроил натавонист, эътилоф ташкил кунад. Ҳамакнун интихоботи нави порлумонӣ дар таърихи 2 марти соли 2020 таъйин гардидааст.

Марги ду халабон бар асари суқути чархболи низомӣ дар Русия

Шаби 11 ба 12 декабр дар кишвари Краснодари Русия чархболи низомии Ми-28 суқут кард, ки боиси марги ду халабони он шуд. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба вазорати мудофиаи он кишвар хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, кушташудаҳо муовинони фармондеҳи полки ҳавоӣ ҳастанд.

Гуфта мешавад, халабонҳои кушташуда таҷрибаи кофии идораи чархболро доштаанд. Бино ба фарзияи пешакӣ, мумкин аст, ҳавои туман ё меғолуд, боиси суқути чархбол шудааст. Чархбол ба маҳзи аз замин канда шудан суқут кардааст.

Ми-28Н - чархболи тирандозест, ки дар нируҳои мудофиаи Русия, Ироқ ва Алжир истифода мешавад. Ин навъи чархбол ду ҷои нишаст дорад - халабон ва тирандоз. Чархбол бо тӯпи 30-миллиметрӣ муҷаҳҳаз аст ва ҳамзамон метавонад, мушакҳои идорашавандаву идоранашавандаро ҳамл диҳад. "Чархболи дар Краснодар суқуткарда бидуни лавозимоти ҷангӣ буд"-, хабар медиҳад вазорати мудофиаи Русия.

Сокинони Бишкек бо талаби ҳавои тоза ба кӯча баромаданд

Дар майдони марказии шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми сулҳомези БишкекСмог баргузор шуд. Ширкатдорони иқдом зидди олудашавии ҳаво дар майдон ҷамъ шуданд.

Ҳадафи иқдом - ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба мушкили олудагии ҳавои Бишкек унвон шуд. Фаъолон талаб доранд, ки майдону гулгаштҳо дар шаҳр зиёд, буридани дарахтон қатъ, сохтани баландошёнаҳои бетартиб манъ ва сохтани манобеи алтернативии энержӣ шуруъ шавад.

Экологҳо соли аввал нест, ки аз олудагии ҳавои Бишкек ҳарф мезананд. Ҳаракати MoveGreen дар шаҳри Бишкек чанд дастгоҳи ҳавосанҷ насб карда ва ба ин тартиб олудагии ҳаворо назорат мекунад. Бар асоси додаҳои ин дастгоҳҳо, моҳи ноябр ҳавои шаҳри Бишкек яке аз олудатарин ҳаво дар миқёси дунё будааст.

Ронандагони "Ёрии таъҷилӣ"-и Жанаозен маоши баландтар талаб доранд

Ҳабдаҳ ронандаи хадамоти "Ёрии таъҷилӣ"-и бемористони шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи 11-уми октябр дар назди бинои ҳукумати вилояти Мангистау бо талаби беҳтар кардани шароити корӣ ва баланд бардоштани маош ҷамъ шуданд.

Ронандагони норозӣ бо ёдоварӣ аз ваъдаи вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов, ки гуфта буд маоши кормандони тиббӣ 30 дарсад боло бурда мешавад, хостанд, моҳонаи ронандагони муассисаҳои тиббии дигар боло бурда шудааст.

Дертар онҳоро муовини раиси вилояти Мангистау Алихон Краубоев ба ҳузур пазируфт. Ӯ ба ронандагон гуфт, "ин мушкилро бояд амиқ пажуҳиш кард".

Баҳори соли 2018 ронандагони мошинҳои "ёрии таъҷилӣ" дар Жанаозен беҳсозии шароити корӣ ва баланд кардани маошро талаб карда буданд. Онҳо он замон таҳдид карда буданд, ки корпартоӣ мекунанд.

Дар натиҷа ба ҳукумати маҳаллӣ даъват шуданд ва мақомот ваъда доданд, ки мушкилро ҳал мекунанд. Вале ронандагон моҳи декабри соли гузашта гуфтанд, чизе тағйир наёфтааст ва талаби худро идома доданд. Аммо раҳбарияти бемористон дархости ронандагонро рад кард.

Дар бемористони ёрии таъҷилии Жанаозен беш аз 50 ронанда кор мекунад. Ин бемористон ба минтақае хидмат мерасонад, ки ҳудуди 150 ҳазор аҳолӣ дорад.

Дар Украина ҷасади ду куҳнасарбози узбекистониро пайдо карданд

Дар Украина бозмондаҳои ҷасади ду сарбози замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувумро пайдо карданд. Ихтиёриёни гуруҳи ҷустуҷӯии "Заход-Сход" мегӯянд, ҷасадҳо ба ду шаҳрванди Узбекистон тааллуқ доранд, ки аз вилояти Андиҷон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буданд.

Бозмондаи ҷасадҳо миёнаҳои моҳи ноябри соли равон дар ҷангалҳои вилояти Ровенский пайдо карда шуданд. Ба гуфтаи раҳбари гуруҳи "Заход-Сход" Максим Хвор, ҳамроҳ бо ҷасадҳо гарданбандҳое ёфт шуданд, ки дар онҳо ному насаби сарбозони гумшуда ва рақами қисми низомиашон навишта шудааст.

"Яке аз онҳо Мамадалиев Туйчибой ном доштааст, ки соли 1915 дар колхози ба номи Сталини ноҳияи Пахтаободи Андиҷон ба дунё омадааст. Сарбози дувум Кувонбой Холиқов, соли таваллудаш 1919 аз деҳаи "Уйғур"-и Пахтаобод мебошад",-афзуд Хвор.

"Мо тавонистем маълум кунем, ки сарбозон аз тири миномети фашистон дар охирҳои моҳи июни соли 1941 ҷон бохтаанд",-изҳор дошт ӯ.

Бозмондаҳои ёфтшудаи сарбозони узбекистонӣ дар ихтиёри гуруҳи "Заход-Сход" хоҳанд монд.

Раҳбарияти гуруҳ ба масҷиди маҳаллӣ муроҷиат кардааст, то дар дафни дубораи ҷасадҳо кӯмак кунанд.

Интихоботи Бритониё сарнавишти Брекзитро муайян хоҳад кард

Рӯзи 12 декабр дар Бритониё интихоботи парлумонӣ ҷараён мегирад, ки натиҷаҳои он сарнавишти узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупоро муайян мекунад. Овоздиҳӣ соати 7 субҳ шурӯъ шуда қарор аст то соати 10 шом ба вақти маҳаллӣ идома кунад. Бар асоси пурсише, ки пеш аз раъйгирӣ аз ҷониби шаш созмони назарсанҷӣ анҷом шуд, маълум гардид, ки ҷомеаи Бритониё хостори пуштибонӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ба раҳбарии нахуствазир Борис Ҷонсон аст, ки гуфтааст, “бигузор Брекзит барпо шавад”. Дар ҷои дуюм ҳизби кор ба раҳбарии Ҷеремӣ Корбин аст, ки хостори бозбинӣ шудани шарту шурути кунунии Брекзит ва ҷорӣ шудани шартҳои нав дар ин замина мебошад. Вале ҳеҷ як аз ҳизбҳои пештоз натавонист аксари кулли овозҳоро ба худ ихтисос диҳанд. Мубориза барои ишғоли 326 курсии маҷлис пуршиддат мегузарад. Барои ташкили ҳукумат барандаи интихобот бояд бо ҳизбҳои хурдтар эътилоф ташкил диҳад. Тамоюлҳои солҳои охир ин аст, ки ҷомеа ба барномаҳои сиёсии ҳизбҳои хурдтар майли бештар нишон медиҳанд.

Дар баробари сарнавишти Брекзит, ки мавзӯи калидии интихобот аст, вазъи сиҳҳативу беҳдошт аз муҳимтарин мавзӯъҳои пешазинтихоботӣ дар Бритониё гардид.

Аввалин натиҷаҳои интихобот бар асоси экзит-пол баъди соати 11 шаби 12 декабр ва натиҷаҳои расмии интихобот соати 5-и субҳи 13 декабр нашр мешаванд.

Дар ҳамлаи Толибон ба Багром 2 тан кушта ва 70 кас захмӣ шуданд

Бар асари ҳамлаи Толибон ба як муҷтамаи тиббӣ дар назди пойгоҳи сарбозони амрикоӣ дар ноҳияи Багроми Афғонистон, камаш ду афғони мулкӣ ба ҳалокат расида, 70 нафар, аз ҷумла 5 сарбози гурҷӣ, ки дар қолаби нерӯҳои НАТО ҳузур доранд, маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла субҳи чаҳоршанбеи 11-уми декабр иттифоқ афтод.

Бо тақдими ин иттилоъ, мансабдорони афғон афзудаанд, ки ҳамларо маргталабе бо мошини саршор аз маводи тарканда амалӣ кардааст. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран баъди таваққуфи семоҳа, Амрико музокирот бо Толибони афғонро аз сар гирифтааст.

Ваҳида Шаҳкор, сухангӯи волии вилояти Парвон мегӯяд, дар пайи бомбгузорӣ бархӯрди нимсоата бо ҷангҷӯён ҷараён гирифт ва зоҳиран онҳо ҳадаф доштаанд ба пойгоҳи Багром ворид шаванд.

Сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, баъди талоши нокоми вуруд ба пойгоҳ, силоҳбадастон дар дохили муҷтамаи тиббӣ сангар гирифтанд. Ин сухангӯ гуфтааст, дар натиҷаи як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамаи ҳамлаварон кушта шуданд.

Пойгоҳи Багром дар тақрибан 50 километрии шимоли Кобул ҷойгир аст. Вазорати мудофиаи Гурҷистон тасдиқ кардааст, ки панҷ сарбозаш ҷароҳати сабук бардоштанд.

Дар Қазоқистон 14 ҷангҷӯи ДОИШ-ро зиндонӣ карданд

Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 14 ҷангҷӯи гуруҳи мамнуи "Давлати исломӣ"-ро аз 8 то 14 сол зиндонӣ кард. Ҳамаи зиндониҳо мардон буданд, ки аз 25 то 50 сол син доштанд.

Амонжол Жансенгиров, Газинур Бакитҷонов, Нурлун Камолов мутаносибан 12, 13 ва 14 сол зиндонӣ шуданд. Турлан Абилқоиров, Руслан Куанов, Даврон Сабитулӣ, Думан Садуакасов 11-солӣ ва Дониёр Алтаев 10 сол зиндонӣ шуд. Афроди дигар мутаносибан 9 ва 8-солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Ин мардон ба ҷуз аз иштирок дар ҷангҳои Сурия? ҳамчунин дар ҷалби одамони дигар ва тарғиби терроризм, анҷоми "ҷиноятҳои дигар" айбдор шуданд. Судшавандаҳо бештари айбҳои эълоншударо рад ва танҳо иштирок дар созмони террористиро эътироф карданд.

Ҳамаи ин 14 мард дар қатори шаҳрвандони дигари Қазоқистон ибтидои соли ҷорӣ аз Сурия берун оварда шудан буданд.

Мақомоти Қазоқистон чанде пеш хабар доданд, ки дар маҷмуъ 824 шаҳрванди ин кишвар аз Сурияву Ироқ баргардонида шудаанд. Аз ин шумор 44 тан, аз ҷумла 10 зан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон пештар хабар дод, ки дар ҷангҳои Шарқи Наздик наздик ба 100 тан аз шаҳрвандони Қазоқистон то кунун ҳузур доранд.

Шухӣ дар бораи Путинро аз филми Зеленский "қайчӣ карданд"

Телевизиони русии ТНТ аз силсилафилми "Ходими мардум", ки дар он президенти Украина Владимир Зеленский нақши асосиро мебозад, лаҳзаи шӯхиеро дар бораи президенти Русия Владимир Путин буридааст.

Дар он лаҳза президенти Украина Голобородко (Зеленский) барои интихоби соат ва шиму костюми гаронбаҳо меояд. Ёвар ба ӯ мегӯяд, ки Владимир Путин соати швейтсарии навъи Hublot мебандад (дар русӣ "хубло" талаффуз мешавад). Қаҳрамон Зеленский дар посух мегӯяд, "Путин-хубло"? "Бале", мегӯяд ёвар.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ин лаҳзаро дар Шарқи Дур намоиш доданд, вале барои қисми аврупоии Русия онро буриданд. Бино ба навиштаи Бӣ-Бӣ-Сӣ, дар Москва намунаеро намоиш доданд, ки дар ҷои лаҳзаи шухӣ дар бораи Путин саҳнаи дигаре ҷой дода шуда буд.

Дар бораи намоиши "Ходими мардум" тавассути телевизионҳои Русия пас аз мулоқоти рӯбарӯи Зеленский бо Путин дар шаҳри Порис хабар дода мешавад. Дар навори ТНТ қаҳрамон Зеленскийро бо президенти воқеӣ муқоиса мекунанд: "Дар филм вазъи иқтисодии Украинаро беҳтар кард. Дар ҳаёти воқеӣ чӣ? Дар филм коррупсияро шикаст дод? Дар ҳаёти воқеӣ чӣ? Билохира дар филм аз Иттиҳоди Аврупо рӯй гардонд. Дар ҳаёти воқеӣ чӣ?"

Ҳодисаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки рӯзи 11-уми декабр дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ҳодисае рух додааст. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон то ҳанӯз дар робита ба ин ҳодиса ба таври расмӣ ибрози назар кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, шаҳрвандони Тоҷикистон гӯё дар минтақаи баҳсии марзӣ дар наздикии маҳаллаи Мин-Булаки ноҳияи Бодканд бо шаш трактор корҳои кишоварзиеро оғоз кардаанд.

"Дар натиҷа зуд мулоқоти намояндагони марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он раисони ҷамоатҳо иштирок доштанд. Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки корҳои кишоварзӣ то муайян шудани хати марзҳои давлатӣ қатъ карда шавад",-афзудааст манбаъ.

Дертар маълум шуд, ки ҷониби Тоҷикистон техникаҳоро аз минтақаи марзӣ берун бурдааст ва дар ҳоли ҳозир вазъ дар минтақа ором аст.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Дар ин минтақаҳои баҳсбарангез борҳо байни сокинони ду кишвар ҷанҷолу занозанӣ сурат гирифта ва ба хунрезӣ кашидааст. Боздошти шаҳрвандони ду тараф ҳам дар манотиқе сурат мегирад, ки баҳсбарангезанд ва ҳар ду кишвар онҳоро қаламрави худ мешуморанд.

Эътирозҳо ба зидди барандаи ҷоизаи Нобел аз Австрия

Питер Ҳандке, нависандаи австриягӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел, барои пуштибонӣ аз Слободан Милошевич, марди қудратманди Сербия, бо эътирозҳо ва таҳримҳо рӯбарӯ шудааст. Ӯ рӯзи 10-уми декабр дар як маросим дар Шветсия ҷоизаи Нобелро дар бахши адабиёт (соли 2019) дарёфт кард.

Ҳандкеи 77-сола дар маросими рӯзи 10-уми декабр дар Стокҳолм аз шоҳ Карл XVI Густаф 9 миллион крон, баробар ба 948 000 доллар гирифт. Узви Академияи Шветсия ва намояндагони кишварҳо, аз ҷумла Албания, Босния-Ҳерзеговина, Хорватия, Косово, Мақдунияи Шимолӣ ва Туркия ин руйдодро бар сари интихоби баҳсбарангез таҳрим карданд.

Бо расидани мақомоти расмӣ ба ин чорабинӣ тақрибан даҳҳо тазоҳуркунанда бо шиорҳои аз ҷумла "Нобел барои хабарҳои дурӯғ" дар даст садо мекарданд, дар ҳоле ки беш аз 100 тазоҳургар дар майдони пойтахти Шветсия барои эътироз ба зидди Ҳандке гирд омада буданд.

Академияи Шветсия рӯзи 10-уми октябр Ҳандкеро ба Ҷоизаи Нобел барои адабиёт сарфароз кард. Баранда шудани Ҳандке дарҳол дар бисёре аз минтақаҳои Балкан ва ҷойҳои дигар ба хашму норозигӣ рӯбарӯ шуд. Сабаб ширкати ӯ дар маросими дафни Милошевич ва ситоиш аз президенти пешин дар соли 2006 буд.

Милошевич ҳангоми муҳокима дар додгоҳи ҷинояти ҷангии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҳолланд барои наслкушӣ ва ҷиноятҳои дигари ҷангӣ вафот кард. Вай ин ҷиноятҳоро дар давоми низоъҳое пас аз барҳам хӯрдани Югославия дар солҳои 1990 содир карда буд.

Трамп ба Русия ҳушдор дод, ки ба интихоботҳо дахолат накунад

Кохи Сафеди рӯзи сешанбе дар бораи мулоқоти президенти Амрико Доналд Трамп бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар дод.

Дар хабар омадааст, Трамп Маскавро аз ҳама гуна талоши дахолат кардан дар раванди интихоботҳои ИМА ҳушдор дод ва аз Русия даъват кард, ки низоъ бо Украинаро ҳал кунад.

Трамп ҳамчунин аз "назорати муассири ҷаҳонӣ дар мавриди силоҳсозӣ" истиқбол кард, ки на танҳо ба Русия, балки ба Чин ҳам бояд дахл кунад. Президенти ИМА ҳамчунин аз Москва хост, аз талошҳои Амрико дар мавриди монеъ шудан ба сохтани силоҳи ҳастаӣ дар Эрон пуштибонӣ кунад.

Сафари Лавров ба Вашингтон як рӯз баъд аз "нишасти нормандӣ" сурат гирифт. "Нишасти нормандӣ" рӯзи 9-уми декабр дар Париж байни Русия, Фаронса, Олмон ва Украина баргузор шуд, ки дар он роҳҳои ҳалли низои шарқи Украина баррасӣ гардид.

Рӯзи сешанбе ҳамчунин дар Вашингтон котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо Лавров мулоқот кард.

Помпео ва Лавров масоили гуногун, аз ҷумла аз силоҳи атомӣ пок кардани Куриёи Шимолӣ, тағйири ҳукумат дар Венесуэла, сулҳ дар Украина, инчунин дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА-ро баррасӣ карданд.

Вуруди вакили швейтсарии Гулнора ба Узбекистон манъ шуд

Додситонии кулли Узбекистон 10-уми декабр хабар дод, ки тасмим гирифт ворид шудани вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова -- Грегуар Манжа (Gregoire Mangeat)-ро ба ҳудуди ин кишвар манъ кунад.

Ба иттилои додситонӣ, Грегуар Манжа гӯиё дар бораи зиндонҳои Узбекистон маълумоти дурӯғ паҳн кардааст.

"Ваколати вакили дифои хориҷии Гулнора Каримова, ки аз сӯи мақомоти Швейтсария дода шудааст, ба парвандаи марбут ба Каримова дар он кишвар маҳдуд мешавад ва ҳузури ӯ дар Узбекистон танҳо бо дархости мақомоти Швейтсария имконпазир шуда буд", -- афзудааст додситонӣ.

Дар изҳороти додситонӣ гуфта шудааст, ки хонаводаи Гулнора Каримова вакили нави дифоъро киро кардаанд ва ӯ иҷозати фаъолият дар Узбекистонро дорад.

Духтари Гулнора Каримова -- Имон Каримова, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм маълумоти наверо дар бораи парвандаи модараш нашр кард. "Муфаттиш Расул Юлдошев аз вилояти Бухорои Узбекистон ҳоло бо равишҳои касбкардаи худ талош дорад ба Гулнора Каримова фишор орад ва ҳар бор ӯро бо фарзандонаш таҳдид мекунад. Додгоҳи низомӣ Юлдошевро соли 2018 дар латту кӯб, шиканҷа ва куштори соҳибкори бухорӣ Илҳом Ибодов айбдор донист. Зидди ӯ ва "ҳамсафонаш" таҳти рақами 08/26616-18 парвандаи ҷиноӣ боз гашта буд", - навиштааст Каримоваи хурдӣ.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора 25 ноябр дар Twitter хабар дод, ки ба ҳамаи дархостҳои ӯ барои мулоқот бо Гулнора Каримова мақомоти Ӯзбекистон ҷавоби рад додаанд. Имон Каримова 16 сентябр хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд мурофиаҳои нави пинҳонии Гулнора Каримова оғоз шуданд.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Вале Имон Каримова парвандаи нави модарашро "сиркбозии сиёсӣ" номид.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Посухи Сироҷиддин Муҳриддин ба мушкили аккредитатсияи хабарнигорони Озодӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел. 10-уми декабри соли 2019

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел ба суолҳо дар бораи мушкили аккредитатсия ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ посух дод. Ҳоло 11 хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ дар Душанбе аз ҳаққи кор маҳруманд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, “имсол ду дафъа бо Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мулоқот доштем. Моҳи октябр эътиборномаи ҳафт хабарнигор ва корманди фаннии Бахши Тоҷикии Радиои Озодиро тамдид кардем. Чаро ин вақти фарқкунанда гирифт ва шабеҳи дигар кишварҳо нест? Барои он ки муқаррароти кишвар чунин аст. Ҳар кишвар муқаррароти худро дорад."

Рӯзи 31-уми октябр, пас аз баёнияҳои бешумори созмонҳои байнулмилалӣ ва ватанӣ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 6 хабарнигор парвонаи нимсола ва ба як нафар семоҳа дод. Мудирияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дода шудани ин ҳафт парвонаи корро "назарфиребӣ" номид.

Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи суҳбаташ дар бораи аккредитатсияи хабарнигорон ба вазъи амниятӣ дахл кард ва гуфт, “Шумо медонед, мо рӯбарӯ бо Афғонистоне ҳастем, ки аз он ҷо мушкилоти зиёде таҳдид мекунад. Ва шумо медонед, ки дар муддати кӯтоҳи истиқлоли худ мо ҷанги шаҳрвандӣ доштем ва омилҳои зиёди дигаре ба амният ва суботи кишвар таъсир мекунанд. Аз ҳамин сабаб нақши васоити ахбори ом дар кишвар хеле муҳим аст. Ва журналистон ва намоянагони матбуот бояд ҳамаи фаъолиятҳои худро дар доираи қонунҳои мавҷудаи миллӣ анҷом диҳанд.”

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон нагуфт, ки кай ба хабарнигорону кормандони фаннии Радиои Озодӣ парвонаи кор дода хоҳад шуд, вале афзуд, “мо бо хабарнигорон ва намояндагони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аллакай баҳсҳо кардем ва бо онҳо бисёр ҳамкории мусбат дорем. Мо беҳтарин талошамонро барои ҳамкории беҳтари оянда бо ин радио хоҳем кард."

Дар оғози моҳи ноябри имсол президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва ду тараф вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз охирин манбаъҳои хабарии мустақил аст, ки бо гузориш додан аз воқеаҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз онҳо хабар намедиҳанд, шунаванда ва бинандаи бешумор дорад. Шабакаи Ютюби он бо тақрибан 900 000 обуначӣ ва 200 миллион биниши видеоҳояш дар як соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф аст. Сафҳаи фейсбукии он 184 000 пайрав дошта, танҳо видеоҳои он дар як сол 14 миллион бор дида шудаанд.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар пойтахти Қазоқистон

Ҳайатҳои Туркия, Эрон ва Русия рӯзи 10-уми декабр барои ширкат дар гуфтугӯҳои сеҷонибаи сулҳи Сурия вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд.

Ин гуфтугӯҳо, ки ба ҳалли ҷанги ҳаштсолаи Сурия бахшида шудааст, таҳияи конститутсияи баъдиҷангӣ, нақшаи гузариши сиёсӣ, амният ва баргардонидани фирориёнро дар бар мегирад.

Нишасти охири шаҳри Нурсултон 14-умин даври гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Қазқоистон аст. Нахустин нишасти мазкур моҳи январи соли 2017 дар Туркия баргузор шуда буд.

Санат Кушкумбоев, муовини мудири Институти таҳқиқотҳои стратегии Қазоқистон пештар аз ин гуфта буд, ки дар мулоқот "масоили техникӣ дар шимоли Сурия, дар минтақаи Идлиб ва дар соҳили Фурот" баҳс мешавад. "Гап дар бораи густариши созишномаҳои пешин меравад. Ин минтақаҳои ҳассосеро дар бар мегирад, ки боқимондаҳои "Давлати исломӣ", туркҳову курдҳо онҷо ҳузур доранд", - афзуд вай.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Нурсултон имрӯз низ давом мекунанд.

Таркиш дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми декабр ду мошини пур аз маводи тарканда дар назди пойгоҳи Багром -- бузургтарин пойгоҳи низомиёни ИМА дар Афғонистон, мунфаҷир шуд, ки боиси маҷрӯҳ гардидани ҳади ақал 5 нафар шуд.

Раиси ноҳияи Багром, Ҳоҷӣ Абдулшукур Қуддусӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки мошинҳо дар деҳаи Ҷон Қадам, воқеъ дар канори пойгоҳи Багром таркидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи таркиш як постгоҳи амниятӣ тахриб шуд ва баъд аз он ҷангҷӯён тавассути девори шикаста ба постгоҳ ворид гардида, бо нерӯҳои давлатӣ бархӯрд намуданд.

Намояндаи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон мегӯяд, ҳамла ба як иншооти тиббӣ осеб расонидааст, ки барои муоинаи мардуми афғони сокини ноҳияи Багром сохта шудааст. Ин сухангӯ афзудааст, ки ҳамла ба зудӣ хунсо шуд, вале иншооти тиббӣ зарар дид.

Дар ҳамин ҳол, генерал Маҳфуз Вализода, раиси пулиси вилояти шимолии Парвон гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла, як корвони низомии ИМА будааст. То ба ҳол касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта нерӯҳои ИМА ва НАТО дар минтақаи Багром борҳо мавриди ҳамла қарор гирифта буданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Зани тоҷик аз ширкати эронӣ нафақаи шавҳари фавтидаашро талаб дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG