Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон, Ветнам ва Умон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё


Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал 6-уми декабр дар меҳмонхонаи «Олимпия»-и Ишқобод доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуд.

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон ба гурӯҳи “А” дохил аст.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Деян Дедовичи сербиягӣ аввалин бозиашро 26-уми феврал муқобили мнтахаби Ветнам баргузор мекунад. Баъдан 28-уми феврал бо мнтахаби Туркманистон вориди рақобат мешавад. Бозии даври охирини сабқати гурӯҳиро мунтахаби Тоҷикистон 1-уми март бо мунтахаби Умон анҷом медиҳад.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба чорякфинал мебароянд. Дар мавриди ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кардани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон ё Кувайт мешавад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешавад.

Натоиҷи қуръакашии қаҳрамонии ҷаҳон-2020 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Туркманистон, Ветнам, Тоҷикистон, Умон.

Гурӯҳи «B»: Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт.

Гурӯҳи «C»: Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А", ки моҳи октябри имсол дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор шуд, бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ду бозӣ мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6:0 ва мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 3:9 мағлуб шуда буд.

Баъди натиҷагирии мусобиқа дар гурӯҳи “А” мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Ба ин тартиб, аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳхат гирифтанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 чунин буд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG