Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Чин


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-22) дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019” аз дастаи мизбон - мунтахаби олимпии Чин бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 8-уми декабр дар варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre»-и шаҳри Жуҳай бо ҳузури беш аз 5600 тамошобин баргузор шуд. Голи ягонаи мунтахаби олимпии Тоҷикистонро ҳамлагар Шериддин Бобоев ба самар расонид.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа мунтахаби олимпии Сурия (U-22) бар мунтахаби олимпии Малӣ (U-22) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Баъди натиҷагирии даври аввали мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои мунтахаби олимпии Чин (U-22) ва Сурия (U-22) бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) ва Малӣ (U-22) бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум мебошанд.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) дар даври дувуми мусобиқа 11-уми декабр бо мунтахаби Малӣ ва дар даври севум 14-уми декабр бо мунтахаби Сурия рақобат мекунад.

Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, 22 бозигар – 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷон Раҳимов, Саидмухтор Азимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков (ҳама аз «Кӯктош»), Ҳоҷибой Зиёев («Истаравшан»), Парвизҷон Алиев («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Локомотив-Помир»), Шарафҷон Солеҳов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

Даври 1-ум

Чин (U-22) – Тоҷикистон (U-22) – 2:1

Голҳо: Жанг Линфенг, 55 (1:0). Шериддин Бобоев, 61 (1:1). Тиан Ксин, 90+1 (2:1).

Тоҷикистон (U-22): Шоҳрух Қирғизбоев, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (Отабек Каримов, 77), Кароматулло Саидов (Мунир Давлатбеков, 62), Ислом Зоиров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҳамадонӣ Камолов, 70), Шарафҷон Солеҳов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Шериддин Бобоев (Тоҳир Малодӯстов, 77), Шаҳром Самиев (Диловаршо Ғаниев, 62).

8-уми декабр. Жуҳай. Варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre». 5677 тамошобин.

Сурия (U-22) – Малӣ (U-22) – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Чин (U-22)

1

1

0

0

2-1

3

2

Сурия (U-22)

1

1

0

0

1-0

3

3

Тоҷикистон (U-22)

1

0

0

1

1-2

0

4

Малӣ (U-22)

1

0

0

1

0-1

0


Даври 2-юм

11-уми декабр (чоршанбе)
12:00. Малӣ – Тоҷикистон
16:35. Сурия – Чин

Даври 3-юм
14-уми декабр (шанбе)

12:00. Тоҷикистон – Сурия
16:35. Чин – Малӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG