Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар Қазон доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аз 20-ум то 27-уми августи соли 2020 дар Қазон пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия доир мегардад. Дар ин бора сомонаи навгониҳои Беларус ва ҷаҳон (024.by) хабар додааст.

Дар Бозиҳо дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина иштирок хоҳанд кард.

Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар Бозиҳо дигар кишварҳоро даъват намояд, ки доираи мусобиқотро васеъ хоҳанд кард. Интизор меравад, ки Қазон беш аз 2000 варзишгар ва 600 шахси расмиро қабул намояд.

Ба барномаи мусобиқот чунин намудҳои варзиш, монанди ҷудо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3x3) дохиланд.

Мусобиқот оид ба 19 намуди варзиш дар 11 иншооти пойтахти Тотористон, монанди Қасри намудҳои варзиши обӣ, Қасри якҳарбаи «Ак Барс», Маркази намудҳои варзиши соҳилӣ, Маҷмааи варзишии «Мирас», Маркази бокс ва тенниси рӯимизӣ, Қасри варзиш ва Варзишгоҳи марказӣ доир мегардад.

Қазон яке аз шаҳрҳои дар соҳаи варзиш рушдкардаи Русия, инчунин яке аз пешсафон оид ба теъдоди пирӯзиҳо дар намудҳои мухталифи варзиш ба шумор меравад.

Бозиҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар ду сол як бор баргузор мешаванд. Дар доираи мусобиқот ҳамоиши «ИДМ – марзи варзиш» доир мегардад.

XS
SM
MD
LG