Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумораи қурбониёни садамаи автобус дар Қазоқистон


Шумори қурбониёне, ки дар натиҷаи садамаи як автобус дар Қазоқистон ба ҳалокат расиданд, ба ҳашт нафар расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфт, яке аз захмиёни дигар дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Пештар Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфта буд, ки дирӯз бар асари як садама 7 мусофири як автобус ба ҳалокат расиданд. Дар автобус аснои ҳаракат аз 35 то 50 мусофир ҳузур доштаанд, ки 25 нафари онҳо маҷрӯҳ шудаанд. Дар бораи ҳувияти мусофирон иттилоъ дастрас нест. Амалиёти кӯмак ба зарардидагон ҷараён дорад. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ ёфтааст.

2 декабр як автобуси дигари ҳомили даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек дар Қазоқистон ба садама дучор шуд. Ҳодиса дар самти Самара-Чимкент рух дод. Автобус ба мошини боркаш бархӯрд. Ҳини ҳодиса 74 муҳоҷири тоҷику узбек дар дохили мусофирбар қарор доштанд. Хушбахтона садама талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо пойҳои шикаста ба бемористон интиқол додаанд.

Тибқи фарзияи пешакӣ садама бо айби ронандаи автобус сар задаст, зеро бо суръати баланд ҳаркат доштааст. Қазоқистон бар пояи маълумоти Иттиҳоди Аврупо дар байни 5 кишваре қарор дорад, ки дар он беш аз ҳама садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG