Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи амнияти Қирғизистон ба журналистони таҳқиқгар кафолати таъмини бехатариашонро дод


Дар робита ба парвандаи қатли тоҷири чинӣ Айеркен Саймаитӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Айбек Қамчибеков ва Марлиса Осмонбекова, собиқ афсарони марзбониро барои бозпурсӣ даъват кардааст.

Онҳо то соли 2018 дар гузаргоҳи марзии фурудгоҳи «Манас» кор мекарданд.

Ҳамзамон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ намояндагони расонаҳоро ба сӯҳбат даъват кардааст. Кумита эълон кард, ки кафолати бехатарии рӯзномнигорон ва наздикони онҳоро дар Қирғизистон медиҳад.

Дар бораи кафолати бехатарии марзбонон Кумитаи амният чизе нагуфтааст.

Дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қайд карданд, ки барои додани баёнот ҳама тарафҳое, ки дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ номашон зикр шудааст, даъват мекунанд.

Қаблан, кафолати амнияти рӯзноманигоронро худи президент Ҷеенбеков дода буд.

Яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқот – тоҷири уйғур аз Чин Айеркен Саймаитии 37-сола – рӯзи 10-уми ноябри имсол дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд.

Вай пештар дар бораи фасоди густарда дар Хадамоти гумруки Қирғизистон далелҳои зиёдро дар ихтиёри хабарнигорон гузошта, мақоми пешини ин идора Раҳимбек Матраимов ва як шабакаи соҳибкорони уйғурро барои бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишвар ворид кардани мол, ба даст овардани миллионҳо доллар ва гурез аз андоз муттаҳам карда буд.

XS
SM
MD
LG