Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи куштори дастҷамъии мусалмонони Роҳинҷа дар Додгоҳи Гаага


Қарор аст рӯзи сешанбеи 10-уми декабр Додгоҳи байналмилалии Гаага ба баррасии шикоят аз ҳукумати Мянмар (Бирма) ба хотири наслкушии мусалмонони Роҳинҷа, оғоз кунад. Аунг Сан Сучи, ки раҳбари ҳукумати Мянмар мебошад, низ ба Гаага рафтааст ва интизор меравад дар ин додгоҳ аз кишвараш ҳимоят кунад.

Артиши Мянмар ва афроди зери ҳимояти он ба ҳамла ба деҳаҳои мусалмонони ақалияти Роҳинҷа ва куштан, вайрон кардани дороиҳо ва овора намудани чанд сад ҳазор тан аз онҳо, муттаҳам мебошад.

Кишвари африқоии Гамбия дар робита ба куштори мусалмонон дар соли 2017 ба ин додгоҳ шикоят карда, Мянмарро ба нақзи ӯҳдадориҳояш муттаҳам намудааст. Ин савумин парвандае аст, ки аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ то ба ҳол дар робита ба наслкушӣ баррасӣ мешавад.

Интизор меравад давоми се рӯз, Аунг Сан Сучи, барандаи Ҷоизаи Нобел тамоми иттиҳомот алайҳи кишварашро рад кунад ва истидлол намояд, ки амалиёти низомӣ як амри қонунӣ буд ва артиши он кишвар танҳо гурӯҳе аз ниманизомиёни Роҳинҷаро ҳадаф қарор дода буд.

Ҳукумати Гамбия аз додгоҳ хостори судури ҳукми фаврии поён додан ба озор ва азияти мусалмонони Роҳинҷа ва расидагӣ ба бархӯрди пешинаи ҳукумати Мянмар бо онҳо шудааст. Гамбия истидлол мекунад, ки нерӯҳои Мянмар аз августи соли 2017 амалиёти поксозиро роҳандозӣ карданд, ки ба наслкушӣ анҷомид.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ин дархости Гамбия, Мянмарро ба аъмоли наслкушӣ, ки қасди аз байн бурдани Роҳинҷа ҳамчун як гурӯҳ аз тариқи куштори дастҷамъӣ, таҷовузи ҷинсӣ ва шаклҳои дигари хушунати ҷинсӣ, ҳамчунин оташ задани деҳаҳоро дошт, муттаҳам мекунад.

Беш аз 730 ҳазор тан аз мусалмонони Роҳинҷа пас аз амалиёти низоми нерӯҳои артиши Мянвар маҷбур ба тарки кишвар шуданд ва марзи Бангладешро убур карданд.

Ҳасина Бегими 22-сола аз ҷумлаи он заноне аст, ки аз сӯи сарбозони мянмарӣ мавриди таҷовуз қарор гирифт. Ин сарбозон ҳамчунин деҳаи онҳоро ба оташ кашиданд. "Онҳо ин корро дар ҳаққи ман, наздикон ва дӯстони ман раво диданд. Ман метавонам инро рӯ ба рӯ ба онҳо бигӯям, ба чашмонашон нигоҳ кунам, ба хотири онки ман дурӯғ намегӯям",-гуфтааст Ҳасина ба хабаргузории "Рейтерз".

Рӯзи душанбе ӯ аз урдугоҳе дар Бангладеш ҳамроҳ бо ду тани дигар аз қурбониёни ин ҳодиса ва як тарҷумон ба Гаага расид. "Ман эҳсоси хубе дорам”,-гуфт Ҳасина аз маҳали зисти худ дар як меҳмонхона дар остонаи баррасии ин қазия. "Низомиёни Мянмар бисёре аз занони моро таҷовуз намуданд. Мо бо кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ адолат мехоҳем",-афзуд ва

Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки ин маърака бо "ҳадафи наслкушӣ" иҷро шудааст. Аммо Амрико онро "поксози қавмӣ" номида, алайҳи бархе аз раҳбарони низомии Мянмар таҳримҳо ҷорӣ намудааст.

Додгоҳи Гаага, ки ба унвони додгоҳи ҷаҳонӣ низ шинохта мешавад, ҳеҷ қудрати иҷроӣ надорад, аммо ҳукми он ниҳоӣ аст ва вазни қонунии қобили таваҷҷуҳе дорад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG