Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд-2020" дар Минск


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии наврасон “Ҷоми рушд-2020”, ки рӯзҳои 19-25-уми январ дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск - баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар толори футболи Минск бо ширкати ҳашт дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2003 доир мегардад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бори шонздаҳум сурат мегирад, дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Исландия (19-уми январ), Исроил (21-уми январ) ва Гурҷистон (23-юми январ) рақобат мекунад. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус, Белгия, Финляндия ва Узбекистон дохиланд.

Тибқи низомнома дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷойи дувумро мегиранд, барои медали биринҷӣ талош меварзанд. Ҳамчунин бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум доир мегарданд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иштирок дар мусобиқаи байналмилалии наврасон “Ҷоми рушд-2020” дар Минск барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми рушд-2020»

Гурӯҳи «А»: Беларус, Белгия, Финляндия, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Исроил, Гурҷистон, Исландия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум
19-уми январ (якшанбе)


13:00 – Исроил – Гурҷистон
14:10 – Белгия – Финляндия
17:20 – Исландия – Тоҷикистон
20:00 – Беларус – Узбекистон

Даври 2-юм
21-уми январ (сешанбе)


14:00 – Исроил – Тоҷикистон
16:10 – Гурҷистон – Исландия
18:20 – Белгия – Узбекистон
20:30 – Финляндия – Беларус

Даври 3-юм
23-юми январ (панҷшанбе)


14:00 – Тоҷикистон – Гурҷистон
16:10 – Исландия – Исроил
18:20 – Узбекистон – Финляндия
20:30 – Беларус – Белгия

25-уми январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷойи 7-ум


12:00 – 4 «А» – 4 «В»

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

14:15 – 3 «А» – 3 «В»

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

16:30 – 2 «А» – 2 «В»

Финал

18:45 – 1 «А» – 1 «В»

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG