Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Путин ва Зеленский барои оташбас ва табодули зиндониён


Президентҳои Русия ва Украина пас аз мулоқоте, ки соатҳо давом кард ва раҳбарони Олмон ва Фаронса низ дар он ҳузур доштанд, созиш карданд, ки то поёни соли ҷорӣ "ба таври комил ва фарогир" оташбас барқарор кунанд.

Музокироти Владимир Путин, Володимир Зеленский, Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон, раҳбарони Русия, Украина, Олмон ва Фаронса, ки рӯзи 9-уми декабр дар Порис баргузор шуд, 8-9 соат давом кард.

Ин музокирот бо ҳадафи поён додан ба даргирӣ байни нерӯҳои украинӣ ва ниманизомиёни мавриди ҳимояти Русия дар Донбасс ва поён додан ба даргириҳо дар шарқи Украина, баргузор шуд. Раҳбарони ду кишвар айни ҳол бар сари мубодилаи зиндониён то охири соли 2019 ба тавофуқ расиданд.

Бино бар баёнияи нашршуда пас аз музокирот, тарафҳо ӯҳдадор шуданд то пеш аз поёни соли 2019, оташбаси комил ва фарогир барқарор созанд.

Тибқи ин баёния, се минтақаи дигар низ барои қатъи даргириҳо ва хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ ва таҷҳизоти низомӣ то моҳи марти соли 2020, муайяг шудааст. Пеш аз оғози музокирот дар Порис низ нерӯҳои украинӣ ва ниманизомиёни мавриди ҳимояти Русия аз се нуқта дар хатти марзии шарқи Украина хориҷ шуда буданд.

Раҳбарони Русия ва Украина бидуни онки ба якдигар нигоҳ кунанд ва бидуни онки дар баробари наворбардорон ва хабарнигорон бо якдигар даст диҳанд, вориди толори нишаст шуда буданд. Пас аз он Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти хабарӣ дар Порис гуфтааст, "бале, метавон аз гарм шудани робитаҳо сухан гуфт."

Володимир Зеленский ҳамтои украинии ӯ низ дар ҳамон нишасти хабарӣ аз ин мулоқот ибрози хурсандӣ кардааст. Ин нахустин дидори рӯ дар рӯ байни Зеленский, раиси ҷумҳури нави Украина ва Владимир Путин буд.

Бо вуҷуди созишҳои ба дастомада, аммо ду тараф натавонистанд роҷеъ ба бархе ихтилофҳои асосӣ роҳҳалле пайдо кунанд. Аз ҷумла, роҷеъ ба таъйин замон барои баргузории интихобот дар шарқи Украина ё марзбандии минтақаҳое, ки аз назорати Киев хориҷ шуда буд. Бо ин ҳол, тарафҳо дар мавриди пок кардани минтақаҳои мавриди низоъ аз минаҳо ба тавофуқ расидаанд.

Оқои Зеленский низ аз инки гомҳои хеле кӯчаке барои поён додан ба бӯҳрон дар Донбасс бардошта шуд, ибрози таассуф кардааст. Ҳамчунин раҳбарони чаҳор кишвар дар Порис созиш кардаанд, ки дар ҳамин қолаб, тайи чаҳор моҳи оянда дигарбора мулоқот хоҳанд кард.

Пас аз ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ба қаламраваш дар соли 2014, бахшҳое калоне аз минтақаҳои Луганск ва Донетск дар шарқи Украина ба назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия даромад. Ҷангҳо замоне оғоз шуд, ки нерӯҳои давлатии Украина талош карданд минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабонро пас бигиранд. Ҷанг дар шарқи Украина шаш сол аст идома дорад ва беш аз 13 ҳазор нафар кушта ва 40 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG