Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар лигаи олии футболи Тоҷикистон соли 2020 даҳ даста иштирок мекунад


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 бо ширкати даҳ даста баргузор мешавад. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки 18-уми декабр доир гардид, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, кумитаи иҷроияи ФФТ афзун намудани теъдоди дастаҳоро дар мусобиқаи лигаи олӣ иҷозат дод. Се мавсими гузашта дар лигаи олӣ ҳашт даста иштирок мекард. Ҳамакнун дар мавсими соли 2020 теъдоди дастаҳо ба даҳто мерасад.

Ба ҳафт дастаи лигаи олӣ се дастаи лигаи аввал мепайвандад. Дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар мавсими имсола дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол кард, ба лигаи аввал мегузарад.

Чаҳор даста – “Локомотив-Помир”-и Душанбе, “Файзканд”-и Восеъ, “Душанбе-83”-и Душанбе ва “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд - имкон доранд, ки дар лигаи олӣ бозӣ кунанд. Вале ба се дастае иҷоза дода мешавад, ки шарту шароити литсензионии Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиёро иҷро менамоянд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 охири моҳи март шуруъ шуда, дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.

Кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифт дастаҳое, ки дар мусобиқаи соли ояндаи лигаи олӣ ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.

Аъзои кумитаи иҷроияи ФФТ, ҳамчунин, лоиҳаи Маркази техникии Федератсияи футболи кишварро, ки сохтмонаш соли оянда дар минтақаи Варзоб оғоз меёбад, тасдиқ карданд. Ин марказ ҳамчун базаи тамринӣ барои дастаҳои мунтахаби ҳамаи синну соли кишвар бунёд ёфта, аз меҳмонхона, маркази тиббию тавонбахшӣ, майдонҳо барои тамрин, толор ва ғайра иборат хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG